ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ ҶӮРАЗОДА ҶАМШЕД ҲАБИБУЛЛО БА МУНОСИБАТИ РУЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Устодони арҷманд, ҳамкорон ва шогирдони гиромӣ!

Таҷлили бисту сеюмин солгарди Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутун ва бахтномаи давлати Тоҷикистон ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар яке аз шаҳрванди кишвари азизамон, аз ҷумла мо устодону донишҷӯён рӯйдоди воқеан таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.

Ҳамаи  шуморо башарафи ин ҷашни фархундаву муборак, ки баъди ҳазорсол роҳи муосиру демократии ташаккулу пешрафти давлатдории миллиамонро муайян сохт, самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, рӯзгори осуда ва пирӯзиҳои тоза орзу менамоям.

Мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умуми халқӣ 22 сол муқаддам аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллии худро амалӣ сохта, ба шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро таҳким бахшид. Имрӯз мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ин давлатро рӯз ба рӯз мустаҳкам менамояд.

Ҳар қадар солҳо моро аз давраи қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дур баранд ҳам, аммо ҳамон қадар аҳамияту зарурати мавҷудияти он дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва тавсеаи нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мазмуну моҳияти муҳимтар касб менамояд.

Конститутсияи давлатамон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос гардидаанд.

Тавассути ин дастоварди олӣ халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарбаландӣ эълон сохт, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ буда, дар роҳи ҳифзи комёбиҳо ва афзоишу таҳкими онҳо пайваста кӯшиш менамояд ва рушди соҳиб ихтиёрии давлати миллии хешро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи он саъйю талош меварзад.

Бо итминон метавон изҳор дошт, ки Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои миллати мо баробари қабули Конститутсия фаъолияти худро дар асоси талаботи он ба роҳмонда, дар пешрафту рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон мунтазам иқдомҳои созандаро роҳандозӣ намуда истодааст.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошта, дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат менамояд.

Дар Конститутсия халқи Тоҷикистон баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон чун вазифаи муҳими давлат сабт шуд ва кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар гардид. Манфиатҳои миллии давлат дар меъёрҳои Конститутсия таҷассум ёфта, афзалияти онҳо бо дар назардошти эътирофи расмии санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ пурра ба инобат гирифта шуданд.

Имрӯз ба таърихи начандон тӯлонии давлатдории навинамон назар андохта, нақши муҳими Конститутсияро, пеш аз ҳама, дар таъсиси заминаи ҳуқуқии ташкили низоми нави мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва пойдевори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон метавон таъкид кард.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳамчунин озодиҳои сиёсӣ, аз ҷумла озодии сухан, гуногунандешӣ, дар доираи қонун таъсис додани ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳо ва созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, ба таври озод истифода намудан аз воситаҳои ахбори омма ва воситаҳои нави технологияи иттилоотиву коммуникатсионро кафолат медиҳад.

Дар заминаи Конститутсия бо дар назардошти талаботи замони муосир дар кишвар ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, ки ин раванд барои рушди бо низому пурсамари самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. 

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги санади олии ҳуқуқӣ Конститутсия дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат дар назди ҳар як фарди солимфикру худогоҳи кишвар, аз ҷумла мо устодон ва донишҷӯён вазифаҳои басо муҳим ва масъулиятнок қарор доранд, ки яке аз муҳимтарин вазифаҳо ин омӯзиш, тарғибу ташвиқи мазмун ва моҳияти Конститутсия мебошад. Зеро танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги қонунфаҳмиву қонуншиносии қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонони мамлакатро вусъат бахшида, масъулияти онҳоро дар ободиву шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон баланд бардорем. Конститутсия сарнавишти мост ва онро бояд эҳтиром кард.

Бори дигар ҳамаишумоустодон ва ҳамкорон, шогирдони азизро ба муносибати Рўзи қабули Конститутсияи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол самимона табрик мегӯям.

Ҳамеша саломату сарбаланд ва пирӯзу хонаобод бошед!

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:237 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар