ТЕЛЕФОН:1.800.987.6543
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
“Иншои беҳтарин” Раёсати илм ва инноватсия бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин” баргузор менамояд. Ҳамаи кормандон новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмун ширкат варзанд. Муҳлати охирини қабули иншо санаи 01.12.2017. “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” Диққат - озмун. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд. Даври якуми озмун то санаи 20.11.2017 дар факултетҳо ва даври финалӣ санаи 27.11.2017 аз тарафи ҳакамони озмун ҷамъбаст мегардад.





МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Бо мақсади ҷалби олимону муҳаққиқони кишвар ба масъалаи мубрам - амнияти миллӣ ва баррасии ин масъалаи аз назари илм, бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тасмим гирифтааст, ки санаи 15 декабри  соли 2017 конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявиро дар мавзўи “Илм ва амнияти миллӣ“ баргузор намояд. Дар конференсия гузоришу мақолаҳои илмӣ доир ба масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд: 1.Илм ва амнияти миллӣ: аз  назария, таърих ва таҷрибаҳои  таъмини амнияти миллӣ. 2. Сабақи таърихӣ  ва масъалаҳои амният .

3.Донишҳои илмӣ маърифати дурусти амнияти миллӣ. 4.Адабиёт, фарҳанг, илм  ва нақши он дар амнияти давлат. 5.Хатарҳо ва таҳдидҳои муосир  ба амнияти миллӣ ва  минтақавии Осиёи Марказӣ. 6.Сабабҳои гаравиши ҷавонон ба тамоюлҳои номатлуб ва роҳҳои пешгирии он. 7. Таъмини амният омили рушди босуботи иқтисодиёт дар кишвар.

Олимон, муҳаққиқон ва хоҳишмандоне, ки мехоҳанд дар кори конференсия иштирок намоянд, мақолаҳои худро метавонанд, ки то санаи 10 декабри соли 2017 дар шакли чопӣ ва электронӣ ба суроғаи ш. Хуҷанд, кӯчаи Мавлонбеков-1(бинои асосии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,ҳуҷраи 23) тариқи почтаи электронии bohir-1988@mail.ru дастрас намоянд. Хоҳишмандоне, ки берун аз шаҳри Хуҷанд ҳастанд, метавонанд, ки маводашонро ба суроғаи электронии saidzoda1968@mail.ru ирсол намоянд. ТАЛАБОТ БА МАЪРЎЗАҲО Матни маърўза бояд дар ҳаҷми 7-8 саҳифаи А-4, фосилаи байни сатрҳо - 1,5. Ҳошия: аз чап 30 мм, аз боло ва поён 20 мм ва аз рост 15 мм. Ҳуруф: Times New Roman; Times New Roman tj (бapoи мақолаҳои ба забони тоҷикӣ), андозаи 14, ному насаби муаллиф, вазифа, дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ, номи пурраи кафедра, баъди ду фосила номи мавзўъ бо ҳарфҳои калон навишта мешавад. Баъди овардани ному насаб дар мақола рақами телефони мобилии фаъол ва суроғаи почтаи электронии муаллиф оварда шавад. Баъди боз ду фосилаи дигар, матни маърўза оварда мешавад. Рўйхати адабиёт мутобиқи ГОСТ-и 7.1 гардад. Ҳаволаҳо (сноскаҳо) дар поёни варақ қабул карда намешаванд. Мақолаҳо дар ҳуруфи TAJIKAN, Calibri, Palatino Linotupe ва ғайра қабул намегарданд. Ҷадвалу нақшаҳо дар заминаи Word таҳия гарданд. Мақолаҳое, ки аз лиҳози илмӣ суст, берун аз доираи конференсия, бе риояи талабот таҳия гаштаанд, ба маҷмўаи мақолаҳо ҷойгир намегарданд. Маҷмўаи мақолаҳои конференсия дар шакли электронӣ намуди PDF дар сомонаи асосии донишгоҳ гузошта мешавад. Забонҳои кории конфронс: тоҷикӣ ва русӣ. Телефон барои маълумот: (8 3422)6 7960, 937800524.Шахси мутасаддӣ: Саидов Саидумрон Ғаниҷонович (тел.: 927727707).

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 


Печать документа
Аз назар гузарониданд:40 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар