ТЕЛЕФОН:1.800.987.6543
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
“Иншои беҳтарин” Раёсати илм ва инноватсия бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин” баргузор менамояд. Ҳамаи кормандон новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмун ширкат варзанд. Муҳлати охирини қабули иншо санаи 01.12.2017. “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” Диққат - озмун. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд. Даври якуми озмун то санаи 20.11.2017 дар факултетҳо ва даври финалӣ санаи 27.11.2017 аз тарафи ҳакамони озмун ҷамъбаст мегардад.





МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ

Пажӯҳишгоҳи илмҳои ҷомеашиносӣ дар назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров моҳи сентябри соли 2011 дар заминаи Маркази пажӯҳиши тамаддуни Сомониён ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии ЮНЕСКО таъсис ёфтааст. Пажӯҳишгоҳ алҳол аз се маркази илмӣ-тадқиқотӣ – Маркази пажӯҳиши тамаддуни Сомониён (мудир – профессор Ҳасанов А.), Маркази илмӣ-таҳқиқотии ЮНЕСКО (мудир – профессор Набиев В.М.) ва Маркази пажӯҳиши тамаддуни Шарқ (мудир – профессор Ғаффорова З. А.) иборат буда, ҳадафи асосии он ба роҳ мондану анҷом додан ва вусъат бахшидан ба таҳқиқи сарчашмаҳои форсиву точикӣ ва арабӣ дар заминаи таърихи адабиёт, адабиётшиносӣ ва таърихнигорӣ ба шумор меравад. Фаъолияти Пажӯҳишгоҳ тибқи нақшаи махсуси илмӣ сурат гирифта, дар ду самт идома меёбад: самти аввал корҳои илмӣ-тадқиқотӣ; ва самти дувум таҳия, тарҷума ва нашри осори илмиву адабӣ.
Муаммоҳои асосии илмӣ-таҳқиқотии Пажӯҳишгоҳ аз инҳо иборатанд: 1. Омӯзиш, таҳқиқ ва нашри осори хаттии асри Х1Х – ибтидои асри ХХ (роҳбари илмӣ - профессор Хоҷаева М. Ю., иҷрокунандагон - Аъзамзод С., Эшонқулов И., Ҳоҷиев А.); 2. Масъалаҳои таҳқиқи осори хаттии форсии шибҳи қораи Ҳинд (роҳбари илмӣ - профессор Ғаффорова З. А., иҷрокунандагон - Саидов С., Раҳматов Б.); 3. Масъалаҳои мероси адабии арабӣ (роҳбари илмӣ - профессор Ғаффорова У. А., иҷрокунандагон – Насриддинов Ф., Дадобоев Қ., Ғафуров А., Очилова М.); 4. Масъалаҳои шинохти арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва адабии давраи Сомониён (роҳбари илмӣ - профессор Ҳасанов А. А., иҷрокунандагон - Зоҳидов Н, Ғиёсов Н. ба тариқи шартнома, Олимҷонов М., Нуров Н., Нуруллоева М.); 5. Масъалаҳои таърих, этнография, сиёсатшиносӣ, фарҳанги миллӣ (роҳбари илмӣ ва иҷрокунандагон - профессор Набиев В. М. ва профессор Оқилова М.; Шарифова Ш.).
Дар бахши таҳия, тарҷума ва нашри осори илмиву адабӣ таҳия ва нашри сарчашмаҳои муҳими адабиву таърихии форсизабон – девони Абулфазли Сират (профессор Хоҷаева М.), девони Сайфиддини Исфарангӣ, «Афзал-ут-тазкор»-и Афзал махдуми Пирмастӣ (дотсент Аъзамзод С.), тазкираҳои Мирсиддиқхони Ҳашмати Бухороӣ (Эшонқулов И.), «Тазкори ашъор», «Рӯзнома»-и Садри Зиё, тазкираи Шаръӣ (профессор Хоҷаева М. Ю., дотсент Аъзамзод С.), маснавии «Меҳр ва Моҳ»-и Ҷамолии Деҳлавӣ, девони Файзии Фаёзӣ, Урфии Шерозӣ, Назирии Нишопурӣ (профессор Ғаффорова З. А.), тарҷумаи “Ахлоқи Носирӣ” ба забони русӣ (профессор Ғаффорова У. А.), тарҷумаи “Ал-бидоя ва-н-ниҳоя”-и Ибни Касир аз забони арабӣ ба забони точикӣ (профессор Ғаффорова У. А., дотсентон Насриддинов Ф., Дадобоев Ф., Ғафуров А.) ва ғайраҳо ба назар гирифта шуда, бархе аз онҳо дар арафаи нашр қарор доранд.
Соли 2013 як қатор асарҳои кормандони Пажӯҳишгоҳ ба табъ расид, аз ҷумла девони Девони Моҳшарафхонум мутахаллис ба Мастураи Курдистонӣ (Муаллифи пешгуфтор ва муҳаррири масъул Мирзоюнус М. / Таҳияи матн ва луuат Ваҳҳобзода Д. / Муҳаррир Аъзамзод С. - Хуxанд: Нури маърифат, 2013.–244 с.–), осори профессор Набиев В.М. зери унвонҳои “Нигоҳе бо фарҳанги миллии тоxикон”(Душанбе: Адиб, 2013. -408с.); “Созандагони Тоxикистони соҳибистиrлол” (Душанбе: Ирфон, 2013.-340 с.); “Посдори фарҳанги миллb” (Хуxанд: Меъроx, 2013. - 40 с.); “Президент Эмомалb Раҳмон ва ташаккули сиёсати давлатии xавонон дар Тоxикистон” (Хуxанд: Меъроx, 2013. – 48 с.); Субҳони Аъзамзод. “Ойина ва ойинадорон: Маxмўаи маrола, таrриз ва гузоришҳо бахшида ба равандҳои наrди адабии тоxик” (Хуxанд: Меъроx, 2013.–300 с.).
Самти дигари фаъолияти бархе аз кормандони Пажӯҳишгоҳ ба мустаҳкам намудани робитаи илм ва таълим, густариши таҷрибаи ҷаҳонии таҳсилот ва ислоҳоти маориф нигаронида шудааст. Профессорон Ғаффорова У. А., Хоҷаева М. Ю., Ғаффорова З. А. ва дигарон дар лоиҳаҳои барномаи байналхалқии TEMPUS ва ERASMUS MUNDUS фаъолона иштирок доранд.
Дар назди Пажӯҳишгоҳ маҳфилҳои илмии “Фурӯғ” (роҳбар - профессор Хоҷаева М.) ва “Ховаршинос” (роҳбар – профессор Ғаффорова У.) фаъолият мебаранд.
Ташкилкунанда ва директори аввалини Пажӯҳишгоҳ доктори илмҳои филологӣ, профессор Хоҷаева М. Ю. мебошад. Аз моҳи сентябри соли 2012 профессор Ғаффорова У.А. сарварии Пажӯҳишгоҳро ба ӯҳда дорад. Дотсентон Насриддинов Ф. ва Нуров Н. ба ҳайси муовинони раиси Пажӯҳишгоҳ фаъолият мебаранд.





Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар