ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





АСРОРИ СУХАН

«Асрори сухан» маҷмӯаи нави мақолаҳо оид ба масъалаҳои мубрами журналистика, адабиёт ва фолклор аст, ки дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд дар арафаи баргузор шудани конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Профессор Воҳид Асрорӣ – адабиётшинос ва журналисти номвар” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо дастгирии ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо мӯҳтавои хонданӣ ва сифати баланд ба табъ расидааст. Мураттибон ва муҳаррирони масъули китоб мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, адабиётшинос Субҳони Аъзамзод ва мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ҳамин донишгоҳ Дилбар Самадова барои дар сатҳи назаррас омода шудани маҷмӯаи мазкур саҳм гузоштаанд.

Ин китоб ба накӯдошти Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Воҳид Асрорӣ бахшида шуда, он натиҷаи тадқиқоти муҳаққиқонро дар ҷабҳаи адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ ва рӯзноманигорӣ дар бар мегирад. Дар китоб оид ба хидматҳои профессор Воҳид Асрорӣ дар илму фарҳанг ва тарбияи суханварону журналистон мақолаҳо ҷой дода шудаанд. Ба маҷмӯа ҳамзамон дастовардҳои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва рӯзноманигорони ҳавзаи матбуотии вилояти Суғд низ ҷой ворид гардидааст.

 

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

Аз назар гузарониданд:79 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар