ТЕЛЕФОН:1.800.987.6543
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
“Иншои беҳтарин” Раёсати илм ва инноватсия бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин” баргузор менамояд. Ҳамаи кормандон новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмун ширкат варзанд. Муҳлати охирини қабули иншо санаи 01.12.2017. “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” Диққат - озмун. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд. Даври якуми озмун то санаи 20.11.2017 дар факултетҳо ва даври финалӣ санаи 27.11.2017 аз тарафи ҳакамони озмун ҷамъбаст мегардад.





ШӮРОИ ОЛИМОН

ФАЪОЛИЯТИ ШУРОИ ОЛИМОН ВА РАЁСАТИ
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ
АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Мақоми олии идоракунии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шӯрои олимон маҳсуб меёбад. Фаъолияти Шӯрои олимон ва Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси Низомномаи Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон №18/3, аз санаи 26.05.2006 сол ба роҳ монда шудааст. Мутобиқи банди 4 ва 5 Низомномаи мазкур 58 нафар ҳайати аъзоёни Шӯрои олимон ва 40 нафар ҳайати ҷаласаи  Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ №1 аз санаи 28-уми августи соли 2014 тасдиқ гардидааст. Раиси Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ректори Донишгоҳ дотсент Мақсудов Анвар Темурович  ба ӯҳда доранд.
Ҷаласаҳои Шӯрои олимон ва Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси нақшаи кории тасдиқгардида сурат мегирад. Нақшаи кории Шӯрои олимон ва Раёсати Донишгоҳ барои соли таҳсили 2014-2015 дар оғози соли таҳсил дар ҷаласаи нахустини Шӯрои олимон ва Раёсат тасдиқ карда шудааст. Иҷроиши қарорҳои Шӯрои олимон ва Раёсат дар ҷаласаҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба иҷроиши он қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд.
Фаъолияти котиби илмии Шӯрои олимони Донишгоҳ мутобиқи Низомнома, Нақшаи кории ҷаласаҳои Шӯрои олимон, Раёсат ва Нақшаи кории котиби илмӣ, ки дар ҷаласаи Шӯрои олимон тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст. Вазъи ҳуҷҷатнигорӣ ва танзими он дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Ҳамаи суратҷаласаҳои Шӯрои олимон ва Раёсати  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров саривақтӣ таҳия ва барои имзо ба ректори Донишгоҳ манзур карда мешаванд. Ҳамчунин кулли гузоришу маълумотномаҳо оид ба масъалаҳои баррасишаванда ба суратҷаласаҳои Шӯрои олимон ва Раёсат замима карда шудаанд. Ҳар як суратҷаласаҳои Шӯрои олимон ва Раёсат бо замимаҳояш дар ҷузвдонҳои алоҳида ҷой дода шудааст. Ҳамчунин ҷузвдонҳои алоҳида оид ба Низомномаи Шӯрои олимон, Низомномаи Раёсат, Низомномаи Раёсати хурди назди ректор, фармонҳои мухталифи Шӯрои олимон, Нақшаи кории ҷаласаи Шӯрои олимон, Нақшаи кории ҷаласаи Раёсат, Нақшаи кории котиби илмии Шӯрои олимон, тақсимоти нусха аз қарорҳои ҷаласаҳои Шӯрои олимон ва Раёсат, ҷузвдон барои Қарорҳои ҷаласаи раёсати хурди назди ректор ташкил карда шудааст. Ҳамчунин таҳия ва ирсоли ҳуҷҷатҳо барои гирифтани Аттестати профессорӣ ва Аттестати дотсентӣ ба Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Руссия аз ҷониби котиби илмии Шӯрои олимон мураттаб мегардад ва барои имзо ба ректори Донишгоҳ манзур мегардад. Дар баробари ин котиби илмии Шӯрои олимони Донишгоҳ мутобиқи Низомномаи тасдиқгардида дар ҷаласаҳои раёсати хурди назди ректор ширкат варзида, вобаста ба он қарорҳоро таҳия ва барои имзо ба ректори Донишгоҳ манзур ва иҷрои саривақтии қарорҳои ба имзорасидаро таъмин менамояд.
Дар канори ин бо мақсади муаррифии фаъолияти Шӯрои олимон ва Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров лавҳа дар шакли баннер таҳия ва дар назди утоқи кории котиби илмӣ насб карда шудааст.
 
Н У С Х А
 АЗ ФАРМОИШИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД
 БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ 

№40 аз санаи 11-уми феврали соли 2015

ш.Хуҷанд                                                                                                    Фаъолияти асосӣ

Бо мақсади иҷрои талаботи бандҳои 3, 4, 5-уми Низомномаи Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон №18/3, аз санаи 26.05.2006 сол, ҷиҳати тасдиқи аъзоёни Шӯрои олимон, Раёсат ва Раёсати хурди назди ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

§1
Аъзоёни Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳайати 58 нафар устодон ва кормандони зерин тасдиқ карда шаванд: 


1.    Мақсудов Анвар Темурович     - Ректори Донишгоҳ, Раиси Шӯрои олимон
2.    Раҳимов Абдулфаттоҳ Иброҳимович     - муовини ректор оид ба корҳои таълим
3.    Хоҷаева Матлуба Юнусовна    - муовини ректор оид ба корҳои илм
4.    Шамсидинов Мӯъмин Иномҷонович    - муовини ректор оид ба корҳои тарбия 
5.    Азизов Абдуҳафиз Абдуҳалимович    - муовини ректор оид ба робитаҳои байналхалқӣ 
6.    Ахмедов Абдусалом Самадович     - муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ-молиявӣ 
7.    Юсупова Марҳабохон Юнусовна     - котиби илмии Шӯрои олимон
8.    Раҳимов Акпарҷон Орифович    - сармуҳосиб
9.    Усмонов Аюб Исломович     - Раиси КМИК 
10.    Ёқубов Саидқаҳҳор Юсупович     - сардори раёсати таълим 
11.    Аъзамов Субҳонҷон     - сардори раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ 
12.    Раҳмонов Зикриё Пӯлотович     - мудири шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот
13.    Мингбоев Абдуворис Юзбоевич     - мудири шӯъбаи тарбия 
14.    Маҳмадшоев Маҳмадшо Мирзошоевич    - мудири шӯъбаи таълими ғоибона
15.    Маҳкамова Гавҳар Сайфиддиновна    - мудири шӯъбаи аспирантура 
16.    Юсупов Маъмур     - сардори Маркази иттилоот ва таҳлил
17.    Нуриддинова Манзура Исмоиловна    - сардори Маркази бақайдгирии донишҷӯён
18.    Абулфайзова Сабоат Нуриддиновна    - декани факултети педагогӣ 
19.    Олимҷонов Мӯсо Обидҷонович    - декани факултети филологияи тоҷик 
20.    Камолова Муаззам Файзуллоевна    - декани факултети филология
21.    ҳамробоев Насим Абдуллоҷонович    - декани факултети забонҳои шарқ 
22.    Абдуллоева Меҳринисо Абдуғаффоровна     - декани факултети забонҳои хориҷӣ
23.    Назаров Раҳим Раҳмонович    - декани факултети физикаю техника
24.    Қодиров Абдураҳмон Лакимович    - декани факултети молия ва иқтисодиёти бозор
25.    Раҳимов Абдулатиф Маҷидович     - декани факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ 
26.    Бобохонов  Қулихон    - декани факултети математика 
27.    Сабуров Муҳиддин Икромович    - декани факултети биология-химия 
28.    Аминов Мӯъминҷон ҳаётуллоевич     - декани факултети география-экология 
29.    Исломов Озод Азимович    - декани факултети санъати тасвирӣ ва технология
30.    Аминҷонов Раҳим Неъматович    - декани факултети санъат 
31.    Бойматов Сайфулло Зикруллоевич    - декани факултети тарбияи ҷисмонӣ 
32.    Маҳмудова Назирахон Солихӯҷаевна    - и.в.декани факултети таърих ва ҳуқуқ
33.    Пӯлотов Аслиддин ҳомидович    - декани факултети таҳсилоти ғоибонаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар н.Ҷ.Расулов
34.    Миравотов Мӯсобек Самеевич                - мудири кафедраи умидонишгоҳии педагогикаи умумӣ
35.    Бобоев Абдурасул ҳалимович    - мудири кафедраи умумидонишгоҳии психология
36.    Усанов Равшан Тӯраевич    - мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ 
37.    Атоев Атоулло     - мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа
38.    ӯзбеков Салоҳиддин      - мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ 
39.    Ҷабборова Курвон Ибрагимовна    - мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ 
40.    Алимухамедова Нигина Тоҳировна    - мудири кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ
41.    Обидова Мақсадой    - мудири кафедраи умумумидонишгоҳии анатомия, физиология ва мудофиаи гражданӣ
42.    Самадова Раъно Охунбобоевна    - профессори кафедраи ИНДХ-и забони русӣ
43.    Азимова Матлуба Нуриддиновна     - профессори кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ 
44.    Файзуллоев Нъематҷон     - профессор, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик
45.    Абдуғаффоров Абдуқаҳҳор    - профессор, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ
46.    Раҳимов Набиҷон Турдиалиевич     - профессор, мудири кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷик  
47.    Султонов Усуфхӯҷа     - профессор, мудири кафедраи физикаи умумӣ 
48.    Абдуқодиров Абдусаттор    - профессор, Раиси комиссияи татбиқи қонуни забони Донишгоҳ
49.    Абдураҳимов Садриддин Яминович     - профессори кафедраи географияи табиӣ
50.    Оқилова Матлуба     - профессори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ 
51.    Набиҷонова Мадина  Раҳматҷоновна    - директори коллеҷи омӯзгории назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
52.    Зоиров ҳалимҷон      - директори китобхонаи марказии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
53.    Исмоилов Мавлон Исмоилович    - Раиси собиқадорони Донишгоҳ
54.    Раҷабова Зулфинисо     - Раиси Шӯрои бонувони Донишгоҳ
55.    Мавлонова Мутрибахон     - Раиси Шӯрои олимони ҷавон 
56.    Фармонова Дилрухсор    - Раиси ҷамъиятии илмии донишҷӯён 
57.    Дадобоев Музаффар Абдухолиқович    - мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон
58.    Абдуллоева Зебо     - сармуҳаррири рӯзномаи «Нури маърифат»



                                                            §2
Аъзоёни ҷаласаи Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳайати 40 нафар устодон ва кормандони зерин тасдиқ карда шаванд: 

1.    Мақсудов Анвар Темурович     - Ректори Донишгоҳ, Раиси Шӯрои олимон
2.    Раҳимов Абдулфаттоҳ Иброҳимович     - муовини ректор оид ба корҳои таълим
3.    Хоҷаева Матлуба Юнусовна    - муовини ректор оид ба корҳои илм
4.    Шамсидинов Мӯъмин Иномҷонович    - муовини ректор оид ба корҳои тарбия 
5.    Азизов Абдуҳафиз Абдуҳалимович    - муовини ректор оид ба робитаҳои байналхалқӣ 
6.    Ахмедов Абдусалом Самадович     - муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ-молиявӣ 
7.    Юсупова Марҳабохон Юнусовна     - котиби илмии ҷаласаи Раёсат
8.    Раҳимов Акпарҷон Орифович    - сармуҳосиб
9.    Усмонов Аюб Исломович     - Раиси КМИК 
10.    Ёқубов Саидқаҳҳор Юсупович     - сардори раёсати таълим 
11.    Раҳмонов Зикриё Пӯлотович     - мудири шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот
12.    Маҳмадшоев Маҳмадшо     - мудири шӯъбаи таълими ғоибона
13.    Юсупов Маъмур    - сардори Маркази иттилоот ва таҳлил
14.    Нуриддинова Манзура Исмоиловна    - сардори Маркази бақайдгирии донишҷӯён
15.    Абулфайзова Сабоат Нуриддиновна    - декани факултети педагогӣ 
16.    Олимҷонов Мӯсо Обидҷонович     - декани факултети филологияи тоҷик 
17.    Камолова Муаззам Файзуллоевна    - декани факултети филология
18.    ҳамробоев Насим Абдуллоҷонович    - декани факултети забонҳои шарқ 
19.    Абдуллоева Меҳринисо Абдуғаффоровна     - декани факултети забонҳои хориҷӣ
20.    Назаров Раҳим Раҳмонович    - декани факултети физикаю техника
21.    Қодиров Абдураҳмон Лакимович    - декани факултети молия ва иқтисодиёти бозор
22.    Раҳимов Абдулатиф Маҷидович     - декани факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ
23.    Бобохонов  Қулихон    - декани факултети математика 
24.    Сабуров Муҳиддин Икромович    - декани факултети биология-химия 
25.    Аминов Мӯъминҷон ҳаётуллоевич     - декани факултети география-экология 
26.    Исломов Озод Азимович    - декани факултети санъати тасвирӣ ва технология
27.    Аминҷонов Раҳим Неъматович    - декани факултети санъат 
28.    Бойматов Сайфулло Зикруллоевич    - декани факултети тарбияи ҷисмонӣ 
29.    Маҳмудова Назирахон Солихӯҷаевна     - и.в.декани факултети таърих ва ҳуқуқ
30.    Пӯлотов Аслиддин ҳомидович    - декани факултети таҳсилоти ғоибонаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар н.Ҷ.Расулов
31.    Миравотов Мӯсобек Самеевич                - мудири кафедраи умидонишгоҳии педагогикаи умумӣ
32.    Бобоев Абдурасул ҳалимович    - мудири кафедраи умумидонишгоҳии психология
33.    Усанов Равшан Тӯраевич    - мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ 
34.    Атоев Атоулло     - мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа
35.    Ӯзбеков Салоҳиддин      - мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ 
36.    Ҷабборова Курвон Ибрагимовна    - мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ 
37.    Алимухамедова Нигина Тоҳировна    - мудири кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ
38.    Обидова Мақсадой    - мудири кафедраи умумумидонишгоҳии анатомия, физиология ва мудофиаи гражданӣ
39.    Дадобоев Музаффар Абдухолиқович    - мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон
40.    Абдуллоева Зебо     - сармуҳаррири рӯзномаи «Нури маърифат»

                                                             §3
Аъзоёни ҷаласаи Раёсати хурди назди ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳайати зерин тасдиқ карда шаванд: 

1.    Мақсудов Анвар Темурович     - Ректори Донишгоҳ
2.    Раҳимов Абдулфаттоҳ Иброҳимович     - Муовини ректор оид ба корҳои таълим
3.    Хоҷаева Матлуба Юнусовна    - Муовини ректор оид ба корҳои илм
4.    Шамсидинов Мӯъмин Иномҷонович    - Муовини ректор оид ба корҳои тарбия 
5.    Азизов Абдуҳафиз Абдуҳалимович    - Муовини ректор оид ба робитаҳои байналхалқӣ 
6.    Ахмедов Абдусалом Самадович     - Муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ-молиявӣ 
7.    Юсупова Марҳабохон Юнусовна     - котиби илмии ҷаласаи Раёстаи хурди назди ректор
8.    Раҳимов Акпарҷон Орифович    - Сармуҳосиб
9.    Усмонов Аюб Исломович     - Раиси КМИК 
10.    Юсупов Маъмур     - сардори Маркази иттилоот ва таҳлил
11.    Дадобоев Музаффар Абдухолиқович    - мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон

Асос: иҷозати ректор.   




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар