Радиостудияи "Фурӯғ"

Телефон барои маълумот

Дар назди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соли 2005 радиостудияи “Садои донишҷӯ” таъсис дода шуд, ки донишҷӯёни шуъбаи журналистика ва назарияи тарҷума маводи радиоӣ омода менамуданд, ки дар факултети филологияи тоҷик пахш мегардид. Аз рӯзи ташкилшавии радио якчанд рӯзноманигорони ҷавон аз қабили Осим Носиров, Ҷамшеди Маъруф, Аслиддин Очилов, Замира Сатторова, Фарух Файзуллоев, Малика Саидхӯҷаева, Афсал Босолиев роҳбарии радиостудияро бар зимма доштанд. Соли 2015 аз сабаби корношоям гаштани тачҳизоти техникӣ радиостудияи мазкур аз фаъолият бозмонд.

Соли 2017 бо дархости кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума ва дастгирии ректори донишгоҳ доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. радиостудия бо номи “Фурӯғ” аз нав барқарор карда шуд. Дар студияи мазкур дар баробари гузаронидани дарсҳои амалӣ, ҳамчунин барномаҳои радиоӣниз таҳия мегарданд, ки инъикоси ҳаёти илмиву фарҳангии донишгоҳро дарбар мегирад. Ҳамчунин барои фавран таъмин намудани донишҷӯён бо навигариву чорабиниҳои муҳими илмиву фарҳангӣ ва муаррифии ҷавононисоҳибистеъдод, устодони соҳибмактабу ботаҷриба, дарсҳои беҳтарини устодон, раванди низоми таҳсил дар донишгоҳ, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии вилоят хизмат мекунад. Гузоришу барномаҳои омоданамудаи донишҷӯён тариқи радиоҳои маҳаллӣ низ пахш мегардад.

Дар ин замина, моҳе ду маротиба дар радиостудия маҳфили радиоӣ гузаронида мешавад, ки мутахассисони соҳаи радио ширкат варзида, ба донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик нозукиҳои ин касбро меомӯзонанд. Эфири ҳамарӯзаи радиостудия 70 дақиқаро ташкил медиҳад, ки барномаҳои омоданамудаи донишҷӯён дар вақти танаффусҳо гузошта мешавад. Ҳамчунин зангӯлаи факултети филологияи тоҷик тариқи радиостудия ба таври автоматӣ садо медиҳад. Пас аз таъмиру таҷдиди радиостудия имрӯз донишҷӯён зиёда аз бист номгӯи барномаҳоро таҳия менамоянд, ки инҳо мебошанд:

  • Субҳи умед
  • Хандарез
  • Пайки маърифат
  • Дунёи маънӣ
  • Аҷоибот
  • Набзи донишгоҳ
  • Нигоҳи Шумо
  • Дармон
  • Якрӯзнома
  • Ҳунар
  • Донишгоҳи мо
  • Оинаи донишҷӯ
  • Инсон ва пул
  • Фактҳо аз ВАО
  • Барги сабз
  • Дунёи рангин
  • Гулафшон
  • Олами роз
  • Парвози орзу
  • Сухани рӯз
  • Чакомаҳои хаёл
  • Лючи всех
  • Техномир