Осорхонаи донишгоҳ

Телефон барои маълумот

Музей соли 1982 ташкил шудааст, дар арафаи 50-солагии Донишгоҳ (Институти давлатии педагогии ба мони С.М.Киров). Асосзгузори музей А.З.Дун ва Войченко ва то соли 2002 музей дар ихтиёри эшон буд. Аз соли 2002 то соли 2004 М.Файзуллоев мудири осорхонаро ба ўҳда доштанд. Музей аз нав соли 2002 ба муносибати 70-солаги ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳозира бинои асосӣ аз нав муҷаҳҳаз карда шуд, ки он музейи аз ҷиҳати талаботи фанни осорхонашиносӣ аз рўи мавзўъ-хронологӣ бунёд карда шуд. Дар музей зиёда аз 2500 ҳазор асарҳо ва маълумотҳои музей ҷамъ оварда шуданд. Дар давраи 70-солаги (2002) барои 15 факултетҳои донишгоҳ 15 деворнигора (стенд) ва ва шишаҷевонҳо (витрина) бунёд карда шуданд, ки аз ҳамаи маводҳо аз рўи таърихи ташхиси факултетҳо ва кафедраҳо ҷойгир карда шуданд ва инчунин барои кафедраҳои байнифакултавӣ ва раёсати Донишгоҳ низ деворнигора бахшида шуда буд.

Деворнигораи махсус бахшида ба ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мухтарам Эмомалӣ Раҳмон муҷаҳҳаз карда шудааст. Бахшида ба иштирокчиёни ҶБВ аз байни коллективи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров як деворнигора ва ду ҷевон шиша офарида шуда буд. Инчунин деворшишаҳои боқимонда дар бораи таърихи Донишгоҳ мукаммал маълумот медод.
Осорхонаи мо дар ҷашни 70-солагӣ аз тарафи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд гирифтааст ва дар китоби музей сабт шудааст.

Осорхонаи Донишгоҳ таҷдиди назар карда шуда, он санаи 16-уми марти соли 2018 дар арафаи ҷашни Наврўзи байналмилалӣ дар ошёнаи якуми бинои таълимии №1 донишгоҳ бо роҳбарии номзади илмҳои таърих, дотсент Юлдошев Рустам ба фаъолият оғоз намуд. То ин дам ба осорхонаи мазкур меҳмонони зиёд аз Ҷумҳурии бародари Ўзбекистон ташриф оварданд. Аз ҷумла, ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор Холмуродов Рустам Ибрагимович, ноибректори Донишгоҳи давлатии Андиҷон ба номи М.Бобур, д.и.т., профессор Расулов Бахтиёр бо олимони донишгоҳи мазкур М.Ҳакимова, Д.Набиева, Ф.Алимов аз Осорхона дидан намуда, ба дафтари хотиравии Осорхона фикру андешаҳои худро сабт намуданд.

Дар ин давра ба осорхона олимон ва хайати сафоратхонаи ИМА дар шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Дар ҳайати меҳмонон олимони донишгоҳи Пенслванияи ИМА, касбомўзон давлати мазкур, ки имрўзҳо дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, шомил буданд. Як гурўҳ меҳмонони хориҷӣ бо роҳбарии намояндаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон Тахмина Ниёзова ба осорхона ташриф оварда, аз он дидан намуданд. Қайд кардан зарур аст, ки имрўзҳо ба Осорхона хатмкунандагони собиқи донишгоҳ, устодон ва донишҷўёни факултетҳои донишгоҳ, ки алҳол таҳсил ва фаъолият доранд, бо шавқи беандоза оид ба таърихи 85-солаи донишгоҳ дидан намуда истодаанд.

Имрўзҳо дар Осорхона раванди ҷамъоварии маводҳо идома ёфта истодааст. Чунончӣ:

- осорхона барои тарбия намудани ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ, пайваста кўшишу талош дорад;

- маводҳо оид ба собиқадорони донишгоҳ, ки солҳои зиёд дар донишгоҳ фаъолият доштанд;

- асарҳои нави олимони донишгоҳ ба Осорхона чамъоварӣ шуда истодаанд;

- барои пешбурди кор Осорхона бо Осорхона ва Бойгонии вилоятӣ ҳамкорӣ намуда истодааст;

- осорхона нақша дорад, ки дар соли хониши нав албомҳои нав доир ба фаъолияти шуъбаи кор бо ҷавонон, шўрои занону бонувони донишгоҳ ва собиқадорони меҳнатро ташкил намояд;

- дар осорхона ҷамъоварии маводҳо дар бораи собиқ хатмкунандагоне, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он хизматҳои шоёнро анҷом доданд идома дода истодааст ва ғайраҳо.