ТЕЛЕФОН:1.800.987.6543
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
“Иншои беҳтарин” Раёсати илм ва инноватсия бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин” баргузор менамояд. Ҳамаи кормандон новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмун ширкат варзанд. Муҳлати охирини қабули иншо санаи 01.12.2017. “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” Диққат - озмун. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд. Даври якуми озмун то санаи 20.11.2017 дар факултетҳо ва даври финалӣ санаи 27.11.2017 аз тарафи ҳакамони озмун ҷамъбаст мегардад.





ОИДИ ДОНИШГОҲ


Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров



Ректор:  Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло
Маданияти фарҳангии ин боргоҳи илму адаб дар тӯли даҳсолаҳо таърихан ривоҷу равнақ ёфтааст. ДДХ ба номи аллома Б. Ғафуров узви ҷудонашаванда ва бештар инкишофдидаи макотиби олӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар фаъолияти он бозёфтҳои педагогикаи миллӣ, ғояҳои ахлоқию фалсафӣ, иҷтимоии мардумӣ, фарҳангӣ таҷассум ёфтаанд. Фаъолияти маърифатию анъанаҳои то кунун ба миён омадаи он дорои хусусиятҳои кӯҳнанашаванда буда, иқтидори бузурги башардӯстона ва демократии худро дар тӯли 84 соли мавҷудияташ аз даст надодааст. 

Фаъолияти ин фарҳангистони қарина чун падидаи басо мураккаб, комплекси бисьёрсатҳаи таърихӣ-фарҳангӣ, чун зуҳуроти том дар ҷараёни мунтазам тағйирёбанда ба вуҷуд омада, амал менамояд. Фақат бо дарки арзиши маънавӣ, мундариҷаву моҳияти он, хусусияти принсипҳои эҷодӣ ва сабкҳои он метавон оиди идомати раванди таърихии ин донишгоҳ сухан ронд. Тавассути омӯзишу арҷгузорӣ, муайян намудани омилҳои ташакуллдиҳандаи ин ё он дигаргуниҳои куллӣ дар заминаи муҳити рангин, ки фарҳангро тавлид ва системаи омӯзиши онро ба миён меорад, метавон шакл, қудрат ва навъи инкишофи таърихии онро муайян намуд. Аз ин лиҳоз, ҷараёни инкишофи таърихӣ ва фарҳангии ин донишгоҳи пуриқтидорро наметавонем бе фаҳмиши воқеии томи тақдираш, таърихаш, дарки қаринааш ва меъёру қонуниятҳояш дар давраҳои гуногуни таърихияш таҳқиқ намоем. 

Бе омӯзиши нодиртарин дастовардҳои фарҳангии ин хазинаи маънавиёт, такмилу танзимҳои тозаи анъанаҳои педагогӣ ва касбии омӯзгорони ин фарҳангистон, ки вазифа, ормон, андешаҳои навину, навовариҳои пурҷозиба, таҳаввул ва таҷдиди афкори ҳунариро равнақу равандҳои навин мебахшанд, наметавон қонунияти инкишофи онро ошкор намуд, арҷ гузошт, инкишофи таърихии онро асоснок ва омӯзиши масъалаҳою анъанаҳои ин боргоҳи фарҳангро дарк намуд.

Баъди Инқилоби Октябр татбиқи инқилоби маданӣ–маърифатӣ дар сатҳи асосии масъалаи сиёсати давлатӣ қарор гирифт. Яке аз ҷанбаҳо ва самтҳои муҳими ин сиёсат - ташкили донишкадаҳои олӣ буд, ки дар ин раванд Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дар шумори нахустинҳо бунёд гашт.
Назаре ба саҳифаҳои таърихи ғановатманди донишгоҳ ҳувайдо менамояд, ки таъсиси ин маҳзани бузурги ирфон ба оғози марҳилаи нави таърихии Тоҷикистон дар қарни ХХ пайванди ногусастанӣ дорад. Институти Олии Педагогии шаҳри Хуҷанд моҳи апрели соли 1932 дар заминаи курси дусолаи муаллимони мактабҳои миёна созмон ёфт. Нахустин соли хониш дар ду шуъбаи институт – кимиёву биология ва физикаю риёзиёт ҳамагӣ 26 нафар донишҷӯён таҳсил доштанд. Садорати институт дере нагузашта ба қарор омад, ки фаъолияти ин маскани таълимро ба басти шабона баргардонад, зеро дар он ҳайъати донишҷӯён аз муаллимоне фароҳам омада буд, ки рӯзона дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёнаи шаҳр дарс мегуфтанд.
Гарчанд факултети мазкур ба сохтори институти олии педагогӣ дохил шавад ҳам, як андоза мустақил буд: директор, мудири қисми илмӣ, ҳайъати муаллимон ва коргарони ёрирасон дошт. Факултети коргарӣ ба афзудани эътибори донишкада мусоидат мекард ва аллакай дар соли аввали фаъолият дорои 200 нафар шунаванда буд. Дастпарварони факултет минбаъд ба макотибҳои олии бисёри мамлакат дохил мешуданд.

КОХИ МӮҲТАШАМИ ИЛМУ ИРФОН

Мактабу маориф, илму ирфон, маърифат ва дониш дар ҳама давру замонҳо дар таърихи инсоният мақоми шоистаро касб намуда, дар пешрафти ҷомеа нақши муҳим ва калидӣ мебозад. Дар ин радиф мактаби олӣ дар роҳи рушду нумӯи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва зеҳнию ақлонии ҳар як миллати мутамаддин ва худогоҳ мавқеъ ва манзалати хоса дорад. Онро метавон қуллаи баландтарин ва авҷи аълои пешрафти маънавӣ ва дастоварди пурарзиши инсоният номид. Дар ҷаҳони муосир, ки ҳарчи бештар ва амиқтар ба ҷараёни инкишофи илмӣ-техникӣ ворид мегардад, мақому вазифаи макотиби олӣ беш аз пеш меафзояд. Зеро тарбия ва парвариши мутахассисони дараҷаи олӣ, соҳибзавқу болаёқат, кордону мустақил ва ҷавобгӯ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ барои тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илму техника, фарҳанг, идоракунии давлат ва ҷомеа маҳз бар дӯши мактаби олӣ аст ва дар ин махзани илму маърифат ва ҳунару истеъдод амалӣ мегардад.

Замон ва ҷараёни зиндагии инсон ба фаъолият ва рисолати мактаби олӣ, мазмун ва моҳияти он ҳамеша нақшу таъсири худро расонидааст ва мерасонад. Дар аҳди қадим ва қуруни вусто дар мадрасаву донишгоҳҳо ва дигар макотиби оливу муассисаҳои илмӣ таваҷҷӯҳи асосӣ ба омӯхтани фалсафа (ҳикмат), санъат (илмҳои нафис), ҳуқуқ, илоҳиётшиносӣ, тиб ва илмҳои инсоншиносӣ равона шуда буд.

Ҷаҳони нав, замони сармоядорӣ ба ин самт ислоҳот ва дигаргунии куллӣ ворид намуда, маориф ва мактаби олиро ба ҳаллу фасли пеш аз ҳама вазифаҳои амалӣ ва талабу ниёзи ҷомеа равона сохт. Бо оғози замони нав мактаби олӣ, асосан, бо тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, ки бояд хоҷагии халқ, ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиро идора мекарданд, машғул гардид.

Мактаби олии замони муосир яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ, омили асосии рушди устувори ҷомеа, нерӯи тавонои инкишофи илм, техника, навоварӣ, кашфиёт ва пешрафту комёбӣ ба ҳисоб меравад.
Мусаллам аст, ки дар мамлакати мо - Тоҷикистони тоинқилобӣ ба ҷуз мадрасаҳо, ки ғолибан муассисаи таълимии динӣ-мазҳабӣ буданд, мактабҳои олӣ ба маънои имрӯзаи он вуҷуд надоштанд. Масъалаи таъсиси макотиби олӣ ва тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олии касбӣ аз солҳои 20-ум ва оғози 30-юми қарни гузашта зарурият ва аҳамияти хосаро касб намуд. 
 
Таҳаввулоти фарҳангию маънавӣ ва зарурати маҳви бесаводӣ дар сатҳи масоили асосии сиёсати давлат ва дар меҳвари таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии кишвар қарор гирифт. Яке аз самтҳои муҳими ин сиёсат таъсиси донишкадаҳои олӣ мебошад, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар радифи нахустинҳо қарор дошт.

Таъсису ташкили мактаби олӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти он дар шароити ниҳоят мураккабу пуртазод, мушкилоти иқтисодӣ, дар фазои шикасту бартараф намудани қолабҳои кӯҳнаи зиндагӣ ва муқобилияти шадиди қувваҳои кӯҳнапараст ва иртиҷоӣ сурат мегирифт.
Дар давраи панҷсолаҳои пеш аз ҷанг дар Тоҷикистон паси ҳам муассисаҳои олии таълимӣ, аз ҷумла Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе (1931) Донишкадаи кишоварзӣ дар Хуҷанд (1931), ки баъдтар соли 1944 ба Душанбе кӯчонида шуд, Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд (1932), Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар Душанбе (1939) таъсис дода шуданд.

Таъсиси нахустин донишгоҳ – Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1948) ва Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон (1956) марҳилаи нав дар инкишофи мактаби олӣ дар ҷумҳурӣ гардид. 
Дар солҳои 60-ум ва оғози солҳои 90-ум дар Тоҷикистон як зумра мактабҳои нави олӣ-Донишкадаи давлатии санъат ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти рус (ҳоло Донишкадаи забонҳои ба номи Сотим Улуғзода), Донишгоҳи давлатии омӯзгории Қӯрғонтеппа, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи технологии Тоҷи¬кистон, Донишкадаи давлатии тиҷорат, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва ғайра ба вуҷуд омаданд.
Ҷараёни такмили сохтори дохилӣ ва идоракунии мактаби олӣ вусъат гирифта, як зумра филиалҳо ва шӯъбаҳои донишкадаҳои олӣ дар шаҳру марказҳои вилоятҳои ҷумҳурӣ кушода шуданд, факултетҳо, кафедраҳо, ихтисосҳои нав ва сохторҳои иловагӣ таъсис ёфтанд. Ислоҳоти соҳаи маориф, мактаби олӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гашта, донишгоҳҳои олӣ гуногунсоҳа гардиданд ва тайёр намудани мутахассисон дар самту равияҳои нави касбу ҳунар, илм ва амалия ба роҳ монда шуд.

Дар айни замон пояи моддӣ-техникии макотиби олии ҷумҳурӣ хеле таҳким ёфта, ҳайати омӯзгорону профессорон, нерӯи илмии он пурқувват гардид, шумораи донишҷӯён ва тайёр кардани мутахассисони ҷавон тадриҷан афзуд.
Мактаби олии ташаккулёфтаи муосири тоҷик ин як низом ва маҷмӯи ягонаи илмӣ-омӯзгорӣ ва касбӣ, механизми муҳими давлатӣ маҳсуб ёфта, дар маҷмӯи сохтори иҷтимоӣ, давлатӣ, идоракунӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷомеа як ҳалқаи муҳим ва ниҳоди дорои нерӯи тавоно мебошад. Он тавассути дастпарварони худ рушду нумӯи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавии ҷомеаро таъмин месозад ва ба фароҳам сохтани арзу ниёз, талаботи рӯзафзуни истеҳсолот, иқтисодиёт, рӯзгори мардум ва ҳаёти ҷомеа ҷавобгӯ ва муваззаф аст.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки яке аз кӯҳантарин, бонуфузтарин ва машҳуртарин мактабҳои олии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад ва соли оянда 85-солагии таъсиси худро ботантана таҷлил менамояд, дар ин радиф рисолати хешро ба таври шоиста ва сарбаландона иҷро менамояд.
Аз оғози фаъоляти худ, ки он нахуст чун Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд (1932) таъсис ёфта, соли 1938 номи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Кировро гирифт ва соли 1991 ба мақоми Донишгоҳ соҳиб гардид. Ин маркази тавонои илмиву таълимӣ, тарбияву парвариш, махзани бузурги илму ирфон ва ҳунар баланд бардоштани сатҳи маърифат, дониш, маънавиёти мардум ва бад - ин васила бунёди ҷомеаи мутамаддин ва рӯзгори шоистаро барои халқи мо ҳамчун вазифаи муқаддас ва рисолати аслӣ ва таърихии худ шинохт.
Ба ин хотир, аз қадамҳои нахустини хеш устодони ин боргоҳи илму ирфон кӯшиш ба харҷ доданд, ки дар заминаи тарбияи мутахассисони баландихтисос ба раванди инқилоби фарҳангии кишвар ва таъмини рушду нумӯи он саҳмгузор бошанд ва ин вазифаро бо шоистагӣ ва муваффақона амалӣ намуданд. Марҳила ба марҳила бо вусъат пайдо кардани шумораи факултетҳои донишгоҳ ва афзудани самту равияи ихтисосҳои нав шумораи донишҷӯёну устодон низ зиёд гардида, сифат ва самараи таълиму тарбия, илм қавитару сермаҳсултар мегардид. 

Дар тӯли 85 соли мавҷудият ва фаъолияти хеш ин махзани муқаддаси илму маърифат ҳазорон дастпарварони болаёқатро парвариш намуда, ба яке аз бузургтарин, нерӯмандтарин ва бонуфузтарин муассисаҳои таълимӣ , тарбиявӣ ва илмии мамлакат табдил ёфт. Тӯли ин солҳо донишгоҳ на танҳо ҳамчун маркази асосии парвариши мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ва мактабу маориф, балки риштаҳои гуногуни хоҷагии халқ, иқтисодиёт ва илму техника маъруфу машҳур гардид. Як зумра дастпарварони донишгоҳ ҳамчун олимону донишмандони номӣ, арбобони машҳури ҳизбию давлатӣ, ҳарбӣ, дипломатҳо, адибон, рӯзноманигорони хушсалиқа, ҳунармандон, ихтироъкорону навоварон, рассомону эҷодкорони асил ном бароварда, симо ва шӯҳрату нуфузи донишгоҳро дар тамоми Тоҷикистон ва берун аз он дар беҳтарин ваҷҳ ва шоистагӣ муаррифӣ намудаанд. 
Имрӯз донишгоҳи мо бо номи академикҳо, олимони сатҳи ҷаҳонӣ, ситорашиноси номӣ Пӯлод Бобоҷонов, муаррихи мумтоз Нӯъмон Неъматов, табиатшиноси маъруф Юсуф Носиров, донишмандони машҳур Сайдулло Абдуллоев, Раззоқ Ғаффоров, нахустин доктори илмҳои фалсафа дар Осиёи Миёна Мунзифа Ғаффорова, муаррихи шинохта Ғафур Ҳайдаров, олим ва адиби номӣ Атахон Сайфуллоев, ходимони намоёни ҳизбию давлатӣ Абдулаҳад Қаҳҳоров, Рифъат Ҳоҷиев, Ибодат Раҳимова, генералҳо Қодир Ҳобилов, Абдураззоқ Юсупов, Темурҷон Раҳимбоев, дипломатҳо Абдулаким Қаюмов, Ислом Ёқубов, Низомиддин Зоҳидов, шоирону нависандагони варзидаи тоҷик Аминҷон Шукӯҳӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Муҳиддин Фарҳат, Абдумалик Баҳорӣ, Бурҳон Фаррух, Озод Аминзода, Фарзона, Баҳром Фирӯз, Ҳунармандони мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ва Зебо Аминзода, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев, Рассоми халқии ИҶШС Зулфия Баҳриддинова ва даҳҳо дигарон ифтихор дорад, ки дар оғӯши донишгоҳи мо парвариш ёфта, аз ҳамин даргоҳи муқаддас қадам ба ҷодаи ҳунару эҷод ва камолот гузошта, аз ин парвозгоҳи бузургон ба қуллаҳои баланди илму эҷод ва шӯҳрату эҳтиром расидаанд ва бузургу соҳибном гаштаанд. 

Ин шахсиятҳои нодиру нотакрор бо бузургиву азамати ҳунар, истеъдоди фитрӣ ва хизматҳои шоиста дар роҳи ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз на танҳо мояи ифтихори донишгоҳи мо, балки тамоми тоҷикону тоҷикистониён гаштаанд. Рӯзгор ва корномаи ин фидокорони илму фарҳанг намунаи ибрат ва сабақи омӯзанда барои наслҳои имрӯзу фардо аст. Зеро дар вусъати рӯзгори ҳар як аз ин дастпарварони шӯҳратёри донишгоҳ дунёи пур аз кору пайкор, ҷустуҷӯву талошҳо ва фидокориву субот дар ҷодаи рушду камолоти маънавӣ, одамият, падидаи мардонагӣ, шуҷоат, покизагӣ ва ҳусни нияту ахлоқ ва мунтаҳо ҳикмату румузи зиндагӣ ғунҷоиш ёфтааст, ки огоҳӣ аз он ҳар шахси солимақлу боидрокро ба роҳи ростӣ, растагорӣ ҳидоят карда, муҳаббати ӯро ба илму дониш, фарҳанг, арзишҳои маънавӣ ва ба марзу буми ин сарзамини поку муқаддас ва мардхезу фарҳангпарвар афзун мегардонад.
Дар радифи ин бузургон метавон садҳо устодони зиёдеро ном гирифт, ки бо фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои илмию таълимии хеш номи донишгоҳро машҳур сохтаанд. Мо имрӯз бо арзи сипос ва ифтихор номи собиқ сарварони донишгоҳ М.Шарифов, Ӯ.Шамсиддинова, Ю.Эшонов, Ҳ.Неъматуллоев, Л.Е. Месенжников, К.В.Чикорин, М.Мирмуллоев, С.Холматов, Р.Ҳомидов, П. Ҳамроқулов, К.Иброҳимов, А.Қобилов, С.Қаюмов, С.Н. Каримов, В.Розиқов, С.Абдуллоев, Н.Салимов, Н.Зоҳидов, В. Набиев, ноиб-ректорон Р. Абдуллоев, А.Сатторов, Муҳаммад Осимӣ, Қ.Тоҳирова, В.С.Куприянов, Т.Мақсудов, А. Турсунов, Ҳ.Очилов, Б. Ҳоҷибоева, С.Ҳомидов, В.Ионова, Ҳ. Саидов, А. Абдуқодиров, нахустустодони собиқадор Б.М. Комаров, А.А.Дибров, Ф.Абдуллозода, А.П.Писарев, А.Т. Земляков, А.Мирпочоев ва даҳҳо дигаронро бо эҳтиром ба забон мегирем, ки дар бунёд, рушду нумӯ ва шӯҳрати донишгоҳ хизматҳои шоиста намудаанд. 

Ду нафар собиқ сарварони донишгоҳ, профессорон С.Абдуллоев ва Н.Салимов узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, устоди донишгоҳ, муаррихи номӣ, профессор У.Ғаффоров аввал ба ҳайси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас дар радифи собиқ ноибректори донишгоҳ А.Бобокалонов, профессор Б.Ризоев вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар байни мардум на танҳо чун олимони номӣ, балки чун арбобони шинохтаи ҷамъиятӣ шӯҳрат ёфтанд. Имрӯз Носирҷон Салимов роҳбарии яке аз муассисаҳои бузурги маънавии мамлакат- ДДОТ ба номи С. Айнироро ба ӯҳда доранд. Собиқ ректори Донишгоҳ Низомиддин Зоҳидов ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият доранд. 
Даврони истиқлол як саҳифаи дурахшон, рӯҳу равони тоза ва нерӯю тавони нав дар таърихи инкишофи донишгоҳ гардид. Ба мақоми донишгоҳ сазовор гардидани ДДОЛ ба номи С.М.Киров дар соли 1991 марҳилаи сифатан нав дар ҳаёти он гашта, самту доира ва фаъолияти ин маркази илмиву таълимӣ вусъат ёфт, талабот ба раванди таълиму тарбия, илм куллан дигаргун гашт. Дар сохтори донишгоҳ тағйиротҳо ва навгониҳои ҷиддӣ ба амал омада, факултетҳо ва кафедраҳо, равияву ихтисосҳои нав таъсис дода шуданд. Аз ҷумла донишгоҳ ба тайёр намудани табибон, иқтисоддонҳо, рӯзноманигорон, шарқшиносон, мутахассисони соҳаи технологияи компютерӣ, менеҷмент, молия,бонк ва ғайра шурӯъ намуд. Дар фаъолияти донишгоҳ тайёр кардани мутахассисони илмӣ – омӯзгории соҳибунвон мақоми афзалиятнок касб намуда, соли 1996 бори нахуст дар таърихи донишгоҳ ду Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисосҳои «Таърихи Ватан», «Забон ва адабиёти тоҷик», сипас аз рӯи ихтисосҳои «Физикаи ҷисмҳои сахт» ва «Педагогикаи умумӣ» ба фаъолият оғоз намуданд.
Сиёсати хирадмандона ва дурандешона, маънавиётгароӣ ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷӯҳ ва ғамхории ҳамаҷониба ва рӯзафзуни Сарвари давлат ба илму маориф, мактаби олӣ ва зиёиён дар фаъолияти гуногунҷанбаи донишгоҳ нақшу таъсири амиқ ва файзбахше гузошт.

Бахусус бо ҳидояти Сарвари давлат ба донишгоҳ дода шудани номи алломаи бузурги Машриқзамин, академик Бобоҷон Ғафуров воқеаи муҳим ва фаромӯшношуданӣ дар ҳаёти фарҳангии донишгоҳ, шаҳру вилоят ва тамоми ҷумҳурӣ гардид. Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба ифтихори сазовор донистани номи академик Бобоҷон Ғафуров ба донишгоҳ хеле бамаврид қайд карда буданд: «Ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд додани номи Бобоҷон Ғафуров, аз як тараф, маънои гиромӣ доштани хотираи ӯро дошта бошад, аз ҷониби дигар, ба он умед аст, ки дастпарварони ин даргоҳи илму маърифат идомадиҳанда ва номбардори сазовори кору зиндагии ин шахсияти барҷастаи миллатамон мешаванд, барои пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони воҳид ва ягонаамон содиқона хизмат мекунанд».
Воқеан, ин боварӣ ва эътимоди Сарвари давлат ва соҳиби номи фарзанди фарзонаи миллат, академик Бобоҷон Ғафуров будани донишгоҳ, бузургдошти номи ӯро бар дӯши худ гирифтан дар назди ҷомеаи устодону донишҷӯён ҳам ифтихор ва ҳам масъулияти бузургеро мегузорад. Мо бояд вориси сазовори ин донишманди мумтоз ва фарди нотакрору ҷонсупори миллат гардида, зиндагӣ ва кору пайкори ӯро намунаи ибрати рӯзгор ва фаъолияти хеш қарор диҳем. Хизмати таърихии аллома Бобоҷон Ғафуров барои ҳастии миллати тоҷик, рушди илму маърифат, поягузории истиқлолияти миллӣ моро водор месозад, ки дар пеши рӯҳи бузурги эшон худро чун ворисони арзандаву шоиста нишон диҳем ва мисли ӯ барои ободии Ватан ва халқи худ хизмат намоем. 

Ташрифу мулоқотҳои чандинкаратаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳи мо аз таваҷҷӯҳи хосаи Сарвари давлат ба ҷомеаи устодону донишҷӯён, мактаби олӣ ва умуман аҳли илму маърифат дарак медиҳад. Ҷавобан ба ин ғамхорӣ чун нишони қадршиносӣ, эҳтироми самимӣ ва барои хизматҳои бузургашон Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сазовори унвони доктори фахрии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дониста шуданд.
Дар даврони истиқлолият бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва Ҳукумати вилоят корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар донишгоҳ хеле вусъат ёфт. Аз ҷумла бунёди маҷмааи зебо ва бузурги варзишии «Хуррамшаҳр», ба истифода додани бинои нави таълимии донишгоҳ ва бинои истиқоматии нӯҳошёнаи дорои 52 ҳуҷра барои устодони донишгоҳро аз файзи истиқлол метавон ном бурд. Имрӯз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз лиҳози пояи моддӣ – техникӣ, таълимӣ, иқтидори илмиву зеҳнӣ ва теъдоди ҳайати профессорону омӯзгорон пас аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дуюмин муассисаи бузурги олии кишвар маҳсуб меёбад.

Агар дар соли нахустини фаъолияти он-1932-1933 дар ду шӯъбаи донишкада: биология - химия ва физикаю математика ҳамагӣ 26 донишҷӯ ба машғулият шурӯъ намуда, ҳайати омӯзгорони он аз 9 нафар иборат бошад, имрӯз фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 16 факултет, аз ҷумла 69 кафедра, аз он 9 кафедраи умумидонишгоҳӣ, Парки технологӣ, Марказҳои илмӣ, Китобхонаи марказӣ ба роҳ монда шудааст. Дар донишгоҳ аз рӯи 73 ихтисос дар шӯъбаи рӯзона ва аз он 29 ихтисос дар шӯъбаи ғоибона дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил сурат мегирад. 
Дар ҳамаи 16 факултетҳои донишгоҳ раванди таълим тибқи низоми кредитии таҳсил ба роҳ монда шудааст. Дар донишгоҳ 8 бинои таълимӣ, 6 хобгоҳ, 356 синфхонаҳои таълимӣ, 101 лабарторияҳои таълимӣ, 130 кабинети махсус, 76 кабинети таълимӣ, 47 синфхонаи таълимӣ, 70 кабинети лингофонӣ, 154 тахтаҳои электронӣ, 304 проекторҳо, 1200 компутерҳои фардӣ, 16 адад серверӣ ва лабараторияҳои биологӣ, химиявӣ, электротехникӣ мавҷуд буда, шабакаи ягонаи тариқи нахи оптикӣ  амал мекунад, ки дар Тоҷикистон назир надорад. Китобхонаҳои марказӣ, рақамӣ ва электоронӣ бо фарогирии беш аз 500 ҳазор адабиёт фаъол аст.

Теъдоди умумии ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ 721 нафар мебошанд. Докторони илм, профессорон - 40 нафар аз онҳо 8 нафар занҳо, номзадҳои  илм – 278 нафар аз онҳо 123 нафар занҳо,  сармуаллимон – 216 нафар аз онҳо 149 нафар занҳо,  муаллимон – 187 нафар аз онҳо 105 нафар занҳо мебошанд. 
Шумораи донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар донишгоҳ 17 731  нафарро ташкил медиҳанд, ки аз он 9114 нафар (3669 буҷавӣ) дар шӯъбаи рӯзона ва 8617 нафар  дар шуъбаи ғоибона (2267 буҷавӣ)  нафар таҳсил менамоянд.
Як соли охир дар Донишгоҳ тағироти куллӣ ба мал омад. Аз ҷумла мубориза бар зидди коррупсия, баланд бардоштани сифати таълим, ташкил ва ба роҳ мондани дарсҳои беҳтарини устодон, таҳким бхшидани базаи моддиву техникии лабараторияву синфхонаҳо, ҷорӣ намудани имтиҳоноти маъмурӣ ва даҳҳо тадбирҳои дигар имон пайдо намуд, ки рейтинги муассиса баландтар гардида, барои ҷалби бештари довталабон имоноти муфид ба вуҷуд омаданд. 
Донишгоҳ бо 20 мактаби олии кишварҳои хориҷии дуру наздик, аз ҷумла бо Донишгоҳи кишоварзии Пекин (Чин), Донишгоҳи омӯзгории Синтзян (Чин), Донишгоҳи давлатии иқтисодиёт, омор ва информатикаи Маскав (Русия), Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург (Русия), Донишгоҳи давлатии миллии радиоэлектронии Харков (Украина), Донишгоҳи байналмилалии Хомиатул-Мустафо (Эрон), Донишгоҳи Деҳлӣ (Ҳиндустон), Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ, Донишгоҳи Гамбург (Олмон) ва як қатор донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ тибқи шартнома равобит ва ҳамкориҳои илмиро ба роҳ мондааст.

Сиёсати Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди ба таҳсил ҷалб намудани духтарон ва писарон аз деҳоти дурдасту ноҳияҳои кӯҳистон аз ҷониби донишгоҳ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад. Имрӯз дар факултетҳои мухталифи донишгоҳ қариб 1000 нафар тибқи квотаи Президенти кишвар таҳсил намуда, барои онҳо тамоми шароити таҳсил ва фароғат фароҳам оварда шудааст. 
Дар донишгоҳ Барномаи дурнамои тайёр кардани кадрҳои илмӣ аз тариқи магистратура, аспирантура ва докторантура амал мекунад ва ҳамасола мутобиқи он шумораи зиёди аспирантону докторантон ва унвонҷӯён рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро ҳимоя менамоянд. 
Феълан донишгоҳ барои ба меъёрҳои ҷаҳонии таълиму тадрис мутобиқ сохтани тарбияи мутахассисон, таҳсил ва маълумоти бисёрзинагӣ, аз ҷумла бакалавр, магистр, мутахассис кӯшиш ба харҷ медиҳад. Вусъати таълиму тарбия, илм дар донишгоҳ, афзудани самту равияи ихтисосҳо ва васеъ гардидани доираи фаъолияти факултетҳоро метавон натиҷаи амали самарабахш ва анҷоми муваффақонаи рисолати мактаби олӣ муаррифӣ намуд. 
Ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ имрӯз ба оянда бо дилпурӣ ва эътимоди қавӣ назар андохта, фаъолияти худро барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва лаёқатманду сазовор баҳри эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ равона кардаанд.
Дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқсолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарфарозӣ метавон гуфт, ки ҷомеаи бисёрҳазорнафараи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баҳри татбиқи ормонҳои миллат, таҳкими сулҳу ваҳдат, баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, фарҳанг, тарбияи кадрҳои дилсӯзу садоқатманд пайваста кӯшиш намуда, баҳри ободӣ, шукуфоии Ватан ва ба як кишвари пешрафта, мутамаддин ва мутараққӣ табдил додани Тоҷикистони азиз ва дарёфти мақоми шоистаи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хизмат хоҳанд кард. 
Мутмаин бар онем, ки ҷомеаи устодону донишҷӯёни донишгоҳи мо дар радифи дигар макотиби олии кишвар он рисолати муқаддаси хешро, ки бар дӯш доранд, бо шоистагӣ, сарбаландӣ, азму ғайрат, ҳисси масъулият ва дарку эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба субут мерасонанд. 
 

e-mail: rector@hgu.tj  
 
 




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар