ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МАШВАРАТИ ПСИХОЛОГӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар  бинои Taj Citi    машварат бо ҳамкории кафедраи  психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети  педагогии ДДХ  ба номи  академик Бобоҷон Ғафуров  ва маркази машварати  психологӣ ва рушди  қобилиятҳои  маърифатии «Заковат»  баргузор гардид.  Мақсади   гузаронидани  ин чорабинӣ  пешниҳод намудани    инкишоф  додани  хотир, тафаккур ва суръати хониш роҳу  усулҳои  наву   муосирро  барои  кўдакону  бузургсолон  буд. Дар  рафти  барнома  мутахассисони марказ    омўхтани усулҳои  нави  бахотиргирӣ ва  дар муддати  кўтоҳ  аз худ  намудани  мазмуни  китобҳои  бадеӣ ва матнҳои  махсусро ба иштирокдорон пешниҳод намуданд.

Маърўзаҳо  оид ба шумораҳо, номҳои  географӣ, калимаҳои хориҷӣ, харитаи ҷаҳон, калимаҳои абстрактӣ,  таблитсаҳои  фаннӣ, шеър,  калимаҳои душвор, ному насаб, чеҳраи инсонҳо,  иероглифҳои хитоӣ ва японӣ, парчамҳои  давлат ва  ғайраҳо мавриди  баррасӣ ва муҳокима қарор  гирифтанд. Ҷоизи қайд аст, ки ҳамарўза  дар ин марказ аз ҷониби  мутахассисон   машваратҳо  ва коррексияи психологӣ  гузаронида мешавад ва   маркази мазкур  якчанд  хизматрасониҳоро аз ҷумла: гузаронидани  ташхиси психологӣ, гузаронидани  машварати  психологӣ, (машваратҳои  педагогӣ, оилавӣ,  корӣ, инфиродӣ, ва гуруҳӣ), гузаронидани  вохўрии ислоҳии (корексияи)  психологӣ,  гузаронидани  тренингҳои  психологӣ дар мавзўъҳои гуногун   пешниҳод менамояд.                                                                                        Машварат бо баҳсу  мулоҳизаронии  иштирокдорон ҷамъбаст гардид.    

 

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:99 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар