ИНСТИТУТИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ ИЛМҲОИ ПЕДАГОГӢ

Телефон барои маълумот

  • 92-771-78-70
    Телефон
  • Бинои таълимии №2, ошёнаи 5.

Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогии назди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” моҳи январи соли 2019 таъсис ёфтааст. Ҳадафи фаъолияти он ташкил ва ҳамоҳангсозии тадқиқоти ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарини илмҳои педагогӣ нигаронида, ки ба инкишофи бомуваффақияти маориф ва соҳаи иҷтимоиёт мусоидат мекунанд, иборат мебошад.

Инчунин дар фаъолияти худ ҳадафҳои зеринро пайгирӣ менамояд:

а) мусоидат кардан ба рушди илмҳои педагогӣ, аз он ҷумла, ба сифати самти афзалиятноки фаъолият амалӣ намудани тадқиқоти масъалаҳои рушди таҳсилоти касбии педагогӣ ва педагогии омузгорони оянда;

б) таҳкими робитаҳои байни илм ва амалияи таҳсилот, мусоидат кардан ба фаъолияти маърифатӣ ва ислоҳоти инноватсионии таҳсилоти донишҷўён;

в) баланд бардоштани эътибори ҷамъиятии фаъолияти илмӣ ва педагогӣ, мақом ва сатҳи ҳифзи иҷтимоии кормандони илм ва маориф.

Вазифаҳои асосии фаъолияти Институт:

Иштирок дар ҳамоҳангсозии тадқиқоти масъалаҳои педагогика ва илмҳои дигар, ки бо рушди таҳсилот ва омода кардани педагогҳои оянда ва мутахассисон алоқаманд мебошанд;

Омўзиш ва таҳлили дастовардҳои илми педагогӣ ва истифодаи онҳо ба хотири манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъбаст ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами рушди таҳсилот ва маҷмўи илмҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ва хориҷа дар дохили донишгоҳ;

Коркард ва истифодаи технологияҳои нави таҳсилот, воситаҳо ва шаклҳои ба роҳ мондани таълиму тарбияи донишҷўён ва хонандагон;

Иштирок дар коркард ва таъминоти илмии сиёсати давлат дар маориф, самтҳои стратегӣ, ҳадафҳо ва барномаҳои рушди таҳсилоти донишҷўён;

Дарёфт ва дастгирии муҳаққиқони боистеъдод, мусоидат ба инкишофи эҷодии ҷавонони муҳаққиқ;

Рушди якҷояшавии илмҳои академӣ ва донишгоҳӣ, таъминоти илмию методии низоми омода кардан ва такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ ва идоракунандаи низоми маориф;

Таҳкими робитаҳои илмӣ ва ҳамкорӣ бо Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажўҳишгоҳи рушди маориф, ҷамъиятҳои илмӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва дигар ташкилотҳо, ки бо тадқиқоти фундаменталӣ (бунёдӣ) ва амалӣ машѓуланд;

Иштирок дар тарҳрезӣ, апробатсия ва озмоиши инноватсияҳои таҳсилот;

Ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоракунии маҳаллӣ дар коркард ва татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф;

Ташкили ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи маориф.

Инчунин дар назди Институт маҳфили илмии «Камолоти инсон» (роҳбар- профессор Шаропов Ш.А.) ва семинари таълимӣ-методии «Усулҳои фаъоли таълим ва таҷрибаи пешқадами педагогӣ» (роҳбар-дотсент Бойматов А.) фаъолият мебаранд.