ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





ИЗҲОРОТИ ОМЎЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ШАРҚИ ДОНИШГОҲ БА МУҚОБИЛИ ҲНИТ

Маълуми ҳамагон аст, ки Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мамнуъ эълон карда, онро ҳамчун ҳизби эктремистӣ ва террористӣ эълон намудааст. Гарчанд ки гуруҳи калони аъзоёни ин ҳизб аз роҳи худ гаштаанду даст ба созандагиву ҳаёти осоишта задаанд, аммо иддае аз роҳбарону пайравонии ҲНИТ имрўз дар хориҷи кишвар фаъолияти худашонро идома медиҳанд. Дар байни кишварҳои Аврупо ва Шарқ худашонро ҷабрдида ва азияткашида муаррифӣ менамояд ва бо ин кирдорашон мехоҳанд, ки обрўи ҳукумати қонунии кишварро паст зананд. Мутаассифона, мардуми Аврупо ва шахсоне, ки суханони онҳоро мешунаванд, мумкин аст аз воқеияти Тоҷикистон огоҳ набуда ба ҳарзаву ҳазёни онҳо бовар кунанд. Аммо мардуми кишвар кӣ будан ва чӣ мақсад доштани аъзои ин ҳизби манъшударо ба хубӣ медонанд.

Вақте ки дар кишвар мақсадҳои нопоку ғаразноки пайравони ҲНИТ ошкор гашту Суди Олӣ нисбати ин ҳизб қарори дахлдори худро баровард, дигар майдони тарғибу ташвиқро сарварон ва аъзои ин ҳизб дар хориҷи кишвар пайдо карданд. Мутаассифона, имрўзҳо намояндагони ин ҳизби манъшуда дар байни муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо ва дигар кишварҳо тарғиботу ташвиқот мегузаронад ва андешаҳои ғаразнокашро паҳн менамояд.

Ба кулли ҳамватанонамон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, муроҷиат карда мегўем, ки ба фитнаи ҲНИТ гирифтор нагарданд. Огоҳ бошанд, ки пайравони ин ҳизб аз тарафи роҳбарияти сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон дастгирӣ меёбанд ва дар ниҳояти кор ҳадаф доранд, ки дар ҳудуди кишварамон ба ҷойи мазҳаби анъанавии ҳанафӣ мазҳаби шиаро ҷорӣ гардонанд.

Ба ҳамватанони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордоштаамон муроҷиат карда мегўем, ки ба дасисаҳои нави ҲНИТ ва пайравонаш фирефта нашаванд.

Ба худи аъзои фироркардаи ҳизби манъшуда бошад, муроҷиат карда мегўем, ки дар хориҷа сарсону саргардон нагашта, ба Ватан баргарданд ва барои ободии кишвари азизамон ҳиссаи муносиби худро гузоранд.

Амалҳои ҲНИТ-ро дар хориҷи кишвар маҳкум менамоем. Муроҷиатан ба аъзои он, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, мегўем, ки ба дарбадариву оворагардӣ, аз думравии хоҷагони хориҷӣ даст кашанд. Ба маъвои умед, ба Каъбаи омоли худ, Тоҷикистон баргашта даст ба корҳои созандагиву ободонӣ зананд. Агар воқеан ҳадафи шумо ободии Тоҷикистон аст, пас ба Ватан баргардед ва барои оромиву осоиштагии мамлакатамон ҳиссагузор шавед.

Ғиёсова Ф.

Мирмухамедов О.

Раҳимов И.

Раҳимов Б.

Анварова М.

Додобоев Қ.

Шарипова М.

Қўзиева Н.

Рашидова Д.

Очилова М.

Юлдошева М.

Ризоева П.

Самадова С.

Бобокалонава П.

Низомиддинова З.

Холматова М.

Саидғанизода С.

Аз назар гузарониданд:13 нафар



баён кардани ахборот





Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар