ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ

Ҷашнҷо, одоб, расму ойинҷо рамзҷое аз таъриху тамаддуни ҷар қавму сарзамин ҳастанд, ки андешаву фарҷанги мардумони онро бозгў менамоянд. Анъанаҳои мардуми ориёнажод таърихи сеҳазорсола дошта, бештар дар ҷашнҳое ба монанди Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра зоҳир мешавад. Яке аз идҳои миллии халқи тоҷик Сада аст, ки реша дар фарҷанги қадимаи ниёгон дорад. Бар асоси маълумоти сарчашмаҷои таърихӣ зуҷури ин ҷашнвора ба замони нуфузи оини зардуштӣ пайванд мегирад. Дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ суннатҳои ҷашни Сада ба шаклҳои мухталиф зуҳур кардаанд ва ҳар яке ифодакунандаи фарҳанги миллӣ буда, мувофиқи шароитҳои иҷтимоиву таърихӣ чизе кам кардаанд ва ё афзудаанд. Ҷойгоҳи иди мазкур дар фарҳанги халқи тоҷик дар пояҳои хеле баланд меистад ва бо кӯшишҳои фарзандони фарзонаи миллат аз солҳои 90-ум дубора эҳё ва расму оинҳои марбут ба он ташвиқу тарғиб гашта истодааст.

Сада яке аз ҷашнҷои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози санаи 31-уми январ рост меояд. Он пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ истиқбол гирифта мешуд. Сада дар забони авастоӣ маънои “баромадан ва тулуъ кардан”-ро доро будааст.

Доир ба таърихи пайдоиши Ҷашни Сада таърихшиноси маъруф,  дотсент М.Файзуллоев чунин ибрози андеша намудааст: “Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абӯрайҳони Берунӣ, аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон, одатан, муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд».

Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва ойини Меҳрпарастӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҷои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст.

Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди ихтирои оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истихроҷи филиззот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, алайҳи аҳриманзодаҳову деву дадҳо аслиҳа сохт. Фирдавсӣ пазироии ҷашни Садаро аз ҷониби Ҳушанг чунин менигорад:

                                 Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,

Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳ он гурӯҳ.

                                Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

                                Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Ниёгони мо ҷашни Садаро бо шукӯҳу шаҳомати хоса зимни афрӯхтани гулхан ва дар гирди он рақсу бозӣ намудан пешвоз мегирифтанд. Дар деҷоту навоҷии Тоҷикистон то имрӯз суннати мардумии Сада бар ҷо мондааст ва бахусус деҳқонон якчанд рӯз пештар ба ҷашн омодагӣ мегиранд. Инро рамзи баракату фаровонҳосилӣ, кишту кори баҳорӣ ва истиқболи Наврӯз шинохтаанд. Дар замони шўравӣ бо сабабҷои муайян Иди Сада аз байн рафта, бино бар тағйир ёфтани тақвим дар кишвари мо дар нимаи аввали моҳи март онро ҷашн мегиранд. Бахусус, ҳар сол якшанбеи дуюми моҳи март дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол чун Иди Сада таҷлил карда мешавад. Шоири тавоно Фаррухӣ дар васфи ин иди миллӣ мефармояд:

                        Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,

Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.

 

 

Тиллохоҷаева М.Н.

декани факултети филологияи тоҷик

 

Аз назар гузарониданд:124 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар