ТЕЛЕФОН:1.800.987.6543
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
“Иншои беҳтарин” Раёсати илм ва инноватсия бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин” баргузор менамояд. Ҳамаи кормандон новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмун ширкат варзанд. Муҳлати охирини қабули иншо санаи 01.12.2017. “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” Диққат - озмун. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд. Даври якуми озмун то санаи 20.11.2017 дар факултетҳо ва даври финалӣ санаи 27.11.2017 аз тарафи ҳакамони озмун ҷамъбаст мегардад.





ОЗМУНИ “ИНШОИ БЕҲТАРИН”

Ба таваҷҷӯҳи устодону олимон, донишҷӯёну магистрантон, унвонҷӯёну аспирантони Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров расонида мешавад, ки раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин”- ро баргузор менамояд.

Бинобар ин, ҳамаи кормандони донишгоҳ новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмуни “Иншои беҳтарин” ширкат варзанд.  

Муҳлати охирони қабули иншо санаи 1-уми декабри соли равон   Суроға : шаҳри Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1, раёсати илм ва иноватсия, утоқи №109

Масъули озмун:  И.в. сардори илм ва иноватсия Мирзоев С. Х.

Тел. барои тамос  : (92)  756-64-54    тел: корӣ 6-37-26

Ғолибони озмуни “Иншои беҳтарин” аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда мешаванд.

Мавзӯҳои меҳварии озмуни “Иншои беҳтарин”:

-    Донишгоҳи ман-ифтихори ман

    -    Кохи бузурги илму ирфон

    -   Зинда бош, эй донишгоҳи азиз

    -   Донишгоҳ -махзани илму ҳунар

    -   Нақши Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар рушду инкишофи илми тоҷик

    -Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Истиқлолияти миллӣ

    -Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва сиёсати  хирадмандонаи Пешвои миллат- Эмомалӣ Раҳмон

-   Самтҳои асосии фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

-   Нақш ва ҷойгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар тарбияи мутахассисони соҳибмаълумот 

-   Ташрифу мулоқотҳои Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ ва аҳамияти таърихии он 

-   Саҳми устодони донишгоҳ дар ободониву шукуфойии Тоҷикистони соҳибистиқлол

-   Донишгоҳ ва   сиёсати забон

-   Дирӯз ва имрӯзи донишгоҳ

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 vvv


Печать документа
Аз назар гузарониданд:62 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар