ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





ИЗҲОРОТИ ГУРӮҲИ МАГИСТРАНТОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ БАР ЗИДДИ ҲАДАФҲОИ МУҒРИЗОНАИ НАМОЯНДАГОНИ ҲИЗБИ ТУНДГАРОӢ НАҲЗАТИ ИСЛОМ

Бо назардошти тағйирёбии бемайлони вазъи геополитикии кишварҳои дунё, ки дар он нақши асосиро абарқудратҳо мебозанд ва бештар манофеи давлатҳои абарқудрат дар мадди аввал гузошта мешавад, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини суботу амнияти миллӣ аз муҳимтарин амалҳо барои таъмин намудани дурнамои рахшанда маҳсуб меёбад. Зеро шиддатёбии муносибатҳои тезутунди абарқудратҳо барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ хатари муваҷеҳ шудан ба мушкилиҳои ҷиддӣ ва ҳатто хатари парокандашавии давлатро пеш овардааст.

Бо дарназардошти вазъи солҳои 90-ум ва ҳаводису воқеаҳои нангини ҷанги шаҳрвандӣ, ки як давраи зиёикуш ва миллатқиркунанда ба шумор меравад, имрӯз метавон қазоват кард, ки дар солҳои 90 бинобар мавҷи бӯҳрони ҷанги шаҳрвандӣ хатари парокандашавии миллати тоҷик ва Тоҷикистони тозаистиқлол пеш омада буд. Сабаби асосии ин ҳама бадбахтиҳо гурӯҳбозию мазҳабгароӣ ва манфиатҷӯии баъзе аз гурӯҳҳо ва ҷараёнҳо буд, ки дар ин феҳраст номи ҳизби террористию экстремистии наҳзати исломи Тоҷикистон дар сатрҳои аввал меистод. Яъне таҳқиқи таърих ва таҳлили он бо ҳаводису воқеаҳои имрӯз собит намуд, ки сабабгорони асосиии ҷанги бародаркуш ва омилҳои тамоми бадбахтиҳои миллати тоҷик аз ҷуйе об мехӯрд, ки онро роҳбарону намояндагони ҲНИТ бо мақсадҳои муғризонаи хеш лойолуд намуда буд. Бо маблағгузорӣ ва дигар намуди кӯмакҳои хоҷагони хориҷиашон роҳбарон ва намояндагони ин ҳизби ифротӣ дар байни миллати тоҷики бебок тухми кинаву адоват кошта, ҳамхуну ҳамзабон ва ҳамдилонро барои якдигаркушӣ водор намудаанд. Ин амалҳои ифротиён барои миллати тоҷик ва Тоҷикистони тозабунёд хеле гарон уфтод, ки дар натиҷа яке бе писар дигаре бе падар саввумин бе шавҳар чаҳорумин бе ҷигар монд. Қисме тарки Ватан карданд. Тори ин ҳама бадабахтиҳо дар дасти намояндагони ҲНИТ буд ва “сенария”-ҳои бадбахтиҳои тоҷиконро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҳз онҳо тартиб медоданд.

Барои аввал миллати бахшандаи тоҷик ва сарвари фарзонаи мо Эмомалӣ Раҳмони оқилу кордон ба хотири таъмини сулҳу суботи миллӣ ва сарҷамъсозии миллати пароканда гузашт карданд ва ҳатто ба намояндагони ҲНИТ аз мансабҳои баланди лавлати чун Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мансабу вазифа доданд.  Аммо ҳарчанд куни хислати мор заҳрпошист! Ҷонибдорони ҲНИТ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва собиқ Сардори таъиноти махсуси Омон Ҳоҷи Ҳалим Назарзода ва чанде аз ҳамтавоқони онҳо баъди гузашти вақт боз аз пайи тарҳрезӣ намудани нақшаҳои бадхоҳона ва ноҷавонмардонаи зидди миллати тоҷик шуда, кӯшиши гузаронидани табаддулот ва ташкили давлати Исломӣ карданд.

Боиси хушбахтист, ки қувваҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ҳар сония ба хотири ҳифзи шаҳрвандон ва таъмини оромиву сулҳу суботи миллӣ шайъ ҳастанд, садди роҳи амалҳои нопоки намояндагони ҲНИТ-ро гирифтанд. Роҳбари он ҳизби ифротӣ Муҳиддин Кабирӣ фирор кард ва хоҷагони хориҷиаш хоса Эрон ба ӯ паноҳандагӣ доданд. Дар хориҷа ҳамчун фирорӣ дастгирӣ ёфтани Муҳиддин Кабирӣ бори дигар ба таври равшан тасбит намуд, ки ӯ аз аввал аз дастгирии хоҷагони хориҷӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик баҳравар буд ва маблағҳои ҳангуфт мегирифт, бар ивази тарҳрезӣ намудани нақшаҳои халалдорсозандаи суботи миллии тоҷикистониён.

Имрӯзҳо Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнуси Истаравшанӣ ва дигар намояндагону ҷонибдорони ифротии ҲНИТ аз хориҷа нишаста, бо дастгирии хоҷагони ғаразнияти эронияшон ҷониби Тоҷикистон санг мепартоянд ва дидаи ҳасад медӯзанд. Ин  амали онҳо камоли хиёнат ба миллату давлат аст, ки як фард нисбат ба ҷое ки хуни нофаш рехтаасту ҳамзабон, ҳамдин ва пайвандонаш онҷо зиндагӣ доранд, раво мебинад, мекунад.  Амалҳои ҷонибдорони ҲНИТ бешак камоли хиёнат аст. Миллати тоҷик дигарбора хиёнати онҳоро ҳеҷ гоҳ намебахшад. Лаънат бод ба хоинони ин меҳан. Зери борони нафрати миллати тоҷик мемиранд он ҳама ифротиҳо.

Мо магистрантони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров он ҳама амалҳои иғвобарангезандаи ҲНИТ-ро бар зидди асосҳои сохтори Конститутсионӣ ва зидди манфиатҳои миллати тоҷик шуморида, маҳкум мекунем.

Мо ҷавонони ин Ватан бар зидди намояндагони ҳизби тундгароӣ наҳзати ислом аз қабили Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнуси Истаравашанӣ ва дигар косалесони Эрон ҳастем, ки ба гулгулшукуфӣ, рушду нумӯъ ва таҳаввулоту тараққиёти Тоҷикистон бо чашми бад менигаранд. Бори дигар бо исрор мегӯем, ки он ҳама ифротиҳо зери борони нафрати миллати тоҷик азоби саг кашида мемиранд.

Мирсалимов Ҷаҳонгир

Саидов Салимҷон

Шамсиддин Наврӯзов

Иброҳим Шарипов

Бунёдҷон Пӯлодӣ

Эҳсони Ризо ва дигарон

Аз назар гузарониданд:21 нафар



баён кардани ахборот





Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар