ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





ИЗҲОРОТИ АЪЗОЁНИ КАФЕДРАИ ТАЪРИХИ ВАТАНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Имрўзҳо тибқи расонаҳои ахбори гуногун фаъолияти зиддимиллии ташкилоти экстремистӣ ва террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва роҳбари фирориаш Муҳиддин Кабирӣ идома дорад. Вале мардуми шарифи Тоҷикистон мақсадҳои муғризонаи ин ҳизби мамнўъ гаштаро ҳеҷ  гоҳ қабул намекунад.

Ҳизби наҳзати исломӣ зодаи гирдиҳамоии сиёсии ибтидои солҳои 90-ум буда, зери фишори нерўҳои ба ном «демократӣ» анҷумани муассисонашро гузаронидааст. Зери ниқоби «исломӣ» нияти асосиаш ташкил кардани давлати исломиро  пинҳон карда буд.

Маҳз бо ташаббуси ҲНИТ дар Тоҷикистон ҷанги бародаркуш оғоз ёфт. Ҳазорҳо ҷавонони аз сад гул як гулашон нашукуфта кушта шуданд. Сарварону пайравони ҲНИТ ба ҷои ба наздикони қурбоншуда арзи тасаллӣ намудан, шиори «шаҳиди гулгулкафан муборак» - ро пешаи худ карданд.

Дар натиҷаи ҷангишаҳрвандӣ шумораи зиёди тоҷикон ба кишварҳои хориҷи дур ва  наздик фирор карданд.

Дар Афғонистон Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон таъсис дода, маблағҳои калони аз ҷониби созмонҳои байналхалқӣ барои фирориёни иҷборӣ ҷудошударо аз худ карданд. Пулҳои хоҷагонашон додаро ба манфиатҳои худ истифода  менамуданд.

Наҳзатчиён набояд фаромўш кунанд, ки дар мусофират мардуми зиёди бегуноҳ ҷон ба ҷаббор супориданду қабристонҳои ғарибон пайдо шуданд.

Маҳз наҳзатчиён ҷавонони гумроҳу бесаробон мондаро ба мактабҳои экстремистӣ ва террористи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии исломии Покистон ба тахсил фиристода диверсант тайёр мекарданд.

Мо, тоҷикистониён тибқи наворҳо борҳо шоҳиди ваҳшонияти онҳо шудаем. Наҳзатиёни зиёикуш гулҳои сари сабади илму фарҳанги тоҷик - Муҳаммад Осимӣ, Юсуфхон Исҳокӣ, Минхоҷ Ғуломов, Муҳиддин Олимпур ва дигаронро ба қатл  расонданд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо  расид.

Мувофиқи протоколи сиёсии Созишномаи мазкур ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иҷозат дода шуд. Ин иқдоми нек ба ҲНИТ имконият дод, ки дар ҳаёти сиёсии мамлакат иштирок намояд. Қисме аз аъзои ҲНИТ тибқи квотаи 30 фоиза дар сохторҳои давлатӣ соҳиби мансаб гардиданд. Намояндагонаш ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ҳам шуданд.

Аммо роҳбарони ҲНИТ аз ин неъматҳои бузург ношукрӣ карданд. Мардумфиребию ҳаққи мардумхурӣ ба онҳо касб шуд. Тасаввур кардан душвор аст, ки эмиссарони ҲНИТ ба Федератсияи Россия рафта ҳатто аз муҳоҷирони меҳнатӣ маблағ ҷамъ мекарданд, ки ин нишони беинсофӣ мебошад. Кор то ҷое расида буд, ки ҲНИТ моҳирона аз соҳибхоназанҳо истифода мебурд. Садҳо занони аз сиёсат дуру дар бораи чӣ будани ҳизб ноогоҳ ба доми наҳзатиён афтода буданд. Шумораи зиёди соҳибхоназан ба “узви” ҲНИТ “ворид” шуда буданд. Вале онҳо аз ин бехабар буданд.

Намояндагони ҳизб аз ноогоҳии онҳо истифода бурда узвият пулии зиёдро мегирифтанд. Ғайр аз ин занҳоро маҷбӯр мекарданд, ки матоъҳои хоҷагон фиристодаашонро фурӯхта маблағро ба масъулини ҲНИТ супоранд.

Дар урфият мегӯянд, ки “Фарбеҳиро гӯсфанд мебардорад”. Сарварони ҲНИТ аз “саховати хоҷагони хориҷиашон сархуш гардида, барои амали шудани нақшаи нопокашон – ташкил намудани давлати исломӣ нақшаҳо тарҳрезӣ мекарданд. Аввалан кӯшиши зиёд намуда ҷавонону наврасонро гумроҳ намуда ба таълимгоҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, махсусан Ҷумҳурии Исломии Эрон мефиристоданд. Қисме аз ҷавононро барои дастгрии Давлати исломии Ироқу Шом ба нуқтаҳои доғи мамлакатҳои араб сафарбар менамуданд.

Роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, генерали хиёнаткор Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва ҳаммаслаконашон моҳи сентябри соли 2015 кӯшиши табаддулоти  давлатӣ карданд.

Ин ғафлатзадаҳо фаромӯш карданд, ки нерӯҳои қудратии Тоҷикистони соҳибистиқлол кишварамонро аз хатари қувваҳои нопок ҳимоя карда метавонанд ва намегузоранд, ки ҳаёти осоиштаи халқамонро ғоси бехалалдор намояд. Кӯшиши табаддулоти давлатӣ барбод рафт.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми одилона бароварда фаъолияти ташкилоти экстремистӣ ва террористии Ҳизби наҳзати исломиро дар қаламрави мамлакат манъ кард.

Мо, аъзои кафедраи таърихи Ватани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти зиддимиллии ташкилоти экстремистӣ ва террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, сарвари фирориаш Муҳиддин Кабирӣ, ҳаммаслакаш Саидюнуси Истаравшаниро қотеъона маҳкум менамоем ва ба “оппонентҳоямон” изҳор менамоем: “Роҳи сулҳи тоҷикон бебозгашт аст. Мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва ягона бунёд  мекунем”.

Аз назар гузарониданд:14 нафар



баён кардани ахборот





Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар