ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ ҶЎРАЗОДА ҶАМШЕД ҲАБИБУЛЛО БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2018

Истиқболи субҳи пурсаодат ва умедбахши соли нави 2018 пайи комёбӣ ва дастовардҳои соли ҷорӣ, хотираву рўйдодҳои неку созанда дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров имрўз танинандоз аст.

Тантанаи ҷамъбасти бомуваффақият ва шоистаи соли 2017, ки дастовардҳои он тавонистанд донишгоҳро ба сатҳи нави рушд ва фаъолият боло баранд, шаҳодати пешрафт ва муаррифгари ин боргоҳи илму ирфон ва нуру зиё гаштааст.

Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, ҳамчун соли таҷлили 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон ва 85-умин солгарди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, дар масири ин солҳо ҷомеаи меҳнатӣ ва муҳассилини донишгоҳ тавонистанд, ки бо кору фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ дар раванди пешрафту тараққиёти илму маориф, фарҳангу маънавиёти давлату ҷомеа саҳми арзанда гузошта, барои фардои боз ҳам ободу осудаи Ватани маҳбубамон заминаҳои мусоид ва пойдевори устувор монанд.

Дар ин сол дар самти пешбурди фаъолияти илму инноватсияи донишгоҳ 2 шўрои муштараки диссертатсионӣ, 2 шӯрои докторӣ аз рӯи ихтисос (PhD) барои ихтисосҳои иқтисодӣ ва педагогика, шуъбаи  табъу нашр шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ Шӯрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ Маркази дастгирии донишҷӯёни болаёқат ва навовар таъсис дода шуда, ҳамзамон 1 нафар рисолаи докторӣ ва 18 нафар рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуданд.

Сазовор гардидани устодони донишгоҳ Матлубаи Мирзоюнус ба  унвони Корманди шоистаи ҶумҳурииТоҷикистон, Саидмурод Ҳоҷиев ба Ордени Шараф дараҷаи II, Замира Ғаффорова ба Ҷоизаи ба номи Маҳастии Хуҷандӣ, Баҳром Мирсаидов ба Ҷоизаи ба номи Раҳим Ҷалил, баимзорасии 5 шартномаҳои ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии педагогии Москва, Донишгоҳи давлатии Оренбург, Донишгоҳи давлатии педагогии Оренбург, Донишгоҳи Латвия, Донишгоҳи Коруни Полша, ғолиби лоиҳаи ERASMUS + - EXTEND “Беҳдошти таҳсилоти инжинерӣ тавассути тайёр намудани педагогҳо ва методҳои нави педагогӣ дар Тоҷикистон ва Руссия” гардидани донишгоҳ аз намунаи маҷмўи дастовардҳои донишгоҳ мансуб меёбанд, ки дар солномаи ин боргоҳи маърифат дарҷ ёфта, туҳфаи сазовор ба истиқболи 85-солагии он гардиданд.

Бо эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар донишгоҳ як қатор иқдомҳои наҷибу созанда рўи кор омаданд. Хусусан, баргузории рўзҳои донишҷўёни вилояти Хатлон дар донишгоҳ таҳти унвони “Донишҷўён – ҷавонони ваҳдатсаро” ва қабули  ҷавонони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшони дар доираи “Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд» ба донишгоҳ ҳамчун рамзи таҳкимбахшии дўстӣ, ваҳдату якдилии тамоми ҷавонони кишвар аз ҷониби меҳмонон арзёбӣ карда шуд. Сазовори ҷойи аввал шудани магистри курси аввал Рӯзибой Баротов дар Олимпиадаи умумируссиягии донишҷӯён аз фанни математика, пирўзии Маҳина Ғаффорова – донишҷӯи соли 2-юми факултети филологияи тоҷик ва Рӯзибой Баротов – донишҷӯи курси 4-уми факултети математика дар олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ғолибияти дастаи варзишгарони донишгоҳ дар спартакиадаи анъанавии варзишии ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ва ба ин монанд дастовардҳо дар маҷмўъ боис гардиданд, ки донишгоҳ дар соли 2017 дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мақоми сеюмро соҳиб гардад.

Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи Шумо устодону кормандон ва донишҷўёнро бо фарорасии Соли нави 2018 самимона табрик гуфта, ба хонадонатон оромиву хушбахтӣ, иқболи нек ва рӯзгори осуда орзу менамоем. Ба устодон дар ҷодаи иҷрои рисолати пуршараф - тарбияи насли наврас ва пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ба донишҷўён дар масири омўзиши илму техникаи замонавӣ, комёб гардидан дар таҳсил ва расидан ба камолоти касбӣ муваффақиятро таманно мекунем.

Итминони комил дорем, ки устодону донишҷўёни мо соли навро бо дониш, малакаву заковати кордонӣ ва эҷоду тозакориҳои худ истиқбол гирифта, барои хотирнишин гардидани он кўшишу ғайрати хешро равона месозанд.

Бигзор, Соли нав – соли сулҳу ваҳдат, ҳамдиливу рафоқати тамоми инсонҳо гардад. 

 

Соли наватон муборак  бод!    

 

 

Аз назар гузарониданд:197 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар