ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





ИЛМ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ бо дастгирӣ ва мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Илм ва амнияти миллӣ” баргузор карда шуд. Конфронси мазкур бо мақсади омўзишу таҳлил ва нишон додани хатарҳои муосир ба низоми сиёсии давлат, ҳаёти осоиштаи халқ ва пешрафту шукуфоии ҷомеа, нақши илм ва маърифати сиёсии ҷомеа дар таъмин ва таҳкими амнияти миллӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Комиҷрояҳои ҲХДТ дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд, Шўрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар вилояти Суғд, Кумитаи иттифоқҳои касабаи вилоят, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор, Ҷамшед Ҷӯразода конфронсро  ифтитоҳ намуда, ҳозиринро барои иштирокашон ба конфронси ҷумҳуриявӣ хайрамақдам гуфт. Мавсуф қайд намуд, ки баргузории ин чорабинии илмии сиёсӣ дар замоне баргузор шуда истодааст, ки ҷаҳонро мавҷи нооромиҳо, бесарусомониҳо ва буҳрони сиёсиву молиявӣ фаро гирифта ба истиқлолият, якпорчагии давлатҳо ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ таҳдид ба миён овардааст. Хусусан, айни ҳол зиёда аз 100 давлати дунё ҳадафи ҳамлаҳои терористиву ифротгароӣ қарор гирифтаанд. Аз ин рӯ, бешубҳа масъалаи таъмини баланди амнияти давлатӣ дар шароити имрӯза манфиати илмиву назариявӣ ва ҳам сиёсию амалӣ кашф намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар арсаи байналхалқӣ мавқеи хосаи худро дошта, ба қатори давлатҳои рў ба инкишоф ворид гардидааст. Ҳамаи ин дастовардҳо ва пешрафти давлат аз сиёсати маънавибунёду хирадмандона ва дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Бинобар ин мо ворисон ҳамчун қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандӣ бояд ба қадри ин ҳама созандагиҳо расида, нагузорем, ки ҳар гуна зуҳуроти номатлуб ба ин низом халал ворид созад.

Баъдан, мудири шӯъбаи рушти иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси  вилояти Суғд Султонзода Тоҷибой Султонӣ суханронӣ намуда, аз номи Раиси вилояти суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ташкилкунандагон ва кори конфронс муваффақиятҳо хост. Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бовар дорад, ки конфронси мазкур саҳифаи тозаеро дар таъмини амнияти миллат кишар боз менамояд ва бо баррасии масъалаҳо дар бахшҳои конфронс роҳҳои нави ҳамкориро дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёт ва эҳсоси ватанпарастии ҷомеъа эҷод хоҳад кард.

Сипас Сардори раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майёр Салимов Абдусамад Мӯъминоич дар мавзӯи “Таъмини амнияти миллӣ-вазифи муқаддас ва пуршараф” маъруза намуда, таъкид дошт, ки омӯзиш ва таҳлили маводҳои Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд дар самти мубориза бар зидди тероризм ва экстремизими динӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла вилояти Суғд, яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосӣ, ки ба амнияти миллӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад, ин идома ёфтани фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва терористӣ ба шумор рафта, раванди мазкур ба оромии вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ пойдории сохти конститутсионӣ ва якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонида истодааст. Дар чунин шароит ба роҳ мондани тарғибу ташвиқи ҳар чӣ бештари сохти кониститутсионӣ, ки асоси онро давлатдории миллӣ ташкил медиҳад, ба ин фаъолият ҷалб намудани ҳамаи сохторҳои давлатӣ, институт ва дигар неруҳои солими ҷамъиятӣ аз вазифаҳои муҳим маҳсуб меёбанд.

Сипас, Директори маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филолгӣ, дотсент Бародзода Файзулло дар мавазӯи “Баъзе тағйиротҳои сиёсӣ дар Ховари Миёна ва таъсири он Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърўза намуда, иброз намуд, ки дар охири соли 2017 як қатор тағйиротҳои назаррас дар фазои сиёсӣ-итттилоотии кишварҳои Ховари Миёна таҳаққут пазируфтанд, ки нигоҳи коршиносонро дар бораи ояндаи дурнамои минтақа то андозае дигаргун сохтанд. Таҷрибаи рӯзгор собит намуд, ки дар Тоҷикистон дуруст ба роҳ мондани фарҳанги миллӣ ва анъанҳои мардумӣ барои ҷаҳониён фазои солими иттилоотӣ, илм, фарҳангӣ ва динию эътиқодиро дар қаламрави кишвар қавӣ мегардонад ва дар тарбияи руҳияи ватандӯстӣ ва фидокории насли ҷавон нақши муассир мебозад. Дар натиҷа имиҷи байналмилалии ҷумҳурӣ ба ваҷҳи писандида, тағйир мепазирад ва таъсиргузории омилҳои берунӣ ба маротиб коҳиш меёбад.

Ҳамчунин дар конфронс устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доктори илмҳои фалсафа, профессор Оқилова Матлуба Маҳмудҷоновна дар мавзӯи “Аҳамият ва амнияти миллӣ, консепсия, моҳият ва хусусиятҳо”, дотсенти кафедраи адабиёти классикии факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Саидов Саидумурон дар мавзӯи “Донишҳои илмӣ ва маърифати дурусти вазъи сиёсии ҷомеа” маърӯза намуданд.

Дар интиҳо ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода бахши пленарии конфронсро ҷамъбаст намуда, афзуд, ки доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар соли 2017 аз ҷониби устодону донишҷӯёни  ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров беш аз 400 мақолаҳои илмиву оммавӣ навишта, 1600 чорабиниҳои тарбиявӣ, мулоқотҳо, вохуриҳо, маҳфилҳо, мизҳои мудаввар, лексияҳо ва озмунҳои гуногун доир карда шуданд. Дар оғози соли таҳсили 2017-2018 дар назди кафедраҳои ҷомеашиносии ДДХ ба номи академик Бобоон Ғафуров маҳфилҳои илмӣ таҳти унвони “Сиёсат ва ҷомеа”, “Ойинаи таърих”, “Хазинаи ҳикмат” бо ҷалби профессорон, олимони ҷавон ва магистрантону докторантони донишгоҳ таъсис дода шудааст. Дар назди Шӯъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, аз ҷумлаи донишҷӯёни фаъол маҳфили “Андеша” ба фаъолият шурӯъ намуд. Пешниҳод карда мешавад, ки бо мақсади анҷом додани тадқиқотҳои илмӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб дар назди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Маркази пешгирии тероризм ва экстроризм таъсис дода шавад. Ҳамчунин бо кӯшишу талошҳои ҳамаи устодони донишгоҳ ва дигар олимону омӯзгорон аз донишгоҳҳои  кишвар бод астгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати Кумитаи давлатии амният миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҷмӯи мақолаҳои конфронсияи мазкур таҳти унвони “Илм ва амнияти миллӣ” ба чоп расид, ки дар он зиёда аз 100 маҷолаҳо ҷамъоварӣ шудааст. Инчунин дар заминаи ин китоб маҷмўаи дигар бо номи “Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ” аз чоп бароварда шудааст.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:89 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар