ТЕЛЕФОН:1.800.987.6543
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
“Иншои беҳтарин” Раёсати илм ва инноватсия бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин” баргузор менамояд. Ҳамаи кормандон новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмун ширкат варзанд. Муҳлати охирини қабули иншо санаи 01.12.2017. “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” Диққат - озмун. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд. Даври якуми озмун то санаи 20.11.2017 дар факултетҳо ва даври финалӣ санаи 27.11.2017 аз тарафи ҳакамони озмун ҷамъбаст мегардад.





МАҲФИЛИ ИЛМӢ БА МУНОСИБАТИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар асоси  нақша чорабиниҳои кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ дар хобгоҳи №3-и донишгоҳ маҳфили илмӣ таҳти унвони “Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санаи сарнавиштсоз 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар маҳфили илмӣ устодон, магистрантон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Сардори раёсати илм ва иноватсия номзади илмҳои филологӣ дотсент Мирзоев Садриддин табрикоти ректори донишгоҳ профессор, Ҷ.Ҳ. Ҷуразодаро ба ҳозирин расонида, иброз дошт, ки маъмурияти донишгоҳ ба чунин маҳфилҳои илмиву адабӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.

Сипас мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа, доктори илмҳои фалсафа ва сиёсатшиносӣ А.М. Атоев дар мавзӯи “Истиқболи ҷашнҳои фархунда” маърӯза намуд. Ӯ аз вазъи ногувори соҳои 90-ум ва дар шароити вазнини сиёсӣ баргузор намудани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда зикр кард, ки соли 1992 дар таърихи давлат ва миллати мо давраи пурфоҷиа, солҳои ҳалли масъалаҳои будан ва набудани давлати Тоҷикистон меистод, ки ин хатар ҳанӯз моҳи ноябри соли 1991 баъди интихоби Президенти кишар ба вуҷуд омада буд. Қувваҳое, ки худро ҷонибдори ҳаракатҳои демократӣ дар кишар  меномиданд, аз натиҷи интихобот, ки онҳо ба пирӯзӣ муваффақ нагардиданд, норозигӣ баён намуда, даст ба амалҳои зишт заданд. Бояд зикр кард, ки натиҷаи интихоботро намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ, ки дар он иштирок доштанд, дуруст ва қонунӣ эълон намуданд.

Ҳамчунин дар маҳфил магистрантон Пӯлодҷонзода Бунёд доир ба мавзӯи “Ҷавонон пайрави Пешвои созанда”, Шоира Олимова дар мавзӯи “Кониститутсия-раҳнамои миллати тоҷик”, донишҷӯён Ҳошимӣ Фарзона бо унвони “Санади муқаддасу сарнавиштсоз”, Рухшона Атабоева дар мавзӯи “Аҳамият ва нақши Кониститутсия дар бунёди ҷомеаи демократӣ” маърӯза намуданд. Дар интиҳо иштиокчии муколамаи байни тоҷикон дар солҳои 1997-1999 номзади илмҳои фалсафа, дотсент Мирсаидов Раҳмон Сатторович баромад намуда, сараввал ба ташкилкунандагону иштирокчиёни маҳфили илмӣ сипосгузорӣ намуд. Сипас, мавсуф  аз лаҳзаҳои ҳассоси муколама чанд ҳикоя намуд.

Дар интиҳо номзади илмҳои фалсава Ҳасанова З.А. ҳадафи ин маҳфили илмиро  қадр намудани хизматҳои шоёни Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон, амиқ дарк намудани санаи сарнавиштсоз 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷавонон ва арҷ гузоштан ба яке аз муқаддасоти кишвар Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил


Печать документа
Аз назар гузарониданд:32 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар