ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





ИЗҲОРОТИ

Устодони кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба  аъмоли душманона ва ғайри қонунӣ ва даъвоҳои беасоси ташкилоти террористии Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва тарафдорони он.

Бо ҳидоят ва роҳнамоии  Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба сӯи саодату хушбахтӣ раҳсипор ҳастем ва ин ҷодаи интихоб кардаи мо мардумро ба фардои чун имрӯз обод ва тинҷу осоишта мебарад. Мутаасифона ҳамин тинҷиву осудагӣ, пешравии ҷомеа дастовардҳои рӯзафзуни халқи тоҷик ба баъзе ашхоси бадхоҳу кинаварз намефорад ва мехлҳад бо ҳар роҳ халале ба ин раванд ворид намояд. Дар ин маврид гузаштагони мо махсусан адибони классикии мо андеша ва гуфторҳои ҷолиб доранд, ки ҳар яке пур аз ҳикмат ва маънист. Чунончи як гуфтори маъмул: саг аккос мезанад вале корвон рафтан мегирад ба ҳамин ҳолат мувофиқ аст. Ё ба қавли шоир: дарё палид менашавад аз даҳони саг. Маънии ин суханҳоро он нафарони баддил нағз медонанд ва онҳо наметавонанд кореро анҷом диҳанд вале монанди он сагон аккос мезананд то корвон ноором шавад ё дарё палид гардад. Бале аз дасти онҳо чизе намояд вале инсоне,ки дар ниҳодаш номуси ватандорӣ дошта бошад намехоҳад,ки аз ин амалҳои душманона вале ҳқирона ором истад. Зеро  тухми фитна  коридани онҳо дар вайрон кардани тафаккури мардум таъсир мегузорад ва метавонадба ҷомеа латма ворид намояд.

Мусаллам аст,ки , ки терористии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1996 чӣ мусибатҳоеро ба сари миллати тоҷик овард, роҳбарони ин ҳизби хиёнаткор Ватан, миллат ва мазҳаби худро фурӯхтанд як қисм мардумро гумроҳ карданд, дар охир ҳатто ба табаддулоти давлатӣ бо роҳбарии Ҳоҷӣ Ҳалим даст заданд ва имрӯз чанд нафаре аз роҳбарони ин ташкилоти террористӣ дар шабакаҳои интернетӣ даъвоҳои бе асос мекунанд, аз номи ислом сӯиистифода мекунанд, ки ин фаъолияти номардонаи  онҳо мо устодони донишгоҳ хоса устодони адабиётшиносро бе тараф гузошта наметавонад.

Шояд ин ҳизби бадхоҳ ва нотавонбин бо  санг мепартоии худ, фикр мекунанд, ки мардум боз фирефта мешаванд ба домашон меафтанд ва ҳар коре ки мехоҳанд мекунанд. Аммо мардуми Тоҷикистон кӣ ва чӣ будани ин ватанфурӯшон ва мазҳабфурӯшонро хуб медонанд, ба суханҳои фитнаангези онҳо бовар намекунанд, мардум дини воқеиро аз хурофот ва нишондодҳои мазҳабҳои дигар хуб шинохтаанд. Ин туфи онҳо бар осмон аст,ки ба рӯи худашогн меафтад.

Мо устодони кафедраи адабиёти классикӣ  изҳор медорем, ки дини мубини ислом ба ягон ҳизби динӣ эҳтиёҷ надорад ва аз номи дин ҳизббозӣ карданро  хиёнат ба Ватану дин меҳисобанд.Ҳар қувва ё нафаре, ки ин ташкилоти террористиро дастгирӣ мекунад ва роҳбарони онро бо маблағ таъмин мекунаду ба зидди Ватани худ, миллати худ ва мазҳаби худ ҳамчун хиёнаткор равона мекунад, бояд донад, ки ин кишвар роҳбар дорад, ин мамалакат лашкар дорад.ин диёр мардуми сарбаланду фидокор дорад ва  ин амали ғрйриинсониро маҳкум менамояд..  Мо аз ташкилотҳои байналхалқии сулҳҷу ҷиддан талаб дорем, ки ин ҷинояткоронро ба давлатҳои худ роҳ надиҳанд ва ба органҳои дахлдори Тоҷикистон супоранд, то мардуми сарбаланди  Тоҷикистон аз бадкорон халос шуда оромона зиндагӣ кунанд. Мо бовар дорем.ки ҳаргиз ин дилсиёҳон ба ҳадафи худ намерасанд.

 

Матни изҳорот дар маҷлиси кафедраи адабиёти классикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

муҳокима ва тасдиқ шуда аст.

 

 

Аз назар гузарониданд:12 нафар



баён кардани ахборот





Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар