ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





РАЁСАТИ ИЛМ

Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ
Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолияти мухталиф ва гуногунҷабҳаи илмии донишгоҳро танзим менамояд. Он соли 1991 баъди ба Донишгоҳ табдил ёфтани Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод таъсис ёфтааст. Нахуст ҳамчун сектори илмӣ-тадқиқотӣ амал карда, аз соли 2001 ба шӯъбаи илмӣ-тадқиқотӣ ва соли 2012 ба Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ табдил ёфт. Дар ҷараёни фаъолияти раёсат иҷрои мавзӯъҳои супоришии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории конфронсҳои илмӣ, таъмини иҷрои нақшаҳои марбут ба фаъолияти илмӣ, аз ҷумла Барномаи дурнамои корҳои тадқиқоти -илмӣ, нақшаи тайёр кардани кадрҳои соҳибунвон ва амсоли ин пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, кори Шӯрои олимони ҷавон ва Ҷамъияти илмии донишҷӯён низ бо фаъолияти шӯъба ҳамоҳанг карда мешавад.

Танзими семинарҳои илмӣ ва маҳфилҳои илмии донишҷуён низ дар шумори масоили муҳими низоми фаъолияти раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ қарор доранд.

Назорати иҷрои Барномаи дурнамои корҳои тадқиқоти илмӣ, ки барои панҷ сол як маротиба қабул ва дар Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ мегардад, муҳимтарин самти фаъолияти раёсати илм маҳсуб мегардад. Агар то соли 2005 аз ҷониби кафедра ва факултетҳо беш аз сад мавзӯъ ба меҳвари таҳқиқ гузошта шуда бошад, бо мақсади танзими дуруст ва иҷрои корҳои мушаххас дар барномаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ин шумора ба 56 мавзӯи бисёрҷабҳаи илмӣ расонида шуд.

Ҳамасола, аз ҷониби раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ беш аз 30 конфронсҳои илмии сатҳи мухталиф доир мегардад. Баргузории конфронсҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ бахшида ба ҷашну санаҳои муҳими таърихӣ аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти раёсат маҳсуб мешавад.

Дар назди Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ нашри фаслномаи «Номаи Донишгоҳ» дар бахшҳои гуманитарӣ ва табиатшиносӣ ба роҳ монда шудааст, ки соле чаҳор маротиба аз чоп мебарояд. Бахши ҷомеашиносии маҷалла дар қайди КОА-и Федратсияи Русия қарор дорад. Ҳамзамон, фаъолияти табъу нашри Донишгоҳ низ аз ҷониби шӯъбаи илм ба танзим дароварда мешавад, ки барои ин Шӯрои табъу нашр фаъолият мекунад. Он аз воҳидҳои сохтории дохили раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба шумор рафта, моҳе як маротиба ҷаласаҳои худро оид ба тавсияи асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ доир менамояд. Аз оғози раёсат то имрӯз вазифаи мудирии онро Р. Аҳмадов, Ғ. Ҳ. Усмонов, Т. Турдиев, Н. Нуров, М. Олимҷонов ба уҳда доштанд. Аз моҳи феврали соли 2012 номзади илмҳои филологӣ С. Аъзамзод дар вазифаи сардори Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолият мебарад. Номзади илмҳои химия, дотсент С. Ҳакимхӯҷаев ба сифати ҷонишини сардори раёсат, номзади илмҳои филология, Р. Абдуллоев сармутахассис, номзади илмҳои филология Э. Раҷабов ба сифати мутахассис кор мекунанд. Дар танзими кори раёсат дар солҳои мухталифи фаъолияти он кормандоне чун М. Муҳаммадҷонов, З. Ҷарқинзода, М. Умарова, М.Сатторова, М. Носирова, Ф. Баҳриев, М. Маннонова, Д. Фармонова, М. Ҳафизова, Ф. Шамсиддинова ва дигарон саҳм гузоштаанд.





Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар