ТЕЛЕФОН:1.800.987.6543
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
“Иншои беҳтарин” Раёсати илм ва инноватсия бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин” баргузор менамояд. Ҳамаи кормандон новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмун ширкат варзанд. Муҳлати охирини қабули иншо санаи 01.12.2017. “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” Диққат - озмун. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд. Даври якуми озмун то санаи 20.11.2017 дар факултетҳо ва даври финалӣ санаи 27.11.2017 аз тарафи ҳакамони озмун ҷамъбаст мегардад.





КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

Муассисаи таълимии давлатии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров (собиқ омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хуҷанд) дар асоси қарори мушовараи комиссариати халқии маорифи РСС Ӯзбекистон аз 01.02. соли 1928, № 20 ҳамчун техникуми омӯзгории мардона таъсис дода шудааст. Бо фармони комиссариати халқии маорифи РСС Тоҷикистон аз 27.01.1939 техникуми педагогии занона, омӯзишгоҳи омӯзгории № 1 ва техникуми педагогии мардона, омӯзишгоҳи педагогии № 2 номида мешавад.
Бо азму талоши аввалин мудир Маъмурхон Акрамӣ якуми марти соли 1928 дарсҳо оғоз меёбанд. Ба курсҳои тайёрии техникум 25 нафар ташнагони илму дониш шомил мегарданд, ки минбаъд аз машъалони маориф гардида, дар ривоҷу равнақи он саҳм мегиранд. Пас аз курси тайёрӣ ҳамаи бисту панҷ нафар донишҷӯ мегарданд, ки се нафарашон духтарон буданд. Нахуст¬ хатмкунандагони  техникум соли 1932 диплом мегиранд ва ба тарбияи насли наврас камар мебанданд. Дар байни онҳо дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Тоҳир Собир, собиқадори меҳнат, котиби кумитаи вилоятии ҳизб, раиси кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ Раҳмат Саидов, собиқ котиби кумитаи Ҳизби коммунисти ноҳияи Ашт Абдурасул Раҳимов, табиб – ҷарроҳи варзида Юнусҷон Тавфиқов, Аълочии тандурустии ИҶШС Алихон Тӯраев ва дигарон буданд.
Техникуми мардона дар бинои собиқ идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод»(ҳозира «Ҳақиқати Суѓд») ҷой гирифта, мадрасаи «Гузарчаи замон»- ҷои ҳозираи коллеҷи санъат, хобгоҳ қарор дода шуда буд. Ба донишҷӯён Ғанӣ Усмонов, Маъмурхон Акрамӣ, Ғаффор Расулов, Ҳотам Солеҳбоев барин равшанфикрон, ки техникуми омӯзгории шаҳри Ганҷаи Озарбойҷонро хатм карда буданд, бо масъулияти том дарс мегуфтанд.
Ҳукумат ва ташкилотҳои Ҳизби коммунист кӯшиш ба харҷ медоданд, ки бештар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Хусусан, фарогирии духтарони таҳҷоӣ дар мадди назар буд. Ҳамон солҳо дар техникум кумитаи комсомол ба обрӯю эътибори калон соҳиб буд. Ба ин ташкилоти ҷавонон аълочии хониш Рафоатхон Носирова сарварӣ мекард. ӯ дар як вақт муҳаррири рӯзномаи девории «Овози духтарон» низ буд.
Роҳбарияти омӯзишгоҳ барои ҳавасмандкунии духтарони муҳассил ҳамаҷониба ғамхорӣ мекарданд ва тадбирҳои зиёд меандешиданд. Соли 1931, 6 нафар духтарони пешқадам, аълочиёни хониш Р.Носирова, Ш. Бадалова, Н. Қобилова, М. Ҳоҷибоева, М.Аҳмадбекова ва К. Шаҳмуродова ба саёҳати шаҳри Москва фиристода шуданд. Ин сафар ба духтарон таассуроти калон бахшид.
Нахуст хатмкунандагони техникум дар ҳақиқат сазовори боварӣ будани хешро дар амал собит карданд. Онҳо фаъолияти кориашонро аз омӯзгорӣ оғоз карда, тавассути саводи комил, ташкилотчигию ҳалолкорӣ ба вазифаҳои баланд тавсия шуданд ва солҳои дароз хизмати халқу Ватанро иҷро карда, соҳиби иззату эҳтиром шуданд. Хосият Комилова–муаллимаи Хизматни-шондодаи Тоҷикистон, Рафоат Носирова–Аълочии маорифи Тоҷикистон ва ИҶШС, Марям Бозорбоева – собиқ муовини вазири маорифи Тоҷикистон, ӯғулой Тоҳирова–собиқ раиси кумиҷроияи шаҳри Чкалов, баъдан муовини раиси кумиҷроияи вилоят, Ҳилола Мирзобоева – директори мактаби миёнаи №6, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Алияхон Исҳоқова – Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тухтахон Исоқова – мудири муассисаҳои бачагонаи шаҳр, Омина Дадобоева – директори омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳр, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, дорандаи ордени «Барои меҳнати шоён», Норинисо Ҳомидова – сарвари мактаби ҳафтсолаи рақами №4, Иноят Икромова – мудири шӯъбаи маориф, Зайнаб Сулаймонова – муаллимаи Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон, Файзӣ Насруллоева – муовини вазири маорифи Тоҷикистон. Рӯйхати чунин занҳои мӯътабарро, ки алҳол давлати пирӣ меронанд ва баъзеашон бо ҳаёт падруд гуфтаанд (равонашон шод бод), идома додан мумкин аст, ки таълими нахустинро аз техникуми занонаи педагогӣ гирифтаанд.
Солҳои чилум дар техникуми мардона ва занона хониш бо муваффақият давом мекард. Теъдоди хонандагон 588 нафарро ташкил медод. Бояд қайд кард, ки дар пешравии техникуму омӯзишгоҳ машъалони маорифи халқ, иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳасанхон Эшонов ва директори омӯзишгоҳ Тоҷибой Назаров саҳми калон доштанд. 
Дар ин айём омӯзишгоҳ  дорои  шуъбаҳои шабона ва ғоибона буда, бист нафар муаллимон асосҳои илмро ба хонандагон меомӯзониданд.
Агар дар соли хониши 1938-39 шумораи хонандагон 312 нафарро ташкил намояд, дар соли хониши 1940-1941 шумораи хонандагон ба 588 нафар мерасад. Дар худи ҳамин сол миқдори хатмкунандагон 97 нафар ва шумораи омӯзгорон 40 нафарро ташкил намуданд.
Дар ибтидои моҳи марти соли 1941 ҳар ду техникум муттаҳид карда шуда, ба он номи Омӯзишгоҳи педагогии Ленинобод ба номи Н.К.Крупская дода шуд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳаёти мардум бо мушкилию муаммоҳояш нақш бастааст. Ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ мардумро аз меҳнати осоишта барканор карда, ба сатҳи зиндагии мардум таъсири манфӣ расонд. Моҳи августи соли 1942 директори омӯзишгоҳ Тоҷӣ Назаров, мудири қисми таълимӣ Қодир Назаров ба сафи Армияи Советӣ даъват карда мешаванд ва аввал Бобоҷон Олимҷонов, баъди ба ҷанг рафтани ӯ Неъмат Бойматов директори омӯзишгоҳ таъин карда мешавад.
Хонандагони ин давра Ғафур Ҳайдаров, Шарофат Дадобоева, Онахон Олимова, Зулфияхон Қаҳҳорова, Набӣ Валиев, Марям Ҳикматова, Бароат ӯлмасова, М.Сатторов, Аҳмадбой Эргашев – иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Савринисо Алиматова, Исмоил Ҳамзалиев – Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, Рауф Дадобоев – хатмкунандаи курси яксолаи омӯзгорӣ, собиқ Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солеҳзода Карим – рӯзноманигор, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, хатмкунандаи курси омӯзгорӣ ва садҳо дигарон дар ҳақиқат чун фарзандони барӯманди замон баҳри пешрафти ҷамъият корҳои зиёде намуданд.
Солҳои 1942-44 шуъбаи маорифи халқ зани кордону ташкилотчӣ Муборак Иброҳимоваро директори Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ таъин мекунад. Ӯ ба солҳои вазнини ҷанг нигоҳ накарда, барои ташкили дурусти ҳаёти хонандагон, хусусан духтарони аз ноҳияҳо омада чораҳои зарурӣ андешид. Минбаъд, дар соҳаи маориф ва рушду нумӯи он ӯ хизматҳои арзандае менамояд.
Соли 1944 шуъбаи маорифи шаҳр зани фаъол ва омӯзгори дилсӯз хатмкунандаи ҳамин макони маърифат Рафоат Носироваро ба омӯзишгоҳ директор таъин мекунад. Зиндагӣ душвор буд. Сару либос намерасид. Кам будани хӯрокворӣ танқисиҳоро ба миён оварда буд. Кулли хонандагонро волидайн ба ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ сафарбар менамуданд. Омӯзгорон барои гузаштани дарс ва ҷамъ кардани хонандагон соатҳо вақт сарф мекарданд. 
Дар соли хониши 1944-45 бори нахуст дар омӯзишгоҳ гурӯҳи русӣ ташкил карда мешавад. Дар ин гурӯҳ 20 нафар хонандагон таҳсил менамоянд.
 
ОМўЗИШГОҲ ДАР ДАВРАИ БАЪДИҶАНГӢ
 
Аз 29 июли соли 1946 Дадобоева Омина иҷрокунандаи вазифаи директор ва аз 22 декабри ҳамон сол директори омӯзишгоҳ тасдиқ мешавад. Дар ин давра шумораи донишҷуён 250 нафарро ташкил мекардад. Ҳамон соле 44 нафар омӯзишгоҳро хатм намуда, ба шоҳроҳи ҳаёт раҳсипор гаштанд. 
Солҳои 1950-51 омӯзишгоҳ таҳти сарварии директори он Муҳаррама Расулова ва солҳои 1951-1954 таҳти роҳбарии Омина Дадобоева рушду камол меёбад. Соли хониши 1953-1954 шумораи донишҷуён 327 нафарро ташкил мекунад ва курси 4-уми омӯзишгоҳро ҳамон сол 53 нафар толибилмон хатм менамоянд, ки аз онҳо 33 нафар ба гурӯҳи тоҷикӣ ва 20 нафарашон ба гурӯҳи ӯзбекӣ тааллуқ доштанд. Бо дипломи аъло хатмкардагон 10 нафарро ташкил менамуданд.
16 октябри соли 1958 бо фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №225 Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ муваққатан баста мешавад ва хонандагони он ба омӯзишгоҳҳои омӯзгории шаҳри Конибодом ва Душанбе тақсим карда мешаванд.
 
АЗ НАВ ТАШКИЛ ШУДАНИ ОМӯЗИШГОҲИ ОМӯЗГОРӣ – ТАҚОЗОИ ЗАМОН
 
Дере нагузашта соли 1960 тибқи қарори комиҷроияи вилояти Ленинобод ба шуъбаи маориф супориш дода мешавад, ки дар маркази вилоят омӯзишгоҳи педагогӣ барои тайёр кардани муаллимони забони русӣ ба мактабҳои таҳсилоташ тоҷикӣ бо теъдоди 120 нафар толибилмон қабул карда шаванд ва ин супориш дар муҳлати муқарраршуда ба иҷро мерасад. Директори ҳамонвақтаи омӯзишгоҳ собиқ мудири шӯъбаи маориф,  Аълочии маорифи Тоҷикистон Баротҷон Фозилов кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки омӯзишгоҳ шӯҳрати пешинаи худро барқарор кунад.  Соли хониши 1966-1967 шуъбаҳои нав – томактабӣ ва ғоибона илова мешавад. 
Мақоми роҳбар дар такомули донишгоҳ басо калон аст. Хушбахтона, ҳар директоре, ки ба омӯзишгоҳ таъин мешуд, шахси кордидаву хоксор, мӯнису ғамхор ва некбин буд. Яке аз онҳо Зулфия Баҳриддинова дар мустаҳкам ва қавӣ гардонидани пояҳои таълимӣ ва ташкили шуъбаҳои нав басо заҳмат кашид. Соли нахуст ба шуъбаи ғоибона 30 нафар ва ба шуъбаи томактабӣ 60 нафар толибилмон бо шавқи тоза шомил гардиданд.
Директори омӯзишгоҳ Зулфия Баҳриддинова барои сохтани бинои нави таълимии ҳозиразамон борҳо ба идораҳои дахлдор ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд. Дар асоси нақшаи Госплани Иттиҳоди Шӯравӣ комплекси нави бинои омӯзишгоҳ дар ҷои хушманзараи соҳили рости дарёи Сир қомат рост кард, ки дорои 12 кабинети таълимӣ, толори варзиш, маҷлисгоҳ барои 280 ҷойи нишаст, ошхона, хобгоҳи №1 буд. Соли 1971 моҳи ноябр бинои дуюми хобгоҳ барои 240 ҷой ба истифода дода шуд. Дар ду хобгоҳ дар як вақт 500 хонанда ҷой дода шуда буд. 
Дар ин давра омӯзгорони пуртаҷриба А.Раҳматов, Л.Азизов, Н.Қодиров, Д.Дадобоев, М.ӯрунова, С.Ғаниева, Н.К.Сайко, М.А.Титова, А.Н.Пиченкова,  Г.Шарифова, Ҳ.Қодирқулов, О.Акбаров, М.Орипов ва даҳҳо дигарон дар тарбияи шогирдон заҳматҳои зиёде кашидаанд.
Табиист, ки шуъбаи томактабӣ аз шуъбаҳои калотарини омӯзишгоҳ буда, он аз соли 1967 то соли 1997 амал намуд ва садҳо мураббияҳои муассисаҳои томактабиро барои боғчаи бачагон тайёр намуд, ки онҳо имрӯзҳо баҳри тарбияи кӯдакон тамоми маҳорат ва истеъдоди худро равона карда истодаанд.
Бояд  қайд намуд,  ки дар  ин солҳо саҳми омӯзгорон Азизов Л., Назарова М,  Наҷмиддинова Х., Пиченкова А., Морозова Г.А., Шарипова Г, Рӯзибоева Ш., Атаева Д., Қодиров Н., Сулаймонова Г., Холматова Г., Исмоилов Р., Неъматов Т.Н., Раҳмонов А., Муталлимов А., Мамадҷонова Х.,  Ҳомидбоев М., Сулаймонова К., ӯрунова М., Сайко Н.К., Исломов М., Азизов Э., Ҷалилова Т., Ермолаева Н.А.,Дадобоева Д., Ҷалилов А., Абдурашидов А., Юсупова М., Ғаниева С., Никулина О.К., Юнусов А., Полвонов М., Нурматов С. дар тарбияи шогирдон хеле назаррас аст.
Заруратро ба инобат гирифта, соли хониши 1971 – 1972 дар омӯзишгоҳ шуъбаи нав – мусиқӣ ба фаъолият шуруъ кард. 30 нафар донишҷӯён ба омӯхтани асрори таълими мусиқӣ шуруъ карданд. Шуъба барои мактабҳо муаллимони мусиқӣ ва барои муассисаҳои томактабӣ роҳбарони мусиқӣ тайёр мекард. Тақозои замон талаб мекард, ки ба омӯзгорони ин фанни наҷиб ҳам дар мактабҳо ва ҳам дар муассисаҳои томактабӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад. Зеро кӯдаконро аз хурдӣ бо санъати мусиқӣ шинос кардан, олами ботинии онҳоро сайқал додан, ҷаҳонбинии онҳоро бой намудан ба пешрафти минбаъдаи бачагон роҳи васеъ мекушояд.
Дар ташкил ва гузаронидани консертҳо ба онҳо сармуаллим Ёқубов Акбарҷон, Ҳасан Қурбонов, Ҳусейн Қурбонов, Қурбонова Азиза, Абдуназаров Султон, Галимов Саҳобиддин, солистони ансамбли созию овозии «Сипар» Эҳсон Шарипов, Сӯҳроб Шониёзов, Неъмат Мираҳмадов, роҳбари ансамбли «Майл» Нодир Абдураҳмонов, Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ Каромат Ҳоҷиева, Ҳунарманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дилором Қурбонова ва садҳо дигарон, ки таълими нахустинро аз омӯзишгоҳ гирифтаанд, хеле назаррас мебошад. 
Нишони одамӣ дар ҷаҳони ҳастӣ ва умри начандон тӯлонии хеш қабл аз ҳама хайрхоҳ будан, нисбат ба мардум некӣ кардан ва нафъи безар доштан ба инсон аст. Беҳтарин амал дар зиндагӣ маҳз накӯхоҳӣ маҳсуб мешавад. 
Ин суханон бешубҳа ба сарвари Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ Хосият Мамадҷонова таалуқ доранд, ки аз соли 1978 то соли 2000 сарварии онро ба ӯҳда дошт. ӯ ягона сарвари ин даргоҳи кӯҳани маърифат мебошад, ки ин ҷо давоми 22 сол роҳбарӣ намудааст. Дар ин муддат ӯ хешро ҳамчун сарвари оқилу сахтгир, серталабу бомасъулият, донандаи хуби касбу кори хеш, нозукбину қавиирода, хоксору хайрхоҳ ва ояндабин муаррифӣ кардааст. Маҳз дар давраи сарварии ӯ сифати таълиму тарбия дар омӯзишгоҳ хеле баланд рафта, аҳли ҷомеаи омӯзишгоҳ дар иҷрои корҳои ҷамъиятӣ низ хеле фаъол буданд. 
Моҳи марти соли 1985 бо ташаббуси Идораи мактабҳои миёнаи махсус дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Ленинобод якумин олимпиадаи умумиҷумҳуриявӣ аз фанни забони русӣ гузаронида мешавад, ки ба он аз омӯзишгоҳҳои омӯзгории шаҳрҳои Кӯлоб, Панҷакент, Душанбе, Қӯрғон¬теппа, Ҳисор ва Хуҷанд довталабон ширкат варзиданд. Натиҷаи озмун аз тарафи ҳакамон ҷамъбаст гашт ва ҷои якум насиби Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюм насиби Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ҳисор гардид.
 
Дар соли хониши 1988 – 89 дар ду шуъбаи омӯзишгоҳ – шуъбаи томактабӣ 836 нафар донишҷӯён ва шуъбаи мусиқӣ 92 нафар донишҷӯён таҳсил менамуданд. Ба онҳо 97 нафар омӯзгорон таълим медоданд. Дар ин сол 157 нафар донишҷӯён таълимгоҳро хатм намуда, тибқи роҳхат ба кор ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҷумҳурӣ рафтанд.
Дар соли хониши 1989 – 1990 дар шуъбаи рӯзона 1011 нафар, дар шуъбаи ғоибона 360 нафар таҳсил кардаанд, ки нисбати солҳои пешин хеле зиёд буд. Дар ин солҳо фаъолияти иттиҳодияҳои методии омӯзишгоҳ бо сарварии мудири қисми таълими омӯзишгоҳ, Аълочии маорифи Тоҷикистон Тӯхтабой Неъматов хеле дар сатҳи баланд ташкил шуда буд.
Дар соли хониши 1991 – 92 боз ду шуъбаи нав арзи ҳастӣ кард, ки яке шуъбаи мактабӣ ва дигаре шуъбаи тарбияи ҷисмонӣ мебошад. Шуъбаи мактабӣ аз соли 1991 то ин дам зиёда аз 2000 нафар мутахассисонро тайёр намуда, баҳри таълиму тарбия сафарбар намуд, ки ҳоло мутахассисони тайёр кардаи ин шуъба дар макотиби вилоят ва берун аз он бомуваффақият кор мекунанд. Бояд қайд кард, ки аҳли ҷомеаи омӯзгорон ва хонандагон як оилаи гуногунмиллатро ташкил менамуданд, ки дар он то солҳои 1995 қариб намояндагони 17 миллат кору фаъолият доштанд. 
Бо дастгирии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси директори омӯзишгоҳ Хосият Мамадҷонова ва мудири шуъбаи маорифи вилоят Ҳ.Турдиматов  соли хониши 1991 – 1992 30 нафар довталабон бо маълумоти синфи 9 ба шуъбаи тарбияи ҷисмонӣ қабул карда шуданд ва дар солҳои минбаъда довталабон ба ин шуъба пас аз хатми синфи 11 қабул карда мешуданд.
Бо амри таърих ва дар натиҷаи талошҳои пайгиронаи аҳли ҷомеа, Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 1999 таҳти рақами 262 ба коллеҷи омӯзгорӣ табдил дода шуда буд. Баъд аз табдили он ба коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров доираи фаъолияташ боз васеъ гардид. Ин аст, ки коллеҷи омӯзгорӣ ҳамчун зинаи аввали сохтори мактаби олӣ зарурияти таъсиси кафедраҳои тахассусиро ба миён овард. Фазои илмиву таълимии онро ба инобат гирифта, собиқ ректори Донишгоҳ Сайдулло Абдуллоев бо фармони № 119 аз 4-уми декабри соли 2000 ба таъсиси кафедраҳои таърих ва ҷомеашиносӣ, риёзию табиӣ, забон ва адабиёти тоҷик, педагогика ва психология, умумимаърифатӣ асос гузоштанд. 
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои биология, дотсент Зулфинисо Раҷабова дар давраи гузариш ба сохтори коллеҷи омӯзгорӣ ва наздик кардани он ба сохтори мактаби олӣ ба ин даргоҳи маърифат сарварӣ намуда, мақом ва шӯҳрати онро дар миқёси ҷумҳурӣ ба маротиб афзун намуд. 
Ба сифати сарварии Коллеҷи омӯзгорӣ З.Раҷабова дар тӯли фаъолияти худ, вазифаи табдил додани сохтори омӯзишгоҳ ба коллеҷ ва наздик кардани он ба сохтори мактаби олиро иҷро намуд. Баъдан вазифаи сарварии коллеҷро Тохирова М. Ба ухда гирифт. Алхол директори коллеҷ н.и.ф. дотсент Мадина Набиҷонова мебошад. 
Имрӯз ҳайати омӯзгорони Коллеҷ 117 нафарро ташкил медиҳад, ки дар байни онҳо 98 нафар кормандони доимӣ, 19 нафар муштараквазифаанд. Аз ин шумор 1 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 20 нафар Аълочиёни маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50 нафар омӯзгорони дараҷаи олӣ маҳсуб мешаванд.
Хушбахтона, имрӯз ин муассисаи таълимӣ имкон дорад, ки барои соҳаҳои мухталиф мутахассисони заруриро омода намояд.
Ҳоло ин маскани маърифат дар истиқбол ва тавсеаи технологияи ҷадид, рушди навовариҳои илмӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарғиби арзишҳои олии башарӣ қадами устувор мениҳад.Дар барномаи дурнамои коллеҷ  ташаккул ва таҷҳизонидани ҳуҷраҳои замонавии фаннӣ, ташкил намудани боз як синфхонаи компутерӣ, гузариш ба низоми кредитии таълим ва аз ҳама муҳим ҷустуҷӯи усулҳои фаъоли самарабахши таълим, диққати ҷиддӣ додан ба сифати таълим ва сатҳи дониш пешбинӣ шудааст.
Ҳайати устодону шогирдони коллеҷ аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактабу маориф ва илму фарҳанг руҳбаланд гашта, баҳри боз ҳам баланд бардоштани сифати корҳои таълимию методӣ ва ҷустуҷӯи роҳу усулҳои нави таълим саъю кӯшиш менамоянд.
 




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар