ТЕЛЕФОН:1.800.987.6543
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
“Иншои беҳтарин” Раёсати илм ва инноватсия бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин” баргузор менамояд. Ҳамаи кормандон новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмун ширкат варзанд. Муҳлати охирини қабули иншо санаи 01.12.2017. “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” Диққат - озмун. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд. Даври якуми озмун то санаи 20.11.2017 дар факултетҳо ва даври финалӣ санаи 27.11.2017 аз тарафи ҳакамони озмун ҷамъбаст мегардад.





РАЁСАТИ ТАЪЛИМ

Пешрафти таҳсилу тадрис ва баланд бардоштани сатҳи сифати таълим яке аз ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаи муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, он дар радифи сохторҳои дигари марбут ба маорифи кишвар ҳамчунин тавассути муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, танзим ва амалӣ сохта мешавад. 


Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бинобар мавҷудият ва таъминоташон бо захираҳои зеҳнӣ ва имконоти мусоид дар густариш ва ташаккули самтҳои муайяни ноил шудан ба тайёр намудани мутахассисони соҳибмаълумоту пуртаҷриба чун зинаи муҳими кошиф ва бахши муассири амалисозандаи дастовардҳои навини илму техника дар соҳаҳои хоҷагии халқ, баромад мекунанд.

Аз сабаби он ки донишгоҳ ҳамчун муассисаҳои олии таълимӣ ва таълимгоҳ ба шумор меравад, раёсати таълим ҳамчун воҳиди асосии сохтори донишгоҳ ҳисобида мешавад.

Раёсати таълим омили ташкилкунанда, танзимкунанда ва таҳлилкунандаи ҷараёни таҳсил дар донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Пиёда кардани талаботи стандартҳои таълимии давлатӣ, риояи иҷроиши талаботи нақшаҳои таълимии шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона, амалишавии барномаҳои таълимиро ташкил ва натиҷабардорӣ менамояд.

Ташкилу танзими дуруст ба роҳ мондани ҷараёни таҳсил ва раванди таълим дар миқёси донишгоҳ, истифода ва дуруст ба роҳ мондани низоми кредитии таҳсилот, тибқи дастовардҳои муосири тарзу усулҳои таълим, техникаю технология, вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои самти таълим байни муассисаҳои таълимии дохилӣ ва хориҷро тақозо мекунад, ки дар сохтори мактаби олӣ раёсати таълим ҳамчун маҳзани ҷараёни таҳсилоту раванди таълим пурсамар фаъолият намояд.

Вазифа ва ҳадафҳои раёсати таълим ба ташкили мақсадноки ҷараёни таълим дар Донишгоҳ бо муайян кардани самтҳо, зинаҳои асосӣ, муаммоҳои таълим ва барои ноил шудан ба сатҳи баланди сифати таълим нигаронида шудаанд.

Инчунин диққати асосӣ ба такмил додан ва дар амал татбиқ намудани усулҳои нави таълим вобаста ба таҷрибаҳои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ оиди пурра ворид гардидан ба низоми кредитии таҳсилот нигаронида шудааст.

Самтҳои асосии фаъоияти раёсати таълим

Мусоидат дар тартиб додани барномаҳои кории таълимӣ (силлабусҳо) ва комплексҳои таълими методӣ, роҳномаӣ ба факултету кафедраҳо нисбати ба нақша гирифтани соатҳои таълимӣ, омодасозии тақсимоти сарбории омӯзгорон; муайян намудан ва танзими ҷадвали солонаи ҷараёни таълим, ҷадвали доирашавии сессияҳои санҷишу имтиҳонотии зимистона ва тобистона дар шӯъбаҳои таҳсили шакли рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ; тақвият бахшидан ба иштироки кормандони раёсати таълим дар баргузории конфронсу симпозиумҳо, вохӯриҳо бо олимону мутхассисони соҳа дар сатҳи донишгоҳ, вилояту ҷумҳурӣ ва байналмиллалӣ роҷеъ ба самтҳои фаъолияти таълимии донишгоҳ; ташкил, танзим ва назорати пайвастаи баргузории дарсҳои лексионӣ, семинарӣ, амалӣ дар шӯъбаи рӯзонаю ғоибона; ҷамъбасти натиҷаҳои сессияҳои санҷишу имтиҳонотии зимистонаю тобистонаи донишгоҳ дар алоҳидагӣ.
Тибқи маълумоти соли 2013 фаъолияти таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявии донишгоҳ дар 16 факултет ва 74 кафедра, аз ҷумла 8 кафедраи умумидонишгоҳӣ, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, Парки технологӣ, Китобхонаи марказӣ ба роҳ монда шуд. Дар донишгоҳ аз рӯи 83 ихтисос дар шӯъбаи рӯзона ва аз он 29 ихтисос дар шӯъбаи ғоибона дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил сурат мегирад.

Сенздаҳ факултет тибқи низоми кредитии таҳсил раванди таълимро ба роҳ мондаанд. Факултетҳои таърих ва ҳуқуқ, география ва экология, биология ва химия, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ соли таҳсили 2012 – 2013 ба низоми кредитии таҳсилот ворид шуданд. Факултетҳои рассомӣ-графикӣ, санъат ва тарбияи ҷисмонӣ дар арафаи воридшавӣ ба ин низом мебошанд.

Ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 862 нафар, аз ҷумла доктори илм, профессор – 47 нафар, номзади илм, дотсент – 337 нафар, сармуаллим – 230 нафар, муаллим – 248 нафар мебошад, ки аз онҳо унвондорон 44,5%-ро ташкил медиҳанд.

Донишгоҳ дорои иҷозатномаи хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар назди Вазорати маориф ва илми ҶТ (шаҳодатномаи АУ № 0000895 аз 28.04.2011) мебошад.

Донишгоҳ бо базаи моддиву техникӣ ва ахбороти раванди таълим, бинои асосӣ, 7 бинои таълимӣ, китобхонаи марказӣ, 7 хобгоҳ (3 хобгоҳ дар истифода), 300 аудиторияи таълимӣ, 32 лабораторияи таълимӣ, 110 кабинети махсус ва 76 кабинети таълимӣ таъмин мебошад. Инчунин дар 12 синфхонаи компутерӣ 561 компутер ва 125 воситаи гуногуни техникии замонавӣ, аз ҷумла 90 тахтаи электронӣ бо ҳамаи таҷҳизоти канорӣ, 32 проектор ва 20 кабинети лингофонӣ мавҷуданд.

Боиси таъкид аст, ки ба мақсади ба иҷро расонидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №59 аз 27.02.2010с. «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №223 аз санаи майи соли 2010 «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази ва илмию таҳқиқотӣ» дар факултетҳои Физикаю техника, Телеккоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, Биология-химия ва Рассомӣ – графикӣ, барои таҷҳизонидани лабораторияҳои фаннӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуданд. Масалан, аз ҷониби ширкати Мегафон ба факултети Телекоммуникатсия ва технологияҳои иттиоотӣ таҷҳизоти зиёди алоқаи мобилӣ тақдим гардид, ки барои беҳтар шудани сатҳу сифати машғулиятҳои лабораторӣ мусоидат хоҳад кард.

Аз ҷониби роҳбарияти ширкати ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «ТТ-Мобайл» ба кафедраи телекоммуникатсия ва радиоэлектроникаи факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ якчанд таҷҳизоти коммутаторӣ, сектори истифодабарӣ тӯҳфа гардидааст.

Соли сеюм аст, ки дар факултети физикаю техника аз рӯи ихтисоси 1-31 04 03 09 – "Электроникаи тиббӣ" қабули донишҷӯён сурат гирифтааст. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши муҳассилин ва тайёр намудани мутахасиссисони ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ кафедраи фанҳои умумитехникӣ бо кафедраи техникаи ҳисоббарор ва воситаҳои техникии аудиовизуалии таълим якҷоя гардида, кафедраи электроника ва техникаи ҳисоббарор ном гирифт.

Аз ҷониби кафедраи мазкур бо Тоҷиктелекоми минтақаи №10 шаҳри Хуҷанд шартномаи ҳамкорӣ баста шудааст. Дар асоси он машғулиятҳои ихтисоси радиофизика аз фанҳои Электроникаи фавқулбасомад, Техникаи импулсӣ ва дигар фанҳои тахассусӣ дар лабораторияҳои дорои асбобҳои махсуси ин муассиса гузаронида мешаванд.

Инчунин, аз ҷониби муассисаи мазкур ба кафедра таҷҳизоти АТК-8 (АТС-и хурд), 500 метр ноқил ва 6 дона аппарати телефонӣ тӯҳфа гардид. Донишҷӯён дар машғулиятҳои лаборатории асосҳои телекоммуникатсия аз ин таҷҳизот самаранок истифода мебаранд.

Бо мусоидати Ҷамъияти шакли пӯшидаи “Медтехника+” оид ба ҳолати таҷҳизоти тиббии вилоят ва мутахассисону кормандони он сӯҳбати расмӣ гузаронида шуд. Бо ҷамъияти “Медтехника+” бо мақсади ташкили лаборатория дар назди кафедра ва ба даст овардани чанд асбобу таҷҳизоти тиббӣ, ба монанди таҷҳизоти ЭКГ, таҷҳизот барои гузаронидани дору ба бадани инсон (стимулятор), таҷҳизот барои ингаллятсияи даҳону бинӣ, дастурҳои методӣ оид ба ихтисоси электроникаи тиббӣ шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.

Аз тарафи устодони кафедра лабораторияи электроникаи тиббӣ ташкил гардид, ки дар он таҷҳизоти тӯҳфакардаи “Медтехника+” ҷой дода шуданд.

Кафедра бо маводи таълимию техникӣ таъмин буда, лабораторияи техникаи импулсӣ бо шабакаи интернет пайваст аст. Кафедра бо Донишгоҳи давлатии информатика ва радиотехникаи Белорусия дар соҳаи электроникаи тиббӣ ҳамкорӣ менамояд. Барои самаранок шудани фаъолият кафедра бо Дармонгоҳи физиотерапевтии вилояти Суғд ва дигар дармонгоҳҳои шаҳрӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст.

Дар канори ин дар факултети Биология-химия муҷаҳҳази лабораторияи Химия созмон дода шудааст. Боиси зикр аст, ки оид ба масъалаи таъмини лабораторияҳои факултетҳои биология-химия ва физикаю техника бо асбобу лавозимоти таълимӣ, моҳи декабр ба маблағи умумӣ - 21 000 сомонӣ таҷҳизотҳои гуногун, ба монанди: мизу курсиҳои лабораторӣ, асбобу зарфҳо ва ба маблағи 893 сомонӣ асбобҳои физикӣ харидорӣ карда шудааст. Ҳамзамон то охири моҳи декабри соли ҷорӣ харидории асбобу лавозимоти таълимӣ ба маблағи 21000 сомонӣ ва харидории 20 дона микроскопҳо ба маблағи 9600 сомонӣ дар назар аст.

Фаъолияти Шӯрои марказии таълимӣ-методӣ ба баррасӣ ва таҳлили муҳимтарин нуқтаҳои раванди таълим, аз ҷумла омӯзишу тасдиқи барномаҳои таълимӣ ва силлабусҳо, рафти истифодаи маводи таълимию методии низоми кредитии таҳсилот, вазъи таълими фанҳои ҷудогона, сифати таҳияи комплексҳои таълимӣ-методӣ, ташкил ва гузаронидани дарсҳои кушод, иштироки омӯзгорон ба дарсҳои ҳамдигар, ташкили дарсҳои иловагӣ, самаранокии корҳои мустақилона, беҳтар кардани фаъолияти синфхонаи компутерӣ, такмили маърифати компутерии донишҷӯён, баррасии сифати иҷрои корҳои контролӣ, курсии донишҷӯён, рафти иҷрои рисолаҳои хатм, инчунин баррасӣ ва таҳлили фаъолияти маҳфилҳои донишҷӯён равона гардидааст.

Шӯрои марказии таълимӣ-методӣ аз рӯи Низомнома фаъолият мебарад, ки дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ аз 08.10.2012, №3 тасдиқ шудааст. Он дар заминаи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҶТ, Консепсияи миллии маълумоти олии касбии ҶТ ва Оинномаи донишгоҳ танзим гардида, вазифаву салоҳият ва ҳуқуқу ӯҳдадории Шӯрои марказии таълимӣ-методӣ ва аъзои онро муайян кардааст. Дар Шӯрои марказии таълимӣ-методӣ 30 олими варзида фаъолият мебаранд, ки ба он муовинони деканҳо оид ба корҳои таълимии тамоми факултетҳо ва қисме аз мудирони кафедраҳо шомиланд. Шӯрои марказии таълимӣ-методӣ аз рӯи нақшаи корӣ фаъолият мебарад, ки он дар асоси Низомномаи Шӯрои таълимӣ-методӣ мураттаб гардида, аз 28.08.2012 (қарори №1) ва 30.08.2013 (қарори №1) тасдиқ шудааст.

Фаъолияти Шӯрои марказии таълимӣ-методӣ ба баррасӣ ва таҳлили муҳимтарин нуқтаҳои раванди таълим, аз ҷумла омӯзишу тасдиқи барномаҳои таълим ва силлабусҳо, рафти истифодаи маводи таълимию методии низоми кредитии таҳсилот, вазъи таълими фанҳои ҷудогона, сифати таҳияи комплексҳои таълимӣ – методӣ, ташкил ва гузаронидани дарсҳои кушод, иштироки омӯзгорон ба дарсҳои ҳамдигар, ташкили дарсҳои иловагӣ, самаранокии корҳои мустақилона, беҳтар кардани фаъолияти синфхонаи компутерӣ, такмили маърифати компутерии донишҷӯён, баррасии сифати иҷрои корҳои контролӣ, курсии донишҷӯён, рафти иҷрои рисолаҳои хатм, инчунин баррасӣ ва таҳлили фаъолияти маҳфилҳои донишҷӯён равона гардидааст.

Магистратура зинаи 2-юми системаи маълумоти олии касбии дузинагӣ буда, дар натиҷаи ислоҳоти сохтори маориф ба вуҷуд омадааст ва дар он то 20% хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҶТ таҳсилро идома дода метавонанд.

Таҳсил дар магистратура дар асоси нақшаи таълимии таҳиянамудаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки мутобиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии ҶТ тартиб дода шуда, аз тарафи ВМҶТ тасдиқ гардидааст ва ҳамчунин нақшаи инфиродии магистрант ба роҳ монда мешавад.

Нақшаи кории инфиродии магистрантро раёсати таълим ва илми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ карда, он дар кафедраи магистратура (асл) ва нусхаи он дар дасти магистрант нигоҳ дошта мешавад.

Роҳбари барномаи магистратура бояд профессори штатӣ, доктори илми соҳаи марбут бошад. Тибқи қарори Шӯрои илмии донишгоҳ роҳбарии магистратрантро метавонад дотсенте, ки таҷрибаи кории на камтар аз 5 сола дорад, ба ӯҳда гирад.

Роҳбари илмӣ корҳои омодагиро зери назорати умумии мудири кафедра ва роҳбари магистратура ба роҳ монда аз натиҷаи корҳои ба сомон расонидашуда ҳар моҳ як маротиба ба кафедра ва роҳбари магистратураи муассисаи таълимӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.

Бинобар, он барномаи таълимии магистрант аз ду қисм таркибӣ-таҳсилотӣ ва тадқиқотӣ иборат мебошад.

Сарбории ниҳоии аудитории магистр дар шӯъбаи рӯзона дар як ҳафта 14 соатро ташкил медиҳад. Барои назорати иҷрои нақшаи инфиродӣ аттестатсияи ҷорӣ аз рӯи ҳамаи фанҳо дар шакли имтиҳон, санҷиш, рейтинг, санҷиши тафриқавӣ ва тест пешбинӣ карда мешавад.

Марҳилаи хотимавии таҳсил дар магистратура аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ мебошад, ки аз ҳимояи рисолаи магистрӣ ва супоридани имтиҳони давлатӣ иборат аст.

Аз соли таҳсили 2012-2013 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд қабули магистрантон оғоз ёфт ва то имрӯз дар 13 факултети Донишгоҳ 382 нафар магистрантон аз рӯи 23 ихтисос таҳсил гирифта, корҳои илмӣ тадқиқотӣ бурда истодаанд.

Маълумоти мухтасар оид ба роҳбарони кунунии раёсати таълим ва шӯъбаҳои он

Муовини ректор оид ба корҳои таълим Раҳимов Абдуфаттоҳ Иброҳимович, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент. Хатмкардаи факултети табиатшиносию географияи ДДОЛ ба номи С.М.Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров). Муаллифи зиёда аз 84 мақолаҳои илмӣ ва шаш китобу рисолаҳо.

Сардори раёсати таълим Ёқубов Саидқаҳҳор, номзади илмҳои техникӣ, дотсент. Хатмкардаи факултети физикаи ДДОЛ ба номи С.М.Киров. Муаллифи ду ихтироот ва зиёда аз 55 мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои таълимӣ.

Муовини сардори раёсати таълим Хакимхочаев Сирочиддин, номзади илми химия. Хатмкардаи факултети фанҳои табиии ДДОЛ ба номи С.М.Киров.
Мудири шӯъбаи ғоибона Маҳмадшоев Маҳмадшо, номзади илмҳои филологӣ, дотсент. Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров. Муаллифи зиёда аз 45 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ – методӣ.

Мудири шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Қӯзиев Муродҷон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент. Хатмкардаи факултети рассомӣ-графикии ДДОЛ ба номи С.М.Киров. Муаллифи зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ – методӣ.

Мудири шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот Раҳмонов Зикриё, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент. Хатмкардаи факултети педагогӣ ДДОЛ ба номи С.М.Киров. Муаллифи як ихтироъ, зиёда аз 90 мақолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва дастури илмиву методӣ.

Мудири шӯъбаи магистратура Жулиев Расул, номзади илми химия, дотсент. Хатмкардаи факултети табиатшиносии ДДОЛ ба номи С.М.Киров. Муаллифи зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ.

Сардори маркази бақайдгирии донишҷуён. Нуриддинова Манзура, номзади илмьои иктисодӣ,  Муаллифи 22 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ – методӣ.

То имрӯз шӯъбаи таълимро шахсони зерин сарварӣ намудаанд: Ҳоҷибоева Б.А., Шапкин А.И., Войченко А.П., Баянов А.В., Ҳакимова Э.В., Кравченко В.С., Усмонов Ғ.Ҳ., Назаров Р.Р., Раҳмонов З.П., Ӯлмасов М.E., Азизов А.А., алҳол вазифаи сардори раёсати таълимро дотсент Ёқубов С.Ю. иҷро намуда истодааст.





Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар