ТЕЛЕФОН:1.800.987.6543
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
“Иншои беҳтарин” Раёсати илм ва инноватсия бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин” баргузор менамояд. Ҳамаи кормандон новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмун ширкат варзанд. Муҳлати охирини қабули иншо санаи 01.12.2017. “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” Диққат - озмун. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд. Даври якуми озмун то санаи 20.11.2017 дар факултетҳо ва даври финалӣ санаи 27.11.2017 аз тарафи ҳакамони озмун ҷамъбаст мегардад.





ШӮЪБАИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ

Бахши таҷрибаомӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров аз соли 1934 то имрӯз фаъолият дорад. 
Солҳои мухталиф ба шӯъба Ҳакимова Элза Вагаповна, Юнусов Абдухалил Юсупович аз соли 1975 то 1998, Аълочии маорифи ҶТ, Мироватов Мӯсобек Самеевич аз соли 1998 то 2003 сол, номзади илмҳои педагогӣ (2002), дотсент (2005). Аълочии маорифи ҶТ (2002).,  Қӯзиев Муродҷон Азизович аз соли 2003 то 2015,   аз соли 2015 то ҳол Пулотов Назирчон фаъолият бурда истодаанд.
Шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ асосан бо муассисаҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ алоқаманд буда, бо шартномаи тарафайн фаъолият мебарад. Оид ба ташкили таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ бо раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти № 17 аз 02.02.2011 бо мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят шартномаи дутарафа ба имзо расидааст.  Шӯъба  бо  Литсеи №1,  Литсеи олмонӣ ба номи ГЁТЕ, Гулчини маърифат ва мактабҳои № 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 11, 12, 13, 15, 16, 18, 19, 21, 22, 24 шаҳри Хуҷанд, бо мактаби №10 шаҳри Чкалов, бо мактабҳои №1,10,13,15,17,23,24,32,33,49,57,58 ноҳияи Б.Fафуров ва бо мактабҳои № 4,5,6,14,17 ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамкорӣ дошта, кори якҷояи илмию методӣ ва ташкили конфронсҳоро мавриди истифода қарор додаст. 
Бо корхонаҳои истеҳсолии вилоят бошад, бо  ЖСК «Агроинвестбонк», «Амонатбонк», «Эсхатабонк», ООО «Суғдшарофар», «Тоҷиктелеком», ЖСК «Имонинтернейшенал», «Бонки миллӣ», ГИС «Тоҷиктелеком», МЗО «Оксус», ООО «Тирози ҷаҳон», ГУП «Садаф», А.О «Алмос», Маркази хизматрасонии «Мусаффо», АТС 4-6 ш. Хуҷанд, МЛТ ш.Хуҷанд, Экспресс-П ш.Хуҷанд, СП Сомонком, «Ориёнбонк»-и н. Мастчоҳ, ФНХ «АСТИ», Заводи пахтаи н. Мастчоҳ, Фирма ТОНГ «Чинор», Заводи таъмини қатораҳо «Маҳрам»-и н.Конибодом, ООО «Сохтмони деҳот», Фирмаи ЧП «Самадов», «Соҳибкорбонк», ЧП «Мухаммедов», ООО «Спитамен - Ойл», ОО «Матин» СП «Апрелевка» Консой, ОО «Таджера» Суғд, КВД «Ташхисгар» ш.Хуҷанд, Матбааи «Ношир», КИ «Мумтоз»-М, «Суғд-Газ», Конбинати консервабарории ш.Хуҷанд, «Нонпаз»-и ш.Хуҷанд, «АВИС» ш. Истаравшан, корхонаи пахтабарории «Комрон - холдинг»-и н.Б.Fафуров, ВТ- «Силк»-и ш.Хуҷанд, ЧСШК «Парвин», Заводи «Лаъл», ЧП «Correct», СП «Ҷавонӣ», ООО «Текстил ситил», ОАО «Нуртекс», ЗАО «Сатн», ООО «Тиниал», «Хуҷандатлас», «Интертранс», ООО «Яхмоси 33» шартномаи дуҷонибаи ҳамкориро ба имзо расонидааст. 
Алҳол мувофиқи нақшаҳои таълим дар факултетҳои мухталифи Донишгоҳ аз рӯи 11 намуд донишҷӯён таҷрибаомӯзӣ менамоянд.
  1. Таҷрибаомӯзии таълимӣ;
  2. Таҷрибаомӯзии таълимӣ–саҳроӣ;
  3. Таҷрибаомӯзии таълимӣ–лабораторӣ;
  4. Таҷрибаомӯзии планэрӣ;
  5. Таҷрибаомӯзии этнографӣ;
  6. Таҷрибаомӯзии рӯзноманигорӣ;
  7. Таҷрибаомӯзии фолклорӣ;
  8. Таҷрибаомӯзии шевашиносӣ;
  9. Таҷрибаомӯзии археологӣ;
  10. Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ;
  11. Таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ
 
Ҳамчунин дар ин фурсат аз ҷониби кормандони бахш, 10 дастури таълимию – методӣ, зиёда аз 64 мақолаю тезисҳо нашр карда шудааст.
 




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар