ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





ТАҚВИЯТИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар толори раёсати донишгоҳ Конфронс баргузор гардид. Мақсади баргузории ин конфронс муайян намудани омилҳои омўзиши забони хориҷӣ, беҳтар намудани сифати таълими забони англисӣ ва ба амал татбиқ намудани “Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забони русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020”дар факултетҳои ғайритахассусӣ мебошад.

Конфронсро ноиб ректор оид ба корҳои илмӣ профессор Х. М. Сабуров ҳусни оғоз бахшид. Дар конфронс намояндагон аз донишгоҳҳои ДДҲБСТ, ДПДТТ ба номи М. Осимӣ, ДДТТ, Донишгоҳи кўҳӣ металлургӣ, омўзгорону донишҷўён ва магистрантони ДДХ ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров иштирок намуданд.

Ноибректор Х. М. Сабуров ба конфронс ҳусни ифттитоҳ бахшида, қайд намуд, ки кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ баҳри дастгирии суханҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтааст, ки доир ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ  конфронси илмӣ- методӣ ташкил намояд. Баргузории конфронси мазкур барои ивази таҷриба байни омӯзгорони мактабҳои олӣ ва мактабҳои миёна, магистрантон  хеле муфид аст.  Зеро дар конфронс на танҳо омӯзгорони донишгоҳ балки омӯзгорони мактабҳои миёна ва магистрантон фаъолона иштирок намуданд. Дар оғози конфронс мудири кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ дар мавзӯи “Ташкил ва назорати  кори мустақилонаи донишҷӯён аз фанни забони хориҷӣ дар факултетҳои ғайритахассусӣ” баромад намуд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:112 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар