ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





ВОХӮРӢ БО ВОЛИДОНИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИЁТИ БОЗОР

Дар синфхонаи 409  ҷаласаи васеъи волидони донишҷўёни курси 1-уми ихтисосҳои аудит ва ревизия, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, кори бонкӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон  мувофиқи ҷадвали тасдиқ гардида ташкил ва гузаронида шуд. 
Ҷаласаи мазкурро декани факултет профессор А.Л.Қодиров оғоз намуданд.  Роҳбари факултет қайд кард, ки донишҷӯёни факултет бояд дар асоси Фармони ВМҶТ №14/2 аз 4.10.2007  оиди «Дастурамали либосҳои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ» ба дарс ҳозир шаванд.  Истифодаи телефони мобилӣ дар ҷараёни дарс  ва умуман дар роҳравҳои факултет манъ карда шудааст. Аз ҳар як донишҷӯ риояи тартиботи дохилии донишгоҳиро талаб менамояд.  Декани факултет падару модарони донишҷӯёнро бо  Фармоиши Вазири маориф ва илми ҶТ аз  санаи 01.05.2017 сол  таҳти № 1518  “Дар бораи аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бе ҳуқуқи барқароршавӣ хориҷ намудани донишҷӯёне, ки бо мошинҳои шахсӣ ба муассисаи таълимӣ меоянд” ва Фармоиши ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. аз санаи 03.05.2017 таҳти № 01/741 “Дар бораи аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бе ҳуқуқи барқароршавӣ хориҷ намудани донишҷӯёне, ки бо мошинҳои шахсӣ ба муассисаи таълимӣ меоянд”, қатъиян манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим, ба дарс омадан бо либосҳои ғайритавсиявӣ, дар биноҳои таълимӣ кашидани тамокую нос  ва пешбини гардидани муҷозоти интизомӣ (сарзаниш, танбеҳ ва хориҷ кардан аз сафи донишҷӯёни донишгоҳ) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуданд. 
Бинобар ин қайд карданд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  даҳ сол ин ҷониб ҷараёни таълим бо системаи кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Доир ба супоридани санҷишҳои ҷорӣ, марҳилавӣ ва имтиҳони ниҳоӣ аз тарафи донишҷӯён  аз фанҳои муайян ахбороти муфассал пешниҳод намуданд.  
Илова бар ин донишҷӯёне, ки бе сабаб  дар дарс зиёда аз 36 соат иштирок намекунанд аз донишгоҳ хориҷ карда мешаванд.  
Ҳамаи талаботҳои дар боло зикр гардида волидайни донишҷӯро водор месозад, ки  аз таълим ва тарбияи фарзанди худ бехабар намонад.  Танҳо донишҷӯёне, ки ҳамарӯза вазифаҳои муайяни фанҳои алоҳидаро саривақт  иҷро менамояд  ба холҳои баланд сазовор мегардад. 
Сипас сухан ба мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дотсент Д. Абдуллозода дода шуд, ки муаллима доир ба пешрафти донишҷӯёни ихтисоси аудит ва ревизия, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит аз фанҳои алоҳида  маълумоти муфассал пешниҳод намуд. 
Мудири кафедраи молия, таҳлил ва омор  дотсент С. Хамидова қайд карданд, ки пешрафти  донишҷӯёни курси якуми ихтисоси кори бонкӣ аз ҳамаи фанҳо баланд мебошад. 
Дар фарҷоми ҷаласа ба саволҳои волидайн декани факултет  ҷавобҳои мушаххас доданд. 
Дар ҷаласа зиёда аз  150-нафар волидайни донишўёни курсҳои 1-ум иштирок доштанд. 
Дар ҷаласа декани факултет профессор А.Л.Қодиров муовинони декан оид ба таълим Ф.Холматова ва тарбия Г.Қодирова, мудирони кафедра профессор М.Исмоилов, дотсент Д.Абдуллозода дотсент С. Хамидова, устодон ва мураббиёни курсҳои 1-уми гурӯҳои академикӣ иштирок ва баромад намуданд. 
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
 
 
 
 
Аз назар гузарониданд:218 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар