ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.






ҲАДАФИ ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТИИ ҲНИТ ИН БА МАЙДОНИ ВАҲШОНИЯТ ВА ХУНРЕЗӢ ТАБДИЛ ДОДАНИ ТОҶИКИСТОН

Мувофиқи гузориши расонаҳои васоити ахбори омма ТЭТ ҲНИТ аз таҷрибаи ДИИШ истифода бурда, роҳу василаҳои наверо барои ҷалби ҷавонон мавриди истифода қарор додааст ва инчунин, чанд гурӯҳҳои террористӣ аз ҷониби ҲНИТ ташкил ёфтааст. Аз ҳама ҳайратовараш ин мебошад, ки вақте дастгиршудагон ба забони худ иқрор мекунанд, ки узви ҲНИТ ҳастанду бо супориши пинҳонии роҳбарияти наҳзат ҷиноятро содир кардаанд, баъзе аз аҳли ҷомеа ин суханҳоро нодида мегиранд, бовар кардан намехоҳанд.

 

Аз назар гузарониданд: 3 нафар

ВОКУНИШИ МУАЛЛИМАИ КАФЕДРАИ НАЗАРИЯ ВА МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ МОДАРӢ - ҚОДИРОВА М.А. ХОКИ ВАТАН АЗ ТАХТИ СУЛАЙМОН БЕҲТАР…

Экстремизм ва терроризм вожаҳоеанд, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм- «тундравӣ, аз андоза гузаштан»,  истилоҳи «терроризм» бошад  аз калимаи лотинӣ маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

 

Аз назар гузарониданд: 3 нафар

ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ САИДОВ М.М., АХМЕДОВА З.Д. "АНҶУМАНИ ОЗОДАНДЕШОНИ ТОҶИКИСТОН ФИТНАИ НАВБАТИИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК"

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли соҳибистиқлолияташ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи осуда, тинҷиву оромӣ ва сулҳу ваҳдатро дар мамлакат таъмин намудааст. Лекин дар ҷамъияти имрӯза як қатор афроде пайдо мешаванд, ки ба тинҷию оромии кишвар халал мерасонанд. Ин афрод асосан он шахсоне мебошанд, ки берун аз кишвар истиқомат менамоянд ва худро “озодандешони Тоҷикистон” номидаанд. 

Аз назар гузарониданд: 3 нафар

ИЗҲОРОТИ ОМЎЗГОРИ КАФЕДРАИ СИЁСАТШИНОСӢ ВА ФАРҲАНГШИНОСИИ ДДХ БА НОМИ АКАДЕМИК Б.ҒАФУРОВ ШАРИПОВА МОҲИРА "АМАЛҲОИ ХИЁНАТКОРОНАИ ТЭТ ҲНИТ НОБАХШИДАНИСТ!"

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолият ба масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм диққати бештар дода истодааст.  Зеро  масъалаи ифротгароӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ яке аз муаммоҳои доғи рўз ба ҳисоб меравад. Экстримизм  раванди ҷонибдории усулҳои  ифротӣ, ки аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурўҳҳои сиёсӣ ва ҳатто аз тарафи  базе давлатҳо  созмон ва дастгирӣ меёбанд, дониста мешавад.  

Аз назар гузарониданд: 5 нафар

НАБИГЗОРЕМ, КИ ҚАЛБҲО ХУНЧАКОН БОШАД!

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот  ихтолофоту зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф  мезананд ва менависанд. Бояд тазаккур дод, ки зимни шинохти фаъолияти ҲНИТ ба ҳайси пуштибон ва сарпараст  эътироф шудани баъзе аз кишварҳову ташкилотҳо ба назар мерасад. Таҳлили фаъолияти ҲНИТ исбот намудааст, ки он бо созмону ташкилотҳои террористию экстремистӣ дар иртибот буда, бо роҳҳои пардапўшона  ва ҳатто кушоду равшан онҳоро тарафдорӣ менамоянд.

 

Аз назар гузарониданд: 5 нафар

ИЗҲОРОТИ ҶОМЕАИ МЕҲНАТИИ КАФЕДРАИ УМУМИДОНИШГОҲИИ СИЁСАТШИНОСӢ ВА ФАРҲАНГШИНОСИИ ДДХ БА НОМИ АКАДЕМИК Б.ҒАФУРОВ "ТЭТ ҲНИТ МУҲОҶИРОНРО ГУМРОҲ МЕКУНАД"

Вақтҳои охир аз тариқи матбуоти даврӣ огоҳ шудем, ки ташкилоти мамнӯъ бо  ном Ҳизби наҳзати ислом дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва баъдан ҳам нияти табаддулот карданро доштаанд. Барои амалӣ шудани ин ҳадафашон ба онҳо  аз хориҷа баъзе кишварҳои абарқудрати минтақа низ ёрии моддӣ ва маънавӣ мерасонидааст.

Аз назар гузарониданд: 4 нафар

<< < 1 | 2 | 3 | 4 > >>




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар