Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Телефон барои маълумот

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров соли 1996 ташкил шудааст. Сарварии онро шодравон дотсент Ҳ.Самадов, баъдтар дотсентон С. Ҷалолов, Р.Раҳматова, доктори илмҳои филологӣ, профессор У.Ғаффорова ба ҳайси ноиб-ректорони бахши робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ ба уҳда доштанд. Аз соли 2012 инҷониб шуъба таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, дотсент А.А. Азизов фаъолият мебарад. Дар ҳайъати он мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Т.Каримов, сарнозир М. Ҳафизова ва З. Файзиева кор мекунанд. Cарнозири шуъба Ҷамшед Истамқулов баъди таҳсили солона дар магистратураи Донишгоҳи Нию Деҳли, мутобиқи барномаи сафоратхонаи Ҳиндустон, фаъолияти худро оғоз намуд.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо масъалаҳои ба роҳ мондан ва густариш додани шаклҳои гуногуни ҳамкории донишгоҳ бо марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олии кишварҳои мухталифи ҷаҳон, сафоратхонаҳо ва муассисаҳои байналмилалӣ, ҳамчунин мусоидат намудан барои таҳсил ва бақайдгирии донишҷӯёне, ки аз хориҷаи дуру наздик дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, машғул аст. Дар тӯли зиёда аз 20 соли фаъолияти шуъба донишгоҳро зиёда аз 800 нафар муҳассилу унвонҷӯ аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Афғонистон, Туркия хатм намуданд. Алҳол дар донишгоҳ зиёда аз 100 нафар донишҷӯи хориҷӣ таҳсил менамояд, ки онҳо дар чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Аз оғози таъсисёбиаш шуъба хамкориҳои донишгоҳро дар асоси шартномаҳои дуҷониба бо зиёда аз 65 донишгоҳи гуногуни хориҷи дуру наздик ба роҳ монда, барои таҳсил ва коромӯзии тақрибан 480 нафар донишҷӯю омӯзгор заминаи мусоид фароҳам овардааст. Дар натиҷаи ин хамкориҳо дастурҳои методӣ, барномаҳои нави таълимӣ ва дастурамалҳои инноватсионӣ интишор гаштанд ва донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ мақоми хоса пайдо намуд. Имрӯз ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров бо 19 донишгоҳи хориҷӣ шартнома дорад, аз ҷумла бо Донишгоҳи аграрии Пекин (Хитой), Донишгоҳи педагогии шаҳри Москва, Донишгоҳи давлитии Екатеринбург, Донишгоҳи давлатии педагогии Оренбург, Донишгоҳи давлатии педагогии Олтой (Россия), Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озорбойҷон, Донишгоҳи техникии Руминия, Донишгоҳи техникии Рига (Латвия), Донишгоҳи давлатии Ош (Ҷумҳурии Қирғизистон), Донишгоҳи давлатии Боткент (Ҷумҳурии Қирғизистон), Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Андиҷон (Ӯзбекистон), Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ, Донишгоҳи Гумболдт (Олмон), Донишгоҳи Салоников (Юнон), Маркази илмӣ-таҳқиқотии Юлих (Олмон), Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон ба номи Исҳоқ Раззоқов (Қирғизистон), Донишгоҳи Даугавпилс ва Академияи байналмилалии Латвия, Донишгоҳи Русӣ-Тоҷикӣ (Славянӣ) (Тоҷикистон) ва ғайраҳо.

Шуъба дар заминаи ҳамкориҳои тӯлонӣ бо Шуъбаи робитаҳои ҷамъиятии Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон, фонди Оғохон, Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Сафорати Федератсияи Русия, Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи М.Горкий ва Институти шарқшиносии АИ Федератсияи Русия, Сафоратхонаҳои Чин, Ҷопон, Ҳиндустон, Фаронса, Индонезия ва ташкилотҳои байналхалқии сершумор, аз ҷумла, ташкилотҳои байналхалқии “Россотрудничество”, ACCELS , IREX, DAAD, GIZ, ACTED, UNESCO, EUROASIA чорабиниҳои таҳсилотӣ, илмӣ, тадқиқотӣ ва бозомӯзии омӯзгоронро баргузор намудааст. Бояд кайд намуд, ки донишгоҳ аз соли 2013 аъзои Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзиши ҷомеаи форсизабон гардидааст, ки бо дастгирии фонди ташкилоти мазкур якчанд олими факултаи таърих асарҳои илмии худро чоп намуданд. Омӯзгорон ва донишҷўёни мо ҳамасола дар озмунҳои сафоратхонаҳои Хитой ва Ҳиндустон иштирок намуда, соҳиби роҳхат барои таҳсил ва коромӯзӣ дар донишгоҳҳои гуногуни ин кишварҳо мегарданд. Инчунин дар ҳамкорӣ бо маркази Конфутсий, Сафоратхонаи Чин дар Тоҷикистон ва дастгирии Вазорати маориф ва илми ҶТ шуъбаи омӯзиши забони чинӣ таъсис дода шудааст, ки дар он мутахссисони чинӣ барои муҳассилини тоҷик сабақ меомӯзонанд. Яке аз рӯйдодҳои муҳими соли 2017 барқарор намудани ҳамкориҳо бо Сафоратхонаи Фаронса дар шаҳри Душанбе ба шумор меравад, ки дар заминаи он як гӯшаи махсуси омӯзиши забони фаронсавӣ дар факултети забонҳои хориҷӣ таъсис дода шуд, ки он барои густариши равобити таҳсилоти илмӣ-тадқиқотӣ ва фарҳангӣ бо донишгоҳҳои ин кишвари Аврупо мусоидат менамояд. Дар панҷ соли охир ба донишгоҳамон сафирони кишварҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия, Фаронса, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷопон ташриф оварда, кумаки моддиву маънавӣ расонида, барои такмил ва инкишофи муносибатҳо бо донишгоҳҳои ин кишварҳои азим замина гузошта шуд. Дар заминаи ҳамкорӣ бо Сафоратхонаи Белорусия шуъба бо Донишгоҳи давлатии ин кишвар равобити мустаҳками донишгоҳро барқарор намуда, барои тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯй ба талаботи замон шартномаи дуҷонибаро ба имзо расонид.

Дар 10 соли охир (2008-2018) Донишгоҳ зимни иштирок ва татбиқи зиёда аз 16 лоиҳаи инвеститсионӣ, аз рӯи барномаҳои ташкилоти байналмилалии TEMPUS, зери унвонҳои «CANQA «Шабакаи осиёимиёнагии таъминоти сифат», «PROTRAINING- Такмили ихтисоси омӯзгорони низоми кредитӣ», «EPASAT – Ҳифзи муҳити зист ба воситаи тараққиёт ва истифодабарии агротехнология дар он», «EDUCO – Таҷаддуд ва инкишофи барномаҳои таълимӣ аз фанни педагогика ва менеҷмент дар низоми таҳсилоти Осиёи Марказӣ», «MEDIATE - Магистратура аз информатика ва телекоммуникатсия», «TEMPUS-QUADRIGA- Чаҳорчӯбаи тахассусмандӣ дар Осиёи Марказӣ дар асоси принсипҳои Балониявии ҳамоҳангсозии минтақавӣ», TEMPUS - ҒNIVIA «Инкишоф ва ташаккули маъмурияти донишгоҳ оид ба корҳои байналмилалӣ» , «TEMPUS ҒLӮPP» - «Омӯзиши забонҳо бо мақсадҳои касбӣ», ҳамчунин аз рӯи 2 лоиҳаи барномаи байналмилалии ERASMUS MUNDUS зери унвонҳои «MANECA» ва «TOSCA» конфронсу семинарҳои гуногун гузаронида шуда, маводи зиёди илмию методӣ ва барномаҳои нави таълимӣ таҳия карда шудаанд. Инчунин бо маблағгузории баъзе аз он лоиҳаҳо якчанд синфхонаҳои компютерӣ, марказҳои илмӣ-методӣ, лабораторияҳои таълимӣ бо техникаю таҷҳизоти пешқадами замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Амалӣ шудани ин ва дигар лоиҳаҳои TӮMPҒS ва ӮҚASMҒS PLҒS дар донишгоҳ яке аз нишонаҳои иҷро ва татбиқи принсипҳои ҷараёни Болония, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пазируфта шудааст, ба шумор меравад. Дар соли 2018 Донишгоҳ боз дар ду лоиҳаи инвеститсионии барномаи ERASMUS PLUS ҳамроҳ гардида, ба муваффақият соҳиб гардид.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ҷиҳати дастрас намудани иттилооти зарурӣ оид ба барномаҳову озмунҳо, грантҳои таҳсилотӣ ба устодону донишҷӯён ёрии амалии худро мерасонад ва базаи электронии махсус ташкил карда шудааст. Дар солҳои охир сафи профессорону омӯзгорон, аспирантон, коромӯз-муҳаққиқони ҷавон, донишҷӯёни факултаҳое, ки аз рӯи озмунҳои мухталиф барои таҷрибаомӯзӣ, идомаи таҳсил, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ё иштирок дар ягон чорабинии байналхалқӣ, аз ҷумла, конфронсу симпозиум ва фестивалҳо ба кишварҳои хориҷии дуру наздик сафар менамоянд, торафт меафзояд ва фаъолиятнокии академӣ ривоҷ меёбад. Дар 10 соли охир мутобиқи барномаҳои байналмилалӣ, гранти таҳсилотии сафоратхонаҳо, зиёда аз 300 нафар олиму донишҷў, магистранту аспирант ба донишгоҳҳои гуногуни кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, ИМА,Чин, Ҳиндустон, Индонезия, Покистон, Россия таҳсилу коромӯзӣ намудаанд. Дар соли 2018 муносибатҳои Донишгоҳ бо чунин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя Ӯзбекистон, мисли Донишгоҳҳои давлатии Тошканд, Самарқанд, Андиҷон, Қӯқанд, ки намояндагони онҳо ба донишгоҳамон ташриф оварданд, вусъат ёфт ва шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

ШРБ дорои сохтори муайян мебошад, ки аз ду бахш: бахши таҳияю татбиқи лоиҳаҳо ва дарёфти грантҳо ва бахши такмили ихтисос ва кор бо донишҷӯёни хориҷӣ иборат аст. Бахши аввал фаъолияти худро барои ҷустуҷӯ, дарёфт ва таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар асоси қонунгузории амалкунанда, “Оиннома”-и донишгоҳ, фармонҳо ва супоришҳои ректор амалӣ менамояд. Дар ин асно иҷрои барномаҳои сармоягузорӣ (лоиҳаҳои грантӣ), таъминии ташкили техникӣ ва иттилоотӣ-методии фаъолияти донишгоҳро таъмин менамояд.

Бахши такмили ихтисос ва кор бо шаҳрвандони хориҷӣ ба хотири ба танзим даровардани муносибати донишгоҳ бо донишҷӯён, магистрантон, аспирантон ва мутахассисони хориҷӣ, ташкил ва назорати бақайдгирии ҳуҷҷатҳои истиқоматии онҳо ва сифати таҳсилоту давомот таъсис дода шудааст. Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ равобити донишгоҳро бо чунин ташкилоти хориҷӣ густариш медиҳад: ҒNDP, ҒNHCҚ, ҒNҒPA, ҒNISӮҒ, WҒP, ҒNӮP, DAAD, ҒNӮSCO, TӮMPҒS, ӮҚASMҒS MҒNDҒS ва ғ.