Раёсати илм ва инноватсия

Телефон барои маълумот

Раёсати илм ва инноватсия фаъолияти мухталиф ва гуногунҷабҳаи илмӣ-тадқиқотиро дар донишгоҳ танзим менамояд. Он соли 1991 баъди ба донишгоҳ табдил ёфтани Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Хуҷанд таъсис ёфтааст. Нахуст ҳамчун сектори илмӣ-тадқиқотӣ амал карда, аз соли 2001 ба шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ, соли 2012 ба Раёсати корҳои илмӣ тадқиқотӣ ва аз соли 2016 ба Раёсати илм ва инноватсия табдил ёфт. Дар ҷараёни фаъолияти раёсат иҷрои  супориши Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории конфронсҳои илмӣ, таъмини иҷрои нақшаҳои марбут ба фаъолияти илмӣ, аз ҷумла, барномаи дурнамои корҳои тадқиқоти илмӣ, нашри асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дастуру раҳнамоҳои таълим, нақшаи тайёр кардани кадрҳои соҳибунвон ва амсоли онҳо пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон кори Шўрои олимони ҷавон ва Ҷамъияти илмии донишҷўён низ бо фаъолияти раёсат ҳамоҳанг карда мешавад. Танзими семинарҳои илмӣ ва маҳфилҳои илмии донишҷўён низ дар шумори масоили муҳими низоми фаъолияти Раёсати илм ва инноватсия қарор доранд.

Назорати иҷрои Барномаи дурнамои корҳои тадқиқоти илмӣ, ки барои панҷ сол як маротиба қабул ва дар Шўрои олимони донишгоҳ тасдиқ мегардад, муҳимтарин самти фаъолияти Раёсати илм ва инноватсия маҳсуб мегардад. Агар то соли 2005 аз ҷониби кафедра ва факултетҳо беш аз даҳҳо мавзўъ ба меҳвари таҳқиқ гузошта шуда бошанд, бо мақсади танзими дуруст ва иҷрои корҳои мушаххас дар барномаи дурнамои корҳои тадқиқоти илмӣ ин шумора ба 75 мавзўи бисёрҷабҳаи илмӣ расонида шуд.

Ҳамасола, аз ҷониби раёсат беш аз 150 конфронсҳои илмии сатҳи мухталиф, нишасту суҳбатҳо доир мегардад. Баргузории конфронсҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ бахшида ба ҷашну санаҳои муҳими таърихӣ аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти раёсат маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин, тайи чанд соли охир сохтори раёсати илм ва инноватсия такмил дода шуд. Масалан, дар давоми ду соли охири хониш  дар назди раёсати илм ва инноватсия ду шуъбаи алоҳида таҳти унвонҳои шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ва шуъбаи табъу нашри донишгоҳ таъсис дода шуд. Гузашта аз ин, дар назди Раёсати илм ва инноватсия нашри фаслномаи «Номаи Донишгоҳ»    дар бахшҳои гуманитарӣ ва табиатшиносӣ ба роҳ монда шудааст, ки соле чаҳор маротиба ба нашр мерасад.

Ҳамчунин  ба сохтори раёсати илм ва инноватсия шуъбаҳои аспирантура ва докторантура, магистратура, маркази технологияи иттилоотӣ, китобхонаи марказӣ, инститҳои илмӣ-тадқиқотӣ, парки технологӣ, нури маърифат ва ғайра дохил  мешаванд. Дар назди раёсат Шўроҳои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, Шўрои олимон ва ихтироъкорон  мавҷуд буда, мувофиқи нақшаи тасдиқгардида фаъолият бурда истодаанд. Ҷамъияти илмии донишҷўён барои ҷалби донишҷўёни донишгоҳ ба корҳои илмӣ-инноватсионӣ машғул мебошад. Семинарҳои илмии кафедраҳо дар назди кафедраҳо пайваста амал мекунанд, ки ҷиҳати татбиқи барномаи дурнамои илмии кафедраҳо шароит фароҳам меоварад.

Маркази донишҷуёни болаёқат низ тайи як сол мешавад, ки амал мекунад ва дар назар аст, ки мувофиқи нақшаи пешбинишуда ҳар сол як маротиба корҳои илмии донишҷўён, аз ҷумла тарҷумаҳои донишҷуёни факултетҳои забонҳои хориҷӣ ва филологияи рус таҳти унвони “Раҳоварди донишҷў” ба нашр расонад.

Раёсати илм ва инноватсия дар иҷрои лоиҳаҳои илмӣ (мавзўъҳои супоришӣ) ҳамасола корҳои муайянеро ба анҷом мерасонад. Масалан, айни ҳол шаш лоиҳаи илмӣ барои пешбурди муаммоҳои муосири илмҳои ҷамъиятиву технологӣ  нигаронида шудаанд, ки дастоварди донишгоҳ ба шумор меравад. Роҳбарони лоиҳаи мавзўи супоришӣ, профессорон У.Ғаффорова, М.Мирзоюнус, Т.Хабилов, С. Абдураҳимов мебошанд.        

Аз оғози фаъолият то имрўз вазифаи сардории раёсати илмро Р.Аҳмадов, Ғ.Ҳ.Усмонов, Т.Турдиев, Н.Нуров, М.Олимҷонов, С.Аъзамов, Б.Мирсаидов, Н. Дадобоева, С.Мирзоев, Э.Раҷабов ба уҳда доштанд. Аз моҳи августи соли 2018 номзади илмҳои филологӣ Р. Абдуллоев дар вазифаи сардори Раёсати илм ва инноватсия фаъолият мебарад. Дар танзими кори раёсат ҳамзамон дар солҳои мухталифи фаъолияти он кормандоне чун М.Муҳаммадҷонов, З.Ҷарқинзода, М.Умарова, М.Сатторова, М. Носирова, Ф. Баҳриев, Д. Фармонова, М. Ҳафизова, Ф. Шамсиддинова, С. Ҳакимхўҷаев, М.Файзиев, Раҷабов Б. ва дигарон саҳм гузоштанд.