ТЕЛЕФОН:1.800.987.6543
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
“Иншои беҳтарин” Раёсати илм ва инноватсия бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин” баргузор менамояд. Ҳамаи кормандон новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмун ширкат варзанд. Муҳлати охирини қабули иншо санаи 01.12.2017. “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” Диққат - озмун. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд. Даври якуми озмун то санаи 20.11.2017 дар факултетҳо ва даври финалӣ санаи 27.11.2017 аз тарафи ҳакамони озмун ҷамъбаст мегардад.





ШӮЪБАИ ТАЙЁРӢ

Таърихи таъсис ва фаъолияти шӯъбаи тайёрӣ ба оғози солҳои аввали фаъолияти Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд алоқаманд аст.  
Дар оғози солҳои 30-юми  асри гузашта шумораи мактабҳои миёна ва шахсони мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро хатмкарда хеле камшумор буданд .
Барои таъмини мӯътадили қабули донишҷӯён дар назди донишкада курсҳои кӯтоҳмуддат (аз 6 моҳ то 1 сол) ташкил карда шуд. Ба ин курсҳо нафароне қабул карда мешуданд, ки  хоҳиши дар мактаби олӣ таҳсил карданро доштанд ва шунавандагони он барномаҳои таълимии мактаби миёнаро аз худ мекарданд.
Бо мақсади омодагӣ ба қабули довталабон дар соли хониши 1934-1935 аз таърихи 7-уми апрели соли 1934 курсҳои тайёрӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Мувофиқи нақшаи тасдиқ намудаи Комиссариати маорифи халқи ҷумҳурӣ  теъдоди қабули шунавандагон 120 нафар муайян шуда буд, вале ба курсҳои тайёрӣ ҳамагӣ 74 нафар хоҳишмандон  ариза дода, аз ин шумора 68 нафар ба сафи донишчӯёни донишкада қабул гардиданд.
Солҳои минбаъда низ қабули шунавандагон ва фаъолияти курси тайёрӣ идома дошт. Вале фаъолияти ҳақиқии шӯъба  асосан аз солҳои 70-уми асри ХХ оғоз гардид. Аз соли таҳсили 1970-71 сар карда, дар назди донишкада шӯъбаи тайёрӣ ба фаъолият оғоз намуд.  Дар соли таҳсили 1971-73 аз 199 нафар шунавандагон 116 нафар баъди супоридани имтихони қабул ба сафи донишҷӯён шомил гардиданд. Дар соли 1972-73 ва 1973-74  нақшаи қабул ба шӯъбаи тайёрӣ ба 125 нафар расонида шуд. Дар ибтидои соли 1974 дар шӯъбаи тайёрӣ 126 нафар шунаванда таҳсил менамуд ва баромади иҷтимоиашон чунин буд: 48 нафар коргар, 32 нафар колхозчӣ, 13 нафар коргарони хоҷагӣ, 13 нафар сарбозони аз хизмати ҳарбӣ баргашта буданд. Умуман шумораи шунавандагони шӯъбаи тайёрӣ  ҳар сол 100-120 нафарро ташкил мекард ва онҳо намояндагони тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят буданд. 
Шӯъбаи тайёрӣ дар бинои алоҳидаи Трести сохтмонӣ (КИДС)  дар ошёнаи дуюм ҷойгир шуда буд.  Шунавандагони аз ноҳияҳои дурдаст омада бо хобгоҳ таъмин карда мешуданд.  Аксарияти мутлақи онҳо баъди супоридани имтиҳони дохилшавӣ ба ихтисос ва факултетҳои интихоб кардаашон қабул карда мешуданд.
Шӯъбаи тайёриро дар солҳои гуногун шахсони зерин сарварӣ намудаанд: Х. Набиев (1974-1977). Ҳ. Самадов (1977-1980). А. Умаров (1980-2012). М. Мироватов (2012-2014)  аз моҳи октябри соли 2014 сарварии шӯъбаро Г. Шарипова  дар ӯҳда дорад.
Дар тӯли фаъолияти худ шӯъбаи тайёриро ҳазорон шунавандагон хатм намуда, ба сафи донишҷӯён дохил гардиданд. 
Шӯъбаи тайёрӣ заминаи хуби таъмини қабули довталабон ва баланд бардоштани сифати он мебошад, ки дар он устодони соҳибунвону ботаҷриба машғулиятҳои таълимиро ба шунавандагон меомӯзонанд.
Ҳоло дар шӯъбаи тайёрии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 162 нафар шунаванда вобаста ба кластерҳо таҳсили илм доранд.
 




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар