ТЕЛЕФОН:1.800.987.6543
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
“Иншои беҳтарин” Раёсати илм ва инноватсия бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин” баргузор менамояд. Ҳамаи кормандон новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмун ширкат варзанд. Муҳлати охирини қабули иншо санаи 01.12.2017. “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” Диққат - озмун. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд. Даври якуми озмун то санаи 20.11.2017 дар факултетҳо ва даври финалӣ санаи 27.11.2017 аз тарафи ҳакамони озмун ҷамъбаст мегардад.





ШӮЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ҒОИБОНА

Шӯъбаи ғоибона дар Институти педагогии Ленинобод аз соли 1937 ташкил карда шудааст. Дар ҳамон давра таълими ғоибона дар се факултет – забон ва адабиёти тоҷик, химия-биология ва таърих гузаронида шудааст, ки миқдори донишчӯёнаш 290 нафарро ташкил мекард. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои дар бойгонии вилоят маҳфуз буда(№ 264) аввалин мудири сектори ғоибона Раҳим Алӣ таъйин карда шудааст.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ таълими ғоибхонон идома ёфта, тибқи маълумотҳо миқдори донишҷӯёни ғоибхони Институти педагогӣ дар санаи 1-уми марти соли 1943 дар ҳамаи шӯъбаҳои ғоибона 372 нафарро ташкил медод. Барои беҳтар намудани фаъолияти шӯъбаҳои ғоибона бо мақсади фарогирии омӯзгорони маълумоти олӣ надошта Шӯрои комиссарони халқии РСС Тоҷикистон таҳти рақами 34 аз 18.12.1943 қарор қабул намуд, ки мувофиқи он миқдори гурӯҳҳои ғоибона дар омӯзишгоҳҳои педагогӣ ва институтҳои педагогӣ зиёд карда шуданд. Мувофиқи ҳамин қарори қабулгашта ва баҳри беҳтар аз худ намудани фанҳои омӯхташаванда мӯҳлати гузаронидани сессияи тобистона 40 рӯз муайян карда шуд.

Соли хониши 1947-48 шумораи донишҷӯёни ғоибхон дар ИДПЛ 265 нафарро ва дар Институти занонаи Ленинобод 226 нафарро ташкил медод. Дар солҳои баъди ҷангӣ низ фаъолияти шӯъбаи ғоибона борҳо дар Шӯрои олимони Институт мавриди баррасӣ қарор гирифта, қайд карда мешавад, ки дар соли хониши 1952-53 фаъолияти он беҳтар гашта пешрафти донишҷӯён аз 56% ба 73% расидааст. Инчунин дар маркази ноҳияҳои Уротепа (ҳозира Истаравшан), Нов (ҳозира Спитамен), Конибодом минтақаи машваратӣ (консулпункт) ташкил карда шуд, ки устодон рафта дар онҳо машғулиятҳо мегузарониданд. Ба минтақаи Конибодом донишҷӯёни ғоибхони ноҳияҳои Исфара, Ашт ва водии Фарғона, ба минтақаи Нов донишҷӯёни ғоибхони Пролетарск( ҳозира Ҷаббор Расулов), ноҳияи Бекобод ба минтақаи Уротепа донишҷӯёни ғоибхони Шаҳристон, Масчоҳ, Зафаробод, Панҷакент, Айнӣ, ноҳияи Ховост ва вилояти Сирдарё ҷалб карда шуда буданд. Дар ҳамин давра шумораи донишҷӯёни ғоибхони минтақаи Уротепа-346, Конибодом-349, Нов-407нафарро ташкил медод. Дар ҳамин давра аввалинбор таҷрибаомӯзӣ аз фанҳои ботаника, зоология ва хоҷагии қишлоқ гузаронида шуд. Дар соли хониши 1953-54 шумораи донишҷӯёни ғоибхон дар тамоми минтақаҳо ва Институти педагогӣ ба 4517 нафар расид.

Тибқи маълумотҳо соли 1976 институти педагогиро 376 нафар донишҷӯи ғоибхон хатм намуд. Хамин давраи соли хониш дар машваратҳои байнисессиявӣ 2595 нафар донишҷӯи ғоибхон ширкат варзидааст. Ба шӯъбаҳои ғоибонаи факултетҳо дар соли хониши 1976-77 аз рӯи ихтисосҳои мавҷуда 570 нафар ба курси аввал дохил шуданд, ки аз иҷроиши нақшаи қабули ҳамон давра шаҳодат медиҳад.

Дар солҳои баъдина сатҳу сифати таълим дар шӯъбаи ғоибона беҳтар шуда, шумораи донишҷӯён ва ихтисоҳо зиёдтар гардид.

Баъд аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1991) бо гузашти солҳо (аз с.1997 инҷониб) дар шӯъбаи таълими ғоибона ихтисосҳои нав аз қабили Маркетинг, Менечмент, Иқтисодиёт дар соҳаи маориф, Фаъолияти бонкӣ, Муҳосибот ва аудит, Системаҳои бисёршабакавии теллекомуникатсионӣ, Технология ва соҳибкорӣ, Системаҳои автоматии коркарди ахбор, Экология, География ва ҳифзи табиат, Хуқуқшинос-омӯзгор, Эчодиёти халқӣ ба фаъолият оғоз бахшида то имрӯз мутахассисони зиёдеро тарбия карда истодаанд.

Дар давоми солҳои 1937-1998 ба ҳайси чонишини директор, муовини ректор оид ба шӯъбаи ғоибона А.Алимухамедов, А.Қурбонов, Т.Мақсудов, Х.Мухамедов, Р.Ҷумаев, С.Асадуллоев, С.В. Литвинова, Х. Мирҳайдаров, М.Мирзоқулов, М.Улмасов фаъолият намудаанд.

Соли 1998 роҳбарии шӯъбаи таълими ғоибонаро ба ҳайси Мудири шӯъба то соли 2005 Сатторов Абдунабӣ ба ӯҳда дошт. Аз соли 2005 то соли 2009 дар ин вазифа номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Раҳимов Абдуфаттоҳ, аз соли 2009 то соли 2011 номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Раҳмонов Зикриё фаъолият намудаанд. Аз моҳи апрели соли 2011 инчониб вазифаи мудири шӯъба ба ӯҳдаи номзади илмҳои филологӣ, дотсент Маҳмадшоев Маҳмадшо вогузор карда шудааст. Моҳи июни соли 2009 номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Раҳимов Абдуфаттоҳ ба ҳайси Муовини ректор оид ба шӯъбаи таълими ғоибона таъйин гардид.

Дар соли хониши 2013-14 таҳсилоти ғоибона дар 13 факултети Донишгоҳ аз рeи 29 ихтисос ҷараён дошта, шумораи умумии донишҷӯёни ғоибхон 5953 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи писарон 1142 ва шумораи духтарон 4811 нафармебошад.

Шӯъбаи таълими ғоибона ҳамасола дар ибтидои соли таҳсили нав нақша-чорабиниҳоро таҳияву тасдиқ намуда, аз рафти ичроиш ва баргузории ин чорабиниҳо, баргузории машғулиятҳои таълимӣ, чараёни бонизоми сессияи санчишиву имтиҳонӣ, ичроиши сарбории омӯзгорон, ташкил ва гузаронидани дарсҳои кушод, иштироки масъулини факултетҳо ба машғулиятҳои устодон назорат мебарад.

Шӯъбаи таълими ғоибона нақша дорад, ки дар оянда тибқи Низомнома оид ба ташкили чараёни таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои факултетҳои ғайри омӯзгорӣ таҳсилоти фосилавиро ба роҳ монад.





Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар