ТЕЛЕФОН:1.800.987.6543
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
“Иншои беҳтарин” Раёсати илм ва инноватсия бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин” баргузор менамояд. Ҳамаи кормандон новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмун ширкат варзанд. Муҳлати охирини қабули иншо санаи 01.12.2017. “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” Диққат - озмун. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд. Даври якуми озмун то санаи 20.11.2017 дар факултетҳо ва даври финалӣ санаи 27.11.2017 аз тарафи ҳакамони озмун ҷамъбаст мегардад.





ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДОНИШГОҲ

Бахшида ба рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи раёсати донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Конститутсия ва нақши он дар рушди ҷомеаи Тоҷикистон» баргузор гардид.

Ба конфронс ректори донишгоҳ,  профессор Ҷамшед Ҷўразода ҳусни оғоз бахшида, устодону донишҷӯёни донишгоҳро бо Рӯзи Кониститутсия таҳният намуд. Ректори донишгоҳ зимни суханронӣ аз таъриху аҳамияти  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  зикр намуд, ки мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 22 сол муқаддам аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллии худро амалӣ сохта, ба шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии худро таҳким бахшид. Имрӯз мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ин давлатро рӯз ба рӯз мустаҳкам менамояд.

Ҳар қадар солҳо моро аз давраи қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дур баранд ҳам, аммо ҳамон қадар аҳамияту зарурати мавҷудияти он дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва тавсеаи нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мазмуну моҳияти муҳимтар касб менамояд.

Конститутсияи давлатамон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос гардидаанд.

Сипас перомуни мавзўъҳои  «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол»  декани факултети таърих ва ҳуқуқ, дотсент Назира Маҳмудова, «Кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқ ба меҳнат» сармуаллими кафедраи ҳуқуқшиносӣ Нуралӣ Шукуров,  «Аҳамият ва ҷойгоҳи Конститутсия дар ҷомеаи демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  муаллими кафедраи умумидонишгоҳии  сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ Комилҷон Сангинов баромад намуданд.

Баъдан Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим ҳозиринро бо ин рӯзи муҳиму хотирмон табрик намуд зикр намуд, ки Кониститутсияи Ҷумҳурии тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки миллати тоҷик дар такя ба хиради азалӣ метавонад дар якҷоягӣ аз имтиҳонҳои сахту сангини давр гузард. Ҳамчунин Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки аз калонтарин муассисаи кишвар маҳсуб мешавад, натанҳо дар омодасозии кадрҳои баланлдихтисоси соҳа нақши босазо дорад, балки дар ғанӣ намудни маънавиёти ҷомеа, бедории афкор ва шуури миллӣ бо эҷоди асарҳои баландмазмун, мавқеъ ва мақоми хосеро соҳиб аст. Хосатан заҳмати устодон бобати инъикоси Иҷлосияи тақдирсози кишвар, тараннуми дстовардҳои даврони истиқлол, ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб бесобиқа аст.  Дар идомаи суханронӣ мавсуф ба якчанд устодони ҷавон ва магистрантону донишҷўён дафтарчаи ҳизбӣ супорид.

Дар интиҳои конфронс профессор Ҷамшед Ҷўразода аҳли нишастро бахшида ба 23-юмин солгарди Конститутсияи мамлакат бори дигар табрик намуда, изҳор дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади танзимкунанда ва муқарраркунандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат мебошад. Ба шарофати арзишҳои конститутсионӣ миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон шинохтаанду эътироф менамоянд.  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони амнияту ҳамкории Аврупо баробари панҷ Конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ эътироф гардида, дар татбиқи конститутсионализм – ҳамчун идеал ва мақсади олӣ, ки ҳадафи аслии он расидан ба сатҳи зиндагии арзанда ва ҳаёти осоишта аст заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ба миён овардааст.

Тибқи муқаррароти ин шиносномаи давлат Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон эътироф карда шудааст.

 Маркази иттилоот ва таҳлил 

Аз назар гузарониданд:63 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар