ТЕЛЕФОН:1.800.987.6543
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
“Иншои беҳтарин” Раёсати илм ва инноватсия бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин” баргузор менамояд. Ҳамаи кормандон новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмун ширкат варзанд. Муҳлати охирини қабули иншо санаи 01.12.2017. “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” Диққат - озмун. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд. Даври якуми озмун то санаи 20.11.2017 дар факултетҳо ва даври финалӣ санаи 27.11.2017 аз тарафи ҳакамони озмун ҷамъбаст мегардад.





БАХШИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

Раёсати Донишгоҳ ба масъалаи такмили ихтисос ва бозомӯзии устодон диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 таҳти № 124 ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалц Раҳмон, ки зимни вохӯрӣ ба ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бахшида ба Рӯзи дониш 1-сентябр соли 2010  (Донишгоҳи Милли Тоҷикистон) баён намуданд, дар заминаи Маркази такмили ихтисоси омӯзгорони назди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шуд. Баҳри иҷрои фармон ва дастуроти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати Донишгоҳ ҳамкории худро бо Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгои Миллии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Масъалаи  такмили ихтисоси бозомӯзии омӯзгорони донишгоҳ дар қатори дигар масъалаҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ-методӣ дар фаъолияти  кории донишгоҳ мавқеи муайянро ишѓол менамояд.

Тибқи шартномаи дутарафа бо  директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ғаффоров А. ва ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ биснес ва сиёсати Тоҷикистон Ҷӯрабоев Ҷ. соли 2011 – 7 нафар, соли 2012- 3 нафар, соли 2013- 159 нафар ва соли 2014- 199 нафар аз соли 2011 то ҳол омӯзгорони донишгоҳ аз такмили ихтисос гузаштаанд.

Дар соли 2014 то моҳи декабр ҳамагӣ   199 нафар  омӯзгорони донишгоҳ ба курси такмили ихтисос иштирок намуда соҳиби шаҳодатнома гардиданд, ки ин 23,9 %-и  миқдори умумии омӯзгоронро  ташкил медиҳад.
 




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар