ТЕЛЕФОН:1.800.987.6543
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
“Иншои беҳтарин” Раёсати илм ва инноватсия бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин” баргузор менамояд. Ҳамаи кормандон новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмун ширкат варзанд. Муҳлати охирини қабули иншо санаи 01.12.2017. “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” Диққат - озмун. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд. Даври якуми озмун то санаи 20.11.2017 дар факултетҳо ва даври финалӣ санаи 27.11.2017 аз тарафи ҳакамони озмун ҷамъбаст мегардад.





ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМИНАРИ ИЛМИИ «СИЁСАТ ВА ҶОМЕА» ДАР ДОНИШГОҲ

Дар кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров семинари илмии “ Сиёсат ва ҷомеа”  ҷаласаи аввалини худро баргузор намуд.

 Кори семинарро роҳбари он профессор М. Оқилова оғоз намуд. Дар семинари мазкур намояндаи МИҲД Суғд- мутахассиси  шўъбаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Меҳрафкан Мирзоҳофизиён, аъзо ва котиби масъули Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дотсент А.Ш. Шарипов, намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят, аъзоёни кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа, устодони коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров, устодон ва донишҷӯён аз факултетҳои донишгоҳ ширкат варзиданд.

Нахуст оид ба мақсади ташкили семинари доимоамалкунандаи кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ «Сиёсат ва ҷомеа», ки  Низомномаи он дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Fафуров муҳокима ва қабул карда шудааст, маълумоти мухтасар пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки мақсади семинари илмӣ дар амал татбиқ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба  густариши минбаъдаи илмҳои сиёсатшиносӣ бо назардошти қонеъ гардонидани талаботи ҳозираи илмӣ, иxтимоӣ-сиёсӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, таҳкими муносибатҳои касбӣ  бо шарикони стратегӣ, шиносоӣ бо дастовардҳои илмии муассисаҳои таълимӣ ва илмии кишвар маҳсуб меёбад.

Гуфта мешавад, ки семинари “Сиёсат ва ҷомеа” ҳамчунин бо мақсади баррасӣ ва муҳокимаи мақолаҳо, корҳои илмӣ-тадқиқотии муҳаққиқони ҷавон роҳандозӣ гардида, ҷиҳати такмили корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омодашавии олимони ҷавон барои дифои рисолаҳои худ гузаронида мешавад. 

Сипас ҳозирин маърӯзаи пурмeҳтавои дотсент Ӯ. Умаралиева дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдат»-ро, ки  ба истиқболи 25 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, шуниданд.

Дар он аз ҷумла зикр гардид, ки ин Иҷлосияи тақдирсоз  дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шўълаи умедро ба сўйи фардои неки давлатдории миллӣ, таъмини рўзгори босаодату пурнишоти мардуми кишвар фурӯзон намуд. Бузургтарин дастоварди ин иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони дунё фарзанди баору номус, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт  ва дорои ифтихори баланди миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари Давлат ба майдони сиёсат омад.   Ин фарзанди фарзонаи миллат ҷон дар  каф бо як далериву ҷасорати бемисл масъулияти баланди роҳбариро ба дӯш гирифта, ба наҷоти миллату давлати тоҷикон  камари ҳиммат барбаст. Дар натиҷаи азму талош ва  кӯшишу пайкорҳои бемисли ин шахсияти барҷастаи таърихӣ дар як муддати кутоҳи таърихӣ алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомўш карда шуда, хатари парокандашавии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон рафъ карда шуд. Миллати тоҷик дар симои  Эмомалӣ Раҳмон — шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил ва  Пешвои  ҳақиқии хешро пайдо намуд.

Маърӯзаи профессор М. Оқилова ба яке аз масъалаҳои мушкили ҷамъиятӣ, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст- Ифротгароии динӣ ва роҳҳои пешгирии он дар байни ҷавонон» бахшида шуд. Дар он аз нигоҳи илмӣ моҳияти ифротгароии динӣ, симои ифротгаро, ҷиҳатҳои хоси шабеҳаи шахси ифротгаро ва роҳҳои пешгирии ин ҳодисаи номалуб дар байни ҷавонон тавассути муаррифӣ бо нишон додани маълумотҳои оморӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар бахши муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ-иҷтимоии кишвар устоди кафедра З. Комилова маводи матбуоти давриро таҳлил намуд.

Дар бахши минбари андеша  котиби масъули Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дотсент А.Ш. Шарипов андешаҳои худро роҷеъ ба мавзӯъҳои баррасишуда баён намуда, барои фаъолияти минбаъдаи семинар маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд.

Роҳбари семинар доктори илмҳои фалсафа, профессор М.Оқилова тасмим гирифтааст, ки кори семинарро ба таври кушод ба роҳ монда, ба он мутахассисони пешбари мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, олимон ва устодони мактабҳои олӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ, аъзоёни Шӯроҳои xамъиятии вилояти Суғд, намояндагони васоити ахбори оммаро ҷалб намояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 vv

Аз назар гузарониданд:65 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар