Шӯъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон

Телефон барои маълумот

Шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон аз соли 1934 фаъолият дорад. Дар солҳои мухталиф Ҳакимова Э.В., Юнусов А.Ю., Мироватов М.С., Қўзиев М.А., Пўлодов Н.Н. мудирии шуъбаи мазкурро ба зимма доштанд. Аз моҳи январи соли 2018 вазифаи мудири шуъбаи мазкурро дотсент Бобоев Р.Ҳ. ба зимма дорад.

Алҳол дар асоси дастурамали Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомномаи нав раванди таҷрибаомўзӣ дар донишгоҳ бо равиши нав ба роҳ монда шуда, донишҷўёни шуъбаи рўзонаи ихтисосҳои омўзгорӣ мувофиќи наќшаи таълимї ба роњ монда шудааст. Афзун ба ин, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таҷрибаомўзии омўзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он 16 пойгоҳҳои таълимӣ ташкил карда шудааст. Алҳол мувофиқи нақшаҳои таълимӣ дар донишгоҳ 11 намуди таҷрибаомўзӣ (таҷрибаомўзии таълимӣ, таълимӣ- саҳроӣ, таълимӣ-лабораторӣ, пленерӣ, этнографӣ, рўзноманигорӣ, форлклорӣ, шевашиносӣ, археологӣ, истеҳсолӣ, омўзгорӣ) ба роҳ монда шудааст.