ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





МУЛОҚОТ ОИД БА ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ДАР ДОНИШГОҲ

Дар толори раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади шарҳу эзоҳи Паёми Президенти ҶТ, Асосгузори сулҳу впҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласа бо ширкати Маҳмадалӣ Ватанзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Бобоев ва Гулбаҳор Назирӣ, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Р.Ҳошимзода, ректори ДДҲБС Шарифзода Мумин Машокир ва ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло баргузор гардид. Р. Ҳошимзода нишастро оғоз намуда, роҷеъ ба ҳадафи гузаронидани силсилавохӯриҳо бо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Сипас, Маҳмадалӣ Ватанзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ андешаронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки «Паёми имсолаи Роҳбари Давлат бо хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла пешниҳодоти мавзуъ ва вазифагузорӣ аз дигар Паёмҳо фарқ мекунад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи ҳассоси сайёра, ҷаҳонишавии шадид дар оғози Паёми худ аз сиёсати хориҷии давлат сухан ронданд. Ва таъкид доштанд, ки мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем. Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.

Маҳмадалӣ Ватанзода гуфт, ки дар Паёми имсола масоили амнияти озуқаворӣ ва дастури таъсиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи се хадамоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — Хадамоти давлатии ҳифзи тандурустии аҳолӣ нақши муҳим дорад. Зеро ворид гардидани молҳои пастсифати хориҷӣ ва таъсири он ба саломатии миллат Давлату Ҳукуматро бетараф гузошта наметавонад. Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Бобоев ва Гулбаҳор Назирӣ баромад намуда, таъкид доштанд, ки дар Паёми Пешвои миллат нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар ироа гардид ва зикр шуд, ки дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт. Рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат 21,5 фоиз, кишоварзӣ 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 6, савдои чакана 6,6 ва хизматрасонии пулакӣ 1,8 фоиз таъмин гардида, таваррум дар сатҳи 6,3 фоиз нигоҳ дошта шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ, иҷро шуда, ҳаҷми буҷети соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017-ум 7,3 фоиз зиёд муайян гардид.
Ректори ДДҲБСТ Мӯъмин Шарифзода доир ба Эълон шудани соли 2018 соли рушди сайёҳҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ андешаронӣ намуда, зикр дошт, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷорӣ карда шавад».
Ҷамшед Ҷӯразода, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нахуст меҳмононро ба донишгоҳ хайру маӣдам намуда, зимни музокира доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ қайд кард, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири масоили муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, дурнамои пешрафти давлату ҷомеаро замина мегузорад. Хусусан, Соли 2018 эълон гардидани Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ бозгўи пешрафти муносибат дар ин самт буда, Тоҷикистони мо дар минтаӣа воқеан ба сарзамини биҳиштосо, осоишта ва афсонавӣ мубаддал гаштааст.

маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:39 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар