Шуъбаи кор бо ҷавонон

Телефон барои маълумот

Шуъбаи кор бо ҷавонон бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддиву маънавии ҷавонон, тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва пешгирикунандаи ҳамагуна ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳо таъсис дода шудааст. Ташкили Спартакиадаи анъанавии донишҷуёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров байни устодону донишҷӯён аз рӯи 10 намуди варзишӣ, таъсис ёфтани маҳфили тарғиботчиёни ҷавон “Андеша” бо ҷалби омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни лаёқатманду боистеъдод ва иштироки ҷавонони донишгоҳ дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, илмию маърифатӣ ва оммавию варзишии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ шаҳодатгари гуфтаҳои болоиянд.

Дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобони донишгоҳ соли 2016 дар озмуни вилоятии Хушдилон ва ҳозирҷавобон ва варзишгарони донишгоҳ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояту ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал гардиданд, ки ин аз муваффақиятҳо ва маҳсули фаъолияти соҳаи кор бо ҷавонон дар донишгоҳ мебошад.