ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





ИЗҲОРОТ БА ФАЪОЛИЯТ ВА ИҒВОҲОИ БЕАСОСИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ ҲНИТ

Аз охирҳои соли 2015 то имрӯз қисме аз собиқ раёсат ва аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии ҲНИТ аз ҷавобгарӣ ва ҷазои ҷиноятӣ барои амалҳои нангини содирнамудаашон саркашӣ намуда, дар хориҷи кишвар зери қаноти хоҷагони хориҷии худ паноҳ мебаранд ва сӯи мо тоҷику тоҷикистониён кинаву маломат ва сангпартоӣ менамоянд, ки ин амали ноҷавонмардона ва нобахшидании хиёнаткорони ватан мебошад.

Иғвою дасисаҳои  ин хоинони миллат алакай ба дили халқумиллат ва мақомоти давлатии мозадаастваазонҳоҳамеша тарғиби ғояҳои террористию экстремистии худро мехоҳанд идома бахшанд.

Аъзоёни собиқ ҲНИТ, ки бо журми содир намудани жиноятдар ҷустуҷӯи байналмиллалӣ қарор доранд, гунаҳгориашон исбот шудааст, бояд жазои худро гиранд.  Раёсати ин ҳизб дар давраи фаъолият ва баъд аз он ҳеж гоҳ дар ғами ободии ватан, ҳатто аъзоёни худ ҳам набуданд ва намебошанд. Ҳадафи асосии онҳо ноором намудани жомеа, тафриқаандозӣ, мансабталошӣ ва амалӣ намудани нақшаҳои хожагони хорижиашон мебошад.

Барои ифроти будани ақидаҳои сарвар ва аъзоёни раёсати собиқ ҲНИТ дигар далелҳои иловагӣ ҷустан шарт нест, аз мазмуни баёнияҳо, изҳорот ва баромадҳои онҳо инсони солимфикр хуб дарк менамояд, ки мазмуни иртиҷоӣ, ҷудоиандозанда, фитнаву ғараз, таҳдиди рӯирост нисбат ба сохти конститутсионии давлат, таҳқири шахсони воломақоми давлат ва даъват ба амалҳои террористию экстремистиро дорад.

Боқимондаҳои ҲНИТ бояд хуб дарк намоянд, ки мардуми тоҷик аз воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар баробари зарари молию ҷони диданаш, сабақи таърихӣ низ гирифтааст ва ҳеҷ гоҳ ҷонибдори ҷоҳилон ва хунхӯрони мансабталош ва хоинони ба зархарид мубаддалёфта шуда наметавонанд.

Сиёсати Ҳукумати мамлакат новобаста аз буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба некуаҳволии мардум равона карда шудааст ва сатҳи камбизоатӣ сол аз сол паст карда шуда, аҳолии эҳтиёжманд зери диққати махсус ва ғамхории давлат қарор доранд. Шаҳрвандоне, ки лаёқату истеъдоди  роҳбарӣ, дониши кофӣ ва нияти пок доранд бемамониат дар сатҳҳои гуногуни сохтори давлатӣ фаъолият бурда истодаанд. Ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ки тибқи низомнома ва қонунгузории амалкунанда фаъолият мебаранд, бе мамониат дар ҷумҳурӣ фаъолият мебаранд. Имрӯз мардум аз террористу экстемистон нафрат доранд ва амалҳои ҳама гуна гурӯҳ ва ташкилотҳои онҳоро маҳкум менамоянд.

Мо имрӯз шоҳиди нооромию хунрезиҳо дар Сурия, Ироқ ва далватҳои ҳамҷавори онҳоро мебинем, ки террористон ба хок яксон намуда, мехоҳанд аз давлатҳои мусулмонӣ «давлати исломӣ» созанд, ки ба ақли солим рост намеояд. Ин ҷоҳилон бозича, фирефтаҳои абарқудратҳову хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд ба истиқлолияти давлатҳои номбурда, ки сатҳи иқтисодӣ ва ижтимоии мӯътадил доштанд рахна андохта, давлатҳои мусулмониро ба сатҳи нобудӣ расонанд. Бояд таъкид сохт, ки фаъолияти ин террористон, аз ҷумла наҳзатиён на баманфиатимусулмонон балки ба муқобили онҳо равона карда шудааст.

М. Кабирӣ, думравон, коса лесон, хоҷаҳои бегонаи ў, умуман тамоми бадхоҳони миллати тоҷик ва душманони Ватани мо бояд мутмаин бошанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик дигар ба дасисабозиҳо, хиёнаткории душманони дохилӣ ва хориҷӣ роҳнамедиҳанд ва корвони сулҳи тоҷикон муназзаму устувор ба сўи ормонҳои азалии мардум  - сулҳу оромӣ, амният, хушбахтии ҳар як хонаводаи тоҷик ва дар маҷмўъ Ватани азизамон – Тоҷикистон раҳсипораст.

Мо фаъолият ва мавҷудияти ташкилоти террористию экстремистӣ ҲНИТ-ро ҳамаҷониба маҳкум менамоем.

 

Аҳли ҷомеаи устодон ва донишҷӯёни

 факултети таърих ва ҳуқуқ

 

 

Аз назар гузарониданд:23 нафар



баён кардани ахборот





Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар