ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





СЕМИНАР-МАШВАРАТ ОИД БА ТАҚВИЯТИ МАЪРИФАТИ СИЁСИВУ ҲУҚИҚӢ

Кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ барои баланд бардоштани маърифати ҷомеа, тарғиби арзишҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои ахлоқӣ дар байни донишҷўёнро мақсади кори худ ҳисобида, натанҳо ба раванди таълим, инчунин ба корҳои тарбиявӣ низ диққати махсус медиҳад. Омўзгорони кафедра дар фаъолияти худ дастуру супоришҳо ва нишондодҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати ҶТ, Фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор дода, дар амалӣ гардонидани онҳо тамоми кўшишу ғайрати худро равона менамоянд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва нақшаи чорабиниҳои тарбиявии кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ барои соли хониши 2017-2018 кафедра тасмин гирифт, ки семинар-машварат бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дер дар факултети педагогӣ баргузор намояд.

Мақсади семинар-машварат баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқии донишҷўён, ҳисси баланди ватандўстӣ, пешгирии содирнамоии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятҳо, иштироки шаҳрвандони ҷумҳурӣ, сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи хориҷи кишвар, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ-экстремистӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳангу либоси ғайримиллӣ ва дар ин раванд таъмини иҷрои боэтимоди талаботҳои қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар семинар - машварат сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд подполковники милитсия - Б. Р. Саидзода ва муовини ин хадамот подполковники милитсия - Нозим Турсунов баромад намуданд.

Дар охир онҳо ба саволҳои донишҷўён посух доданд. Инчунин дар семинар машварат, ки таҳти роҳбарии мудири кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ Н. Т. Алимухамедова ва саромўзгорон М. Сатторова, Д. А. Каримова, М. Назарова, омўзгорон З. Абдуллоева, А. Қурбонов, муовини декани факултети педагогӣ оид ба тарбия Қодирова гузаронида шуд, иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки аъзоёни кафедра ба хотири боз ҳам пурсамар ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷўён роҳу усулҳои тозаро ҷустуҷў намуда, дар партави иқдомҳои неки Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои корҳои тарбиявии худро тартиб доданд, ки онҳо дар оянда ба ин самти кор боз ҳам тақвият мебахшанд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:122 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар