ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





Факултети таҳсилоти ғоибона

Суроға
Декан
Телефон
E-mail

Оиди факултет


Факултети таҳсилоти ғоибонаи ДДХ ба номи академик Б.Fафуров дар ноҳияи Ҷ. Расулов
Шӯъбаи таълимии ДДХ дар ноҳияи Ҷ. Расулов бо фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1742 аз 19.08.2009 таъсис ёфтааст. Солҳои 2009- 2013 сарварии Шӯъбаи таълимиро доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шавкат Шаропов ба ӯҳда дошт. Дар ин солҳо таҳти роҳбарии ин олими шинохта барои пешбурди раванди таълиму тарбия ва ободонии факултет корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.
Бо қарори Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №330 аз 21.10.2013 Шӯъбаи таълимии Донишгоҳ ба факултети таҳсилоти ғоибонаи ДДХ дар ноҳияи Ҷ. Расулов табдил дода шуда, ба вазифаи декани факултет доктори илмҳои фалсафа, профессор Аслиддин Пӯлотов таъин гашт. Вазифаи муовини декан оид ба корҳои таълимро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Муқаддас Неъматова ба ӯҳда дорад.
Айни ҳол дар факултети мазкур зиёда аз 500 нафар донишҷӯён ба тариқи ройгон ва шартномавӣ аз тамоми шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар аз рӯйи ихтисосҳои забон ва адабиёти тољик, забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ӯзбекӣ, педагогика ва методикаи таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти томактабӣ таълим мегиранд. Факултет дорои синфхонаҳои ҷиҳозонидаи тахассусӣ, китобхона, синфхонаи компютерии замонавии дорои тахтањои электронӣ ва ошхона мебошад. Факултети таҳсилоти ғоибонаи ДДХ дар н. Ҷ. Расулов аз ҷиҳати нерӯи илмӣ хеле пурқувват буда, ба донишҷӯён профессорон – Шавкат Шаропов, Аслиддин Пӯлотов, дотсентон – М. Маҳмадшоев, М. Олимҷонов., А. Аҳмадов, Н. Ҳикматуллоев, С. Ӯзбеков, Ҳ. Қӯрғонов, Н. Баҳриев, А. Раҳимов, П. Нематов, М. Тиллохоҷаева, М. Неъматова ва дигарон дарс мегӯянд.

Аз моҳи октябр инҷониб бо дастгирии Раёсати ДДХ ба номи академик Б. Fафуров бо мақсади беҳдошти сифати таълим, парвариши мутахассисони ба талаботи муосир ҷавобгӯй ва таъмиру ободонии факултети мазкур як қатор корҳои шоёну назаррас ба анҷом расонида шуданд. Мо дар соли хониши нав имконияти қабули ихтисосҳои нав –забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, география-экология, таърих ва ҳуқуқро дорем ва дар ин самт корҳои тайёриву заминагузорӣ, тарғиботиву ташвиқотиро пеш бурда истодаем.

Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, заминаи ояндаро имрӯз бояд гузошт. Ҳоло садорати факултет ҷидду ҷаҳд дорад, ки ошёнаи чорумро пурра аз таъмир бароварда дар соли хониши нав донишҷӯёни ғоибхонро бо хобгоҳ таъмин намояд ва утоқҳои таъриху ҳуқуқ, география-экология, химия-биология ташкил намуда, онҳоро бо аёниятҳову техникаҳои ҷавобгӯйи талаботи муосир ҷиҳозонад, зеро меҳвари асосии фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявии факултети мо ба амал татбиқ намудани падидаҳои наву тозаи соҳаи илму маориф, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати Донишгоҳ мебошад.

 




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар