ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





ИЗҲОРОТИ ГУРЎҲИ МАҲСУБОН ОИД БА РЎЙДОДҲОИ ОХИР ВА МУРОҶИАТ БА ТАМОМИ КИШВАР ВА ТОҶИКОНИ БЕРУН АЗ ТОҶИКИСТОН

Мо, як гурўҳи маҳбусон, ки бар асари гумроҳӣ ва нофаҳмӣ фирефтаи суханони бардурўғи гурўҳҳои сияҳкор, хоса  роҳбарону ташкилкунандагони ТЭТ Ҳизби наҳзати Ислом, ҳаракатҳои салафия, ДИШ ва дигар ҳизбҳои дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои олам манъшуда гардида, дар натиҷа ба ҷиноятҳои мухталиф даст задем, имрўз аз кардаи худ бисёр пушаймон шуда,ба тамоми мардуми Тоҷикистони азиз, хоса ҷавонон, ҳамаи онҳое, ки бар асари гумроҳӣ ҳанўзам ба дасисаву ҳарфу ҳадафҳои номатлуби ин гурўҳҳои ҷиноятпеша бовар доранд, муроҷиат намуда, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки он хатогии содирнамудаи моро такрор накунанд. Натиҷаи гумроҳӣ ва хатогии мо буд, ки ҳаёти хешро бо дастони худ ба нобудӣ ё ба роҳи нодуруст андохта, имрўз фарзандону хонаводаи худро сарсону саргардон намудем. Агар аз як тараф дар натиҷаи ҳамин рафтори нодуруст ва фирефтаи ақидаи ғояву андешаҳои номатлуби ин ташкилотҳои ба хоҷагони хориҷии худ фурухташуда гардидан, ки мақсадашон бунёди давлати исломӣ ва тарғиби мазҳабҳои бегона, аз ҷумла шиаву салафӣ ва дигар ҷараёнҳои сиёсии динӣ буд, худи моро даст ба ҷинояткорӣ ва иҷрои амалҳои хилофи қонун  задан водор карда бошад, аз сўи дигар зиндагонии фарзандону падару модари моро харобу мушилоти зиёде ба онҳо эҷод намуд. Мо, воқеан гумроҳ гардида, аз сабаби аксаран ҷавон ва дар мактабҳо дуруст надохтан фирефтаи ин тарғиботҳои нодуруст гардида, ба суханони онҳо бовар кардем. Баъде ки аз асли ҳадафҳои ҳомиёни ин  ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ огоҳ шудем, аллакай  дер шуда буд. Мардуми тоҷик як бор фирефтаи суханони ин гурўҳҳои манфиатхоҳ ва фурухташуда гардида, қариб буд, дар солҳои навадуми асри гузашта давлати Тоҷикистони тозаистиқлолро аз даст диҳанд. Хушбахтона, бо кўшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо аз ин вартаи нобудӣ наҷот ёфта, дар баробари ин ба ҳамаи онҳое, ки ҳатто хостори ин рўзҳои  шоистаи мардуми тоҷик набуданду сабабгори ба вартаи ҳалокат наздик шудани давлату миллат гардиданд, шароит ва имконият дода шуд, ки ба зиндагонии осоишта баргашта, ҳамроҳ бо халқ дар пешрафти Тоҷикистони азиз ва таъмини рўзгори оилаву хонаводаҳои худ кору фаъолият баранд. Ҳатто ба аксари онҳо вазифаҳои масъули давлатӣ дода шуда, худи роҳбари Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон се навбат ҳамчун Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб гардид. Аммо ин гурўҳҳо ҳамоно пинҳонӣ мақсадҳои нопоки худро парвариш дода, бори дигар чеҳраи аслии хешро нишон доданд. Баробари ин, моро қурбони ҳадафҳои нопоки хеш гардонанд, ки ин ҳам ба зиндагонии мо ва ҳам ба оилаҳои мо зарбаи сахт  шуд. Аммо худашон ба оғўши хоҷагони хориҷиашон паноҳ бурда, имрўз дар берун аз Тоҷикистон ба кайфу сафо машғул мебошад. Онҳоро дигар чӣ ғам, ки ҳоли мо бечорагон чӣ гуна аст? Имрўз мо бори дигар ба меҳрубониву ғамхории давлати азизи Тоҷикистон ва сиёсати инсондўстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қоил гардидем, ки барои ба ватан баргардонидани ҷавонони гумроҳ, бахшидани гуноҳони он тадбирҳои амалӣ андешида, новобаста аз ин мо ба роҳи хато рафта, бар асари гумроҳӣ ва бовар кардан ба амалҳои ин ҷинояткорӣ ба муқобили ватан ва давлати худ баромадем, нисбати мо тамоми рафторҳои олии инсонӣ риоят мешавад. Тамоми муносибатҳои одилона аз ҷониби мақомоти зарурӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ ва зиндонҳо нисбат ба ҳамаи мо татбиқ мешавад, аммо сахттарин азоби мо азоб дар назди виҷдон ва Ватани маҳбубамон аст, ки  мукофоти иштибоҳ ва амали худкардаи ҳар якамон мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб мо гурўҳи маҳбусон ба тамоми мардуми Тоҷикистон, хоса ҷавононе, ки ҳанўз ноогоҳона аз ғояву ақидаҳои ифротии ин гурўҳҳои хиёнатпеша пайравӣ ё ҷонибдорӣ , муроҷиат мекунем, ки дигар ҳаргиз ба ҳарфу суханони онҳо  бовар накунед. Имрўз ҳам онҳо боз мехоҳанд, ки аз номи мо истифода карда дар назди созмонҳои хориҷӣ номи кишвари азизи моро бадном намуда, ҳамчун ба онҳо маҳбусони сиёсӣ муаррифӣ намоянд. Мо, ҳаргиз маҳбуси сиёсӣ нестанд, баръакс мо гумроҳони сиёсӣ ҳастем, ки ба рафтору гуфтори онҳо бовар намуда, худамон ба тақдири худамон аз сари паст будани маърифати сиёсӣ бозӣ  кардем. Бори дигар аз тамоми мардуми Тоҷикистони азиз ва тамоми тоҷикони берун аз мамлакат даъват менамоем, ки дар ҳар куҷо бошад, дар фикри Ватани азиз ва ободии он бошед, ҳаргиз фирефтаи суханони ватанфурўшон ва хиёнаткорон нашавед, баръакс ба Тоҷикистони азиз баргашта, ғоя ва барномаҳои инсондўстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ ва дар амалӣ намудани он саҳмгузорӣ бошед, зеро ин барномаҳо кафолати зиндагонии шоистаи тамоми мардуми кишвар, аз ҷумла фарзандону наберагон ва ворисони ҳамаи мову Шумо ҳастанд ва хоҳанд буд.

 

Бо арзи иродат

 

Аз назар гузарониданд:13 нафар



баён кардани ахборот





Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар