ТЕЛЕФОН:1.800.987.6543
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
“Иншои беҳтарин” Раёсати илм ва инноватсия бахшида ба ҷашни 85-солагии Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Иншои беҳтарин” баргузор менамояд. Ҳамаи кормандон новобаста аз кору фаъолияти худ метавонанд дар озмун ширкат варзанд. Муҳлати охирини қабули иншо санаи 01.12.2017. “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” Диққат - озмун. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд. Даври якуми озмун то санаи 20.11.2017 дар факултетҳо ва даври финалӣ санаи 27.11.2017 аз тарафи ҳакамони озмун ҷамъбаст мегардад.





МАҲФИЛИ ЭКОЛОГҲО

Бо мақсади дарёфти донишҷӯёни боистеъдод дар кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети география маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Эколог” баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷӯёни факултети мазкур Ш. Маҳмудов, Ш. Нозимхон ва С. Раҷабов бо маърӯзаҳои пурмӯҳтавоу таҳлилиии худ бобати тозагии муҳит ва ҳифзи он, ҳифзи захираҳои оби нӯшоки дар ҷаҳон, тағирёбии  сифати муҳити зистҳангоми истифодаи моддаҳои химиявӣ, баромад намуданд.

Маҳфил бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён баҳсу мунозира ҷараён гирифта барои муҳассилини факултет заминаи муҳими илмомӯзӣ гардид.

Дар ҷамбасти маҳфил мудири кафедра дотсент М.С. Собиров ба сухан баромада донишҷӯёни дигарро барои шомил шудан ба ин маҳфил ва ҳисси худро баҳри тозагии атроф ва муҳити зист даъват намуд. Маҳфил хуб ва хотирмон гузашт.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:46 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар