Шуъбаи табъу нашр

Телефон барои маълумот

Мусаллам аст, ки чопи маводи таълимӣ ва асарҳои илмӣ, дар воқеъ, яке аз самтҳои муҳими кору фаъолияти раёсати донишгоҳ ба шумор меравад. Ба ин хотир, Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” раванди табъу нашри асарҳоро аз оғози фаъолияташ то имрӯз мунтазам идома медиҳад, вале баробари дар донишгоҳ ба фаъолият оғоз намудани Шўрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, аз моҳи сентябри соли 2017 сар карда, дар назди Раёсати илм ва инноватсия шуъбаи табъу нашр расман таъсис дода шуд.

Фаъолияти табъу нашрии ҷомеаи донишгоҳ низ бар мабнои қарору пешниҳодҳои Шӯрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-тадқиқотӣ амалӣ мегардад. Имрӯз тавассути ин Шӯро беш аз 90 номгӯи китобу дастурҳои таълимӣ ва асарҳои илмӣ баррасӣ гардида, дар ҳар ҷаласаи навбатӣ ва ғайринавбатии он бо пешниҳоди шуъбаи табъу нашри донишгоҳ аз 4 то 9 номгӯи китобҳо мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор мегиранд. Танҳо баъди иҷозати шӯро ва дарёфти нусхаи қарори Шӯрои илмӣ-методӣ муаллифи китоби пешниҳодшуда, метавонад соҳиби иҷозати чоп гардад.

Айни ҳол, дар шуъбаи табъу нашри донишгоҳ ду нафар, Ҳамробоев Насимҷон Абдуллоҷонович, номзади илмҳои филология, дотсент, ба ҳайси мудири шуъба ва Каримов Фаррухҷон Исломович ҳамчун сармутахассиси шуъба иҷрои вазифа дошта, пеш аз ҳама, тибқи стандартҳои давлатӣ ва меъёрҳои нашри асарҳои илмӣ ва мувофиқи талаботи қоидаҳои амалкунандаи забони тоҷикӣ раванди таълиф ва тадвини корҳои табъу нашрии устодон ва кормандони донишгоҳро назорат ва мавриди таҳриру таҳия қарор медиҳанд.

Баробари таъсисёбии шуъба кормандони он барои муйян намудани самти афзалиятноки кор ва меъёрҳои ҷавобгӯ ба нашри асар, дар асоси омӯзиши таҷрибаи донишгоҳҳоидигари ҷумҳурӣ , аввалан “Низомнома”-и шуъбаи табъу нашр ва сониян дар асоси пешниҳоди кафедраҳои факултет “Нақшаи осори нашршавандаи устодони донишгоҳ барои соли 2018”-ро таҳия ва тавассути Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ намуд. Мувофиқи дархости факултетҳо, ба унвони шуъба номгӯи беш аз 260 китобу дастурҳои таълимӣ ва осори илмӣ, маҷӯмаи мақолот, таҳия ва тадвини сарчашмаҳо ва васоити дигари таълимӣ-методӣ пешниҳод гардиданд, ки то имрӯз аз миқдори умумӣ 56,1% -и маводи нақшавӣ,яъне аз 151 маводи мукаммали ба шуъбаи табъу нашр пешниҳод гардида, танҳо дар соли 2018 – 60,5% -и он, яъне 92 номгӯи он аз чоп баромадааст.

Натиҷаи фаъолияти табъу нашрии донишгоҳ аз моҳи январи соли 2018 то 10 ноябри соли 2018-ро метавон тавассути ҷадвали зерин мушоҳида намуд.

Навъи асарҳо

Аз моҳи январи соли 2018 (17.11.2018)

1

Китоби дарсӣ

17

2

Монография

17

3

Маҷмўаҳо

28

4

КТМ/ Дастури таълимӣ-методӣ

26

5

Таҳия / ҷамъоварӣ ва ғайра

4

6

ҲАМАГӢ:

92

Мақолаҳои КОА

329

Дар умум, кормандони шуъба дар соли 2018 беш аз 135 номгӯи китобу дас­турҳои таълимиву-методӣ, монографияву маҷмӯаҳои даста­ҷамъӣ ва асарҳои илмиро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, маводи мазкурро бо замимаи маълумотномаи коршиносон, яъне бо ишораи камбудиҳо, нуқсонҳо ё бо таъкиди он ки асар ба меъёрҳои табъу нашрмувофиқ аст ё нест ба муаллифон баргардониданд. Афзун бар ин, айни ҳол қариб 20 асар, бахше дар марҳилаи ниҳоии банду баст қарор дорад ва бахше дар навбати чоп аст.

Соли 2018 раёсати донишгоҳ тасмим гирифт, ки ҳарчи бештар китобҳои дарсии устодони донишгоњро бо тавсияи Мушовараи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ба табъ расонад. Барои ба ин мақсад расидан, бо ташаббус ва пешниҳоди ректори донишгоњ барои ҳавасмандгардонии муаллифони китобҳои дарсӣ, дар асоси қарори Шӯрои олимони донишгоҳ фармоиши ректор, таҳти рақами 411 аз 21.06.2018 ба тасвиб расид. Тибқи фармоиши мазкур муаллифоне, кикитобҳои дарсиашон бо тавсияи Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мегардад, бо мукофотпулии якдафъина дар ҳаҷми 1500 сомонӣ ва муаллифоне, кикитобҳои дарсиашон бо тавсияи Шӯрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ чоп мешавад, бо мукофотпулии якдафъина, дар ҳаҷми 800 сомонӣ қадршиносӣ мешаванд. То имрӯз дар асоси фармоиши мазкур 6 нафар устодон соҳиби мукофотпулӣ гардиданд.

Гузашта аз ин, дар асоси қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ва фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров муаллифони монографияҳои илмӣ бо мукофтпулии якдафъина, дар ҳаҷми 1500 сомонӣ ва муаллифони мақолаҳои илмие, ки дар маҷаллаҳои дар КОА Федератсияи Русия номнависшудаанд аз 300 то 600 сомонӣ қардшиносӣ мегарданд, ки то имрӯз барои монография 7 нафар мукофотпулӣ гирифтанд ва беш аз 80 нафар барои мақолаҳои илмӣ соҳиби мукофотпулӣ гардидаанд.

Омилҳои фавқуззикр сабаб гардиданд, ки раванди таълифи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ, монографияҳои илмӣ, мақолаҳои илмӣ, умуман фаъолияти табъу нашрии донишгоҳ куллан тағйир ёбад ва ҳадаф аз овардани ин маълумот низ баёни ин матлаб буд.

Дар баробари ин тамоюли зиёдшавии раванди таълифи китобу дастурҳои таълимӣ ва асарҳои илмиро метавон аз маълумотномаҳои омории “Китобхонаи марказии Донишгоҳидавлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”пайдо намуд.

Мувофиқи ин маълумот дар соли 2011 -15 номгӯ, дар соли 2012 -11 номгӯ, дар соли 2013 -11 номгӯ, дар соли2014 – 27 номгӯ, дар соли 2015 – 25 номгӯ, дар соли 2016 – 26 номгӯ, дар соли 2017 - 32 номгӯ ва дар соли 2018 – 92 номгӯи китобу дастурҳои таълимӣ ва осори илмӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ таълиф ва чоп гардида, ба китобхонаи марказии донишгоҳ ворид шудаанд.

Мувофиқи ин омор, яъне аз соли 2011 то 10.11.2018 маводҳое, ки танҳо аз ҷониби устодони донишгоҳ чоп шуда, ба китобхонаи марказии донишгоҳ ворид шудаанд, 235 номгӯи китобҳои таълимӣ ва асарҳои илмиро ташкил медиҳанд, ки аз он 105 номгӯи китобҳо танҳо солҳои 2017-2018 аз чоп баромадаанд.

Ҷои таъкид аст, ки ин маълумот аз Китобхонаи марказии донишгоҳ ба мо дастрас гардида, дар он танҳо миқдори китобҳои ба китобхонаи марказӣворидгардидаи устодони донишгоҳ ба назар гирифта шудааст. Албатта, асарҳои нашршуда дар баъзе солҳои тақвимӣ шояд аз ин нишондиҳандаҳо зиёд бошанд, вале он асарҳо, мутаассифона, ба китобхона ворид нашудаанд. Ҳарчанд маълумоти овардашуда моро аз як тараф аз раванди таълифи асарҳо ва муайян намудани тамоюли зиёдшавии таълифоти устодон хабар диҳад, аз ҷониби дигар моро аз камбудии ҷиддӣ, яъне ба китобхона манзур накардани китобҳои чопшудаи устодон огоҳ мекунад. Зеро ба ҳама маълум аст, ки аслан ҷои китоб дар китобхона аст ва китобхона аст, ки бе миннат солҳои зиёд навиштаҳо дар худ маҳфуз медорад.

Аз ҷадвали осори нашршуда соли ҷорӣ равшан мегардад, ки аз оғози соли 2018 то имрўз ба ғайр аз дастурҳои таълимӣ ва маводи дигари илмӣ, 10 номгӯи китобҳои дарсї танҳо бо тавсияи ќарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон нашр гардида, 6 номгӯи дигар ба Шӯрои илмӣ-методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ислоҳи камбудиҳо пешниҳодгардидааст, ки рӯзҳои наздик иҷозати чопи он дастрас мегардад.

Соли 2018 Феҳриствора танҳо ба хотири роҳнамоӣ ва иттилоърасонии устодону донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун таҳия шуда, дар он акси китоб, чакидае аз муҳтавои асар (аннотатсия), маълумотнома перомуни ҷузъи чопии асар, теъдоди чоп ва андозаву шакли китоб баён гаштааст, ки нашри минбаъдаи он идома хоњад ёфт.

Дар феҳриствораи мазкур оид ба 92 асар маълумот дода шуда, таснифоти он мувофиқи муҳтаво ва сохтори китобҳо амалӣ гаштааст, яъне дар аввал феҳристимаҷмӯаи мақолоти дар ҳошияи конференсияву ҷашнҳо мураттабгашта, дуюм маълумоти китобҳои дарсӣ, сеюм дастурҳои таълимӣ, комплексҳои таълимӣ-методӣ, васоити дигари таълимӣ ва чаҳорум монографияҳои илмӣ оварда шудаанд. Илова бар ин, аввал фиҳристи китобҳое, ки тавассути матбааи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, яъне “Нури маърифат” интишор гаштаанд оварда шуда, сониян маълумоти китобҳои аз ҷониби чопхонаҳои дигар чопшуда мулҳақ гаштаанд.