ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





БЕҲТАРИН ЛОИҲАИ ИННОВАТСИОНӢ (НАВОВАРӢ)

 

БЕҲТАРИН ЛОИҲАИ ИННОВАТСИОНӢ (НАВОВАРӢ)

Раёсати  ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.10.2017, №3.3/1-1198-в ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.10.2017, №09/2-318  ҷиҳати дарёфти ҷавонони лаёқатманду навовар озмуни донишгоҳиро миёни навоварон ва ихтиъкорони ҷавон таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)” марбут ба рушди илм ва татбиқи навоварӣ бо мақсади пешрафти ҷомеа ва бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон менамояд.

Даври якуми озмунро то санаи 20.11.2017 дар факултет баргузор намуда, ғолибонро барои иштирок ба даври финалӣ ба Раёсати илм ва инноватсия пешниҳод намоед.

Ҷамъбасти озмуни донишгоҳӣ санаи 27.11.2017 баргузор мегардад. Аз ин рӯ ба Шумо дастур дода мешавад, ки оиди баргузории озмуни мазкур байни донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос PhD ва докторантон анъанавӣ (то 30 сола) чораҳои зарурӣ ва амалӣ андешида, санаи баргузории озмуни факултетиро пешакӣ ба Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ тариқи пешниҳоди хаттӣ маълум намоед.

Лоиҳаҳои беҳтарини инноватсионӣ (навоварӣ) бо нишон додани мақсад, натиҷаи амалигардӣ, саҳм дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ва будҷети татбиқшавӣ бояд пешниҳод карда шавад.

Воқеияти татбиқи лоиҳаи пешниҳодгардида бо далелҳои реалӣ ва мутобиқ ба шароити имрӯза бояд асоснок карда шаванд.

Эзоҳ:  сана, вақт ва ҷойи баргузории озмунҳо дар факултет, хамчунин

ҳайати ҳакамони озмуни факултетӣ то санаи 10.11.2017 маълум карда

шуда, тариқи хаттӣ ба Раёсати илм ва инноватсия манзур карда шавад

 

Аз назар гузарониданд:185 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар