ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





МУАРРИФИИ КИТОБИ СУРХ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар толори китобхонаи марказии донишгоҳ маҳфили муаррифии китоби тозанашри Институти тадқиқоти илмии фанҳои табиатшиносии донишгоҳ таҳти унвони “Намудҳои нодир ва маҳвшудаистодаи олами наботот ва ҳайвонот дар вилояти Суғд ” баргузор гардид. Дар маҳфил муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сабуров Х.М., директори Институти тадқиқоти илмии фанҳои табиатшиносии донишгоҳ, доктори илмҳои биологӣ, профессор Хабилов Т.Қ., доктори илмҳои биологӣ, профессор Бобоҷонова М., ходими калони илмии  Институти тадқиқоти илмии фанҳои табиатшиносии донишгоҳ, номзади илмҳои биологӣ, дотсент Тўрақулов Исоқул ва устодони факултетҳои биология ва химия, физикаю техника, геоэкология ва ғайра ширкат намуданд.

Нахуст директори китобхонаи марказӣ, дотсент Абдуллоев Р. ба сухан баромада, таъкид намуд, ки пас аз истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари муваффақиятҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ имконият пайдо намуд, ки бо қабули барномаҳои мушаххас дар самти нигоҳдории сарватҳои биологӣ ба Конвенсияи гуногунии биологӣ соли 1997 ҳамроҳ шавад ва хатто дар баъзе самтҳо бо барномарезиҳои ҳадафмандона ташаббусро дар ҷодаи нигоҳдории сарватҳои табиӣ ба дасти худ гирад, ки ин албатта боиси нуфуз пайдо кардани Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ тайи ду даҳсола гардид.  Зеро дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи муҳити зист дар баробари дигар масоили муҳими ҳаёти инсонӣ ба яке аз муаммоҳои ҳалталаби замон табдил ёфтааст. Тоҷикистон минбаъд низ дар идомаи чунин ҳадафҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ки хусусияти умумибашарӣ пайдо кардааст, талошҳои зиёдеро роҳандозӣ карда истодааст. Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сабуров Х.М. нашри китоби“Намудҳои нодир ва маҳвшудаистодаи олами наботот ва ҳайвонот дар вилояти Суғд ”-ро, ки ба сифати баланд тавассути нашриёти “Ношир” ба нашр расидааст, яке аз дастовардҳои муҳими илми дар рушди илмҳои биологӣ унвон кард.

Сипас, таҳти унвони “Роҳҳои муҳофизати намудҳои нодир ва маҳвшавандаи ширхўрони Тоҷикистони шимолӣ” директори Институти тадқиқоти илмии фанҳои табиатшиносии донишгоҳ, доктори илмҳои биологӣ, профессор Хабилов Толибҷон Қодирович маърўза кард. Дар маърўза доир ба хатари маҳфвшавии ширхўрони Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод гардида, ҳамзамон роҳҳои бартараф кардани ин омил дар Тоҷикистон бозгў карда шуд. ходими калони илмии  Институти тадқиқоти илмии фанҳои табиатшиносии донишгоҳ, номзади илмҳои биологӣ, дотсент Тўрақулов Исоқул перомуни “Хатари маҳвшавии олами растаниҳои нодир ва роҳҳои муҳофизати он дар шароити муосир” ва ҳамчунин ходими калони илмии  Институти тадқиқоти илмии фанҳои табиатшиносии донишгоҳ Каримов Ғ. Н. таҳти унвони “Истифода ва ҳифзи захираҳои моҳиҳои обанборҳои ҳавзаи Сирдарёи вилояти Суғд (ихтиофауна)”  суханронӣ карданд.

Дар қисмати музокира доктори илмҳои биологӣ, профессор Бобоҷонова М. Ба сухан баромада, доир ба аҳамияти нашри китоби мазкур фикру мулоҳизаҳои хешро иброз намуд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

Аз назар гузарониданд:97 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар