ТЕЛЕФОН:1.800.987.6543
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
“Иншои беҳтарин” Раёсати илм ва инноватсия бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин” баргузор менамояд. Ҳамаи кормандон новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмун ширкат варзанд. Муҳлати охирини қабули иншо санаи 01.12.2017. “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” Диққат - озмун. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд. Даври якуми озмун то санаи 20.11.2017 дар факултетҳо ва даври финалӣ санаи 27.11.2017 аз тарафи ҳакамони озмун ҷамъбаст мегардад.





МАРКАЗИ ИТТИЛООТ ВА ТАҲЛИЛ

Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷузъи таркибии Донишгоҳ ба ҳисоб рафта,  қаблан дафтари матбуот ном дошта, 23.05.2011 таъсис ёфтааст. 
Ба вазифаи роҳбари Маркази иттилоот ва таҳлил 1.11. 2012. Набиюллоҳ Суннатӣ тъин шуда, то моҳи сентябри соли 2012 фаъолият дошт. Аз моҳи январи  соли 2013 то моҳи декабри соли 2013 масъулияти роҳбарии Марказ ба дўши Назирҷон Пўлотов вогузошта шуд. 
Аз 18 декабри соли 2013 тибқи фармоиши ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ба ҳайси сардори Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ  Маъмур Юсуфов таъин гардид.
Марказ аз замони таъсисёбӣ бо  аз рўи фаъолият мустақиман ба Ректори Донишгоҳ тобеъ аст. Маркази иттилоот ва таҳлил пояи ҳуқуқии фаъолияташро дар заминаи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони халқи вилоят, қарор ва фармоишҳои Раиси вилоят, ректори Донишгоҳ ва ҳамзамон Низомномаи худ ба роҳ мондааст. 
Маркази иттилоот ва таҳлил фаъолияти худро мустақиман бо Ректори донишгоҳ ва дар ҳамкорӣ бо дигар шуъбаҳои раёсати донишгоҳ, факултетҳои он  ва сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия,  васоити ахбори умуми вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин кишварҳои хориҷӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки бо воситаи ахбори умум сару кор доранд, анҷом медиҳад. Фаъолияти Марказ дар асоси нақшаҳои солона, моҳона, ҳафтаина ва дастуру супоришҳои бевоситаи Ректори Донишгоҳ танзим карда мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ тӯли фаъолият давоми соли 2015 баҳри танзим ва тадбиқи сиёсати иттилоотии Ректори донишгоҳ, фаъолияти сохторҳо, шӯъбаҳо, факултетҳои донишгоҳ иттилоотонии таъҷилиро таъмин намуда,  ҳамоҳангӣ ва роҳбарии усулиро ба роҳ монд. Дар таҳия ва тадбиқи барномаҳои мушаххас оид ба таҳкими обрӯ ва нуфузи воқеии Ректори донишгоҳ ва раёсати он иштирок ва чорабиниҳои гуногунро ташкил намуд.
Дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои Рӯзи Модар, Наврӯзи Аҷам, Иди Дониш, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи муаллимон, Сарқонун ва дигар идҳои миллӣ иштирок фаъолона намуда, табрикот ва номаҳои шодбошии Ректори Донишгоҳро ба устодону донишҷӯён ва дигар муассисаҳо таъмин кард.
22 январ ва 10-уми июли соли равон тибқи Амри Президенти кишвар нишасти матбуотии Ректори донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 20 расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд, ки инъикоси он дар 34 номгӯйи  ВАО ба қайд гирифта шуд.
Баҳри тарғиби густурдаи фаъолияти Раёсати Донишгоҳ, факултетҳои он дар ҳамкорӣ бо Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон 18 гузориш, бо телевизиони «Сафина», 10  гузориш дар барномаи «Навид» таҳия ва намоиш дода шуд. Бо телевизиони вилоят ҳамкорӣ вусъат ёфта, дар барномаҳои «Ахбор», «Фурӯғи шом», «Меҳрпайванд», «Донишҷӯ» ва ғайра хабару гузоришҳо намоиш дода шуданд.
 Тариқи телевизиони «СМ-1» дар баробари хабарҳои муҳим, иқдомоти Раёсати Донишгоҳро бобати кӯмак ба ятимон ва ниёзмандон тарғиб гардид. Ба воситаи телевизионҳои «Диёр», «Танин» ва «Азия»,  чорабиниҳои тарбиявие, ки аҳамияти умум ва  рӯзмарра доранд ва мулоқоту конфронсҳо ба таври густурда тарғиб карда шуд.
Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо телевизиони таълимии «Фурӯғ» дар соли таҳсили 2015 зиёда 130 адад гузориш таҳия гардида, ба воситаи телевизионҳои маҳаллӣ намоиш дода шуд.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки чорабиниҳои донишгоҳии Рӯзи модар ва Наврӯзи байналмилал тариқи шабакаҳои хориҷии ИРНА (Ҷумҳурии Исломии Эрон) ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, ва маҳаллӣ, аз ҷумла «Азия», «СМ-1» «Танин», «Диёр» ва ғайраҳо муфассал намоиш дода шуданд. Кормандони марказ ҳамчунин мусоҳибаҳои алоҳидаи устодони Донишгоҳро дар барномаҳои телевизиони вилоят аз ҷумла, «Фурӯғи шом», «Тоҷикона», «Равзанаи меҳр», «Ахбор», «Паёми Суғд» ва ғайраҳоро ташкил намуданд.
Кормандони Марказ барои инъикоси чорабиниҳои илмии донишгоҳ аз ҷумла конфронсҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ «Масъалаҳои физикаи муосир», ки ба муносибати 75-умин солгарди муҳаққиқи тавонои улуми дақиқ, доктори илмҳои таърих, профессор Хуршед Абдуллозода, «Иқтисодиёт ва дурнамои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бахшида ба 150 солагии Нақибхон Туғрал, бахшида ба солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории навин», «Олими иқтисодшинос ва ташкилотчии моҳир» бахшида ба 60 солагии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдураҳмон  Қодировро ба таври густурда инъикос намуданд.
Ҳамзамон мулоқоти Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо устодон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ, ташрифи сафири Ҳиндустон ба Тоҷикистон Лата Ядав Касум ба ДДХ, мулоқоти ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов бо донишҷӯёни ятиму маъюб, вохӯрии устодону донишҷӯён бо вакилони маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраро тариқи расонаҳои хабарии донишгоҳӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ мунъаис карданд.
Роҷеъ ба ҳодисоти муҳими сиёсӣ ва таҳияву ба нашр расонидани мақолаву вокунишҳо корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, давоми соли 2015 беш аз 500 адад вокунишҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ тариқи ВАО-и дохиливу хориҷӣ таъмин гардиданд. 
Бо иттилоот таъмин намудани сомонаи Донишгоҳ як паҳлуи дигари фаъолияти Марказ буда, дар ин самт низ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Тарҳи нави сомонаи донишгоҳ роҳандозӣ гардид, ки он имкон дод боз ҳам хонандагони сомона бештар гардад. Дар соли 2015 дар сомонаи донишгоҳ дар маҷмӯъ 553 маводҳо чоп шудаанд. Ҳамзамон далелу арқоми маводҳои доимии ин сомона мавриди таҷдид ва аз навсозӣ қарор гирифтааст. Баъди фаъол гардидани сомона, таваҷҷуҳи расонаҳои иттилоотӣ, хоссатан оҷонсиҳои иттилоотӣ ба он афзуда, имрӯза расонаҳои «АМИТ «Ховар», «Тоҷнюс», «Фараж», «Озодагон», «Азия плюс», «Авеста», «Озодӣ»  ва сомонаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо нишондодани сарчашма аз сомонаи Донишгоҳ фаровон истифода намуда истодаанд.
Бо назардошти талаботи замони муосир ва фарогирии рӯйдодҳои донишгоҳ дар шабакаи ҷаҳонии интернет дар сомонаи «Фейсбук» саҳифаи махсуси «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ифтитоҳ гардид, ки то имрӯз он фаъол аст.
Бо ташаббуси Марказ чорабиниҳои муҳими донишгоҳӣ мунтазам ва фаврӣ ба тариқи сомонаҳои «Ховар», «Суғд», «Авеста» ба нашр мерасанд, ки хонандагони зиёд доранд. 
Тавассути нашрияи донишгоҳӣ «Нури маърифат» аз тарафи кормандони Марказ тамоми фаъолияти Донишгоҳ инъикос мегардад, ки таҳлили ду-се шумораи охири он далели воқеъӣ шуда метавонад.  Нашри рӯзномаи донишгоҳии «Нури маърифат» аз 2000 то ба 15000 нусха расонида шуд.  Нуқтаҳои муҳими мавзӯъҳои матраҳшаванда дар ҷаласаҳои Раёсат ва Шӯрои олимон ба таври васеъ инъикос карда мешавад. 
Дар ҳамкорӣ бо нашрияҳои вилоятӣ: «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда» ва рӯзномаҳои русзабони ҷумҳуриявии «Народна газета» ва «Азия плюс» мусоҳибаҳои ихтисосии ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов ташкил ва ба нашр расонида шуданд. Ҳамзамон тариқи рӯзномаҳои «Ҷумҳурият»,«Ҷавонони Тоҷикистон», «Омӯзгор», «Сухани халқ» ва ғайраҳ маводҳои зиёд интишор гардиданд ва ин ҳамкорӣ дар оянда низ тақвият меёбад.
Дар соли 2015 Маркази иттилоот ва таҳлил фаъоляти худро бо Раёсату шуъбаҳои Донишгоҳ аз ҷумла Раёсати таълим, Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, шуъбаи тарбия, шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ғайра тибқи нақшаи таҳиягардида вусъат бахшида, иқдом ва фаъолияти назаррасонро тариқи ВАО тарғиб намуд.
Кормандони Марказ тибқи Низомнома, аз рӯйи салоҳият ва ӯҳдадорӣ ба Ректори донишгоҳ иттилоотро дар бораи вазъи афкори умум ва муносибати воситаҳои ахбори омма ба фаъолияти Раёсати донишгоҳ факултетҳо маълумот ҷамъоварӣ, таҳлил, хулосагарӣ ва пешниҳод намуда истодааст. 
 




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар