ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲ БА МАКТАБҲО

Устодони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ, саромӯзгорон М. Сатторова Қ. Ӯзбекова Н. Алимухамедова  ва омӯзгор Ғ. Қурбонов  санаи 27.10.2018  ба мактабҳои № 5, 34 ва МХБ ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо хонандагони синфи 11 вохӯрӣ гузаронида онҳоро барои таҳсил дар курсҳои тайёрии  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даъват намуданд. Омӯзгорон дар бораи курсҳои тайёрӣ маълумоти муфассал доданд ва ба хонандагону омӯзгорон варақаи эълон оид ба қабул ба курсҳои тайёрии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро тақсим намуданд.

Гуфта мешавад, ки чораҳои мазкур айни ҳол дар дигар муассисаҳои маорифи вилоят низ бо маром баргузор шуда истодааст.

Нақша ҳаст, ки аз санаи 8.09.2017 то 1.04.2018 машғулиятҳо барои курсҳои тайёрӣ оғоз карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

 

Аз назар гузарониданд:157 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар