ТЕЛЕФОН:1.800.987.6543
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
“Иншои беҳтарин” Раёсати илм ва инноватсия бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин” баргузор менамояд. Ҳамаи кормандон новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмун ширкат варзанд. Муҳлати охирини қабули иншо санаи 01.12.2017. “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” Диққат - озмун. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд. Даври якуми озмун то санаи 20.11.2017 дар факултетҳо ва даври финалӣ санаи 27.11.2017 аз тарафи ҳакамони озмун ҷамъбаст мегардад.





БОЙМУҲАММАД НИЁЗОВ - ҲУНАРМАНДИ БЕНАЗИР

Ҳафтаи сипаригардида  бахшида ба ифтихори таҷлили 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 85-солагии донишгоҳ ва 90-солагии ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессор Боймуҳаммад Ниёзов  конфронси  илмӣ-фарҳангии вилоятӣ таҳти унвони «Саҳми Боймуҳаммад Ниёзов дар рушди мусиқии миллӣ» дар толори раёсати ин боргоҳи илму маърифат баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур меҳмонон-ҳунарманди хушсадо Мастона Эргашова, намояндаҳо аз МИҲД вилояту шаҳр ва устодону донишҷўён,  дўстдорони санъати воло   иштирок намуданд.

Дар бахши илмӣ  перомуни мавзўи «Боймуҳаммад Ниёзов-ифтихори санъати миллӣ» ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода суханронӣ намуда, аз мазмуну муҳтавои баланду  дилчаспи  суруду оҳангҳои  Боймуҳаммад  Ниёзов ҳарф зад.

Сипас, намояндаи МИҲД-и шаҳри Хуxанд табрикоти роҳбарияти шаҳрро ба самъи  ҳозирин расонид. Дар мавзўъҳои «Боймуҳаммад Ниёзов-бастакор, мураббӣ, устоди шашмақом»-номзади илмҳои таърих, дотсент, Р. Аминҷонов,  «Боймуҳаммад Ниёзов- ҳунарманди асил ва суханшиноси  беҳамто»-мудири кафедраи адабиёти классикӣ, дотсент, С. Саидов маърўза карданд.

Шогирдону ҳамкорон ва хешу табори устод хотираҳои хешро нисбат ба соҳибҷашн ёдоварӣ намуданд.

Дар бахши фарҳангӣ бошад ҳунармандон, профессор Мастона Эргашова, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷўрабек Набиев, Гулноза Fаффорова, профессор Абдураҳим Шерматов, ҳунарпешаи шинохтаи кишвар Абдумавлон Дадобоев, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон  Тўлқин Тоҷибоев  ва дорандаи ҷоизаи Гремми Хуршед Иброҳимов аз суруду таронаҳои ҳунарманди равоншод Боймуҳаммад Ниёзов замзама карданд, ки онро аҳли нишаст бо кафкўбиҳои бардавом хуш пазируфтанд.

Конфронси илмӣ-фарҳангии вилоятӣ бахшида ба 90-солагии ҳунарманди  зиндаёд Боймуҳаммад Ниёзов хубу хотирмон ва дар сатҳи баланд гузашт.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:70 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар