ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





МУАРРИФИ КИТОБҲОИ «НОБИҒА» ВА «ТОҶИКШИНОСИ БУЗУРГ» ДАР КИТОБХОНАИ МАРКАЗИИ ДОНИШГОҲ

Дар китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров китобҳои тозанашри устодони донишгоҳ Корманди шоистаи Тоҷикистон, профессор Усмонҷон Ғаффоров Аюбҷон Усмонов «Нобиға» ва Аюбҷон Усмонов «Тоҷикшиноси бузург» муаррифӣ гардид. Дар маҳфили муаррифӣ декани факултети таърих ва ҳуқуқ, дотсент Маҳмудова Назира, профессори кафедраи таърихи Ватани факултети таърих ва ҳуқуқ Набиев Ваҳҳоб, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ, Иброҳимҷон Ҷабборов, дотсенти кафедраи таърихи Ватан Шарипов Шавкат ва дотсенти кафедраи адабиёти классики факултети филологияи тоҷик Нуров Нуралӣ ва дигарон ширкат варзиданд.  Нахуст, директории китобхонаи марказии донишгоҳ, дотсент Ромиз Абдуллоев ҳозиринро ба муносибати фарорасии солгарди зодрўзи яке аз шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ, ки имрўз ба сифати бунёдгузори таърихнигории навини тоҷик маҳбубият пайдо кардааст, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров ва инчунин ҷашни 85-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки боз ҳам дар канори он номи ҳамин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик қарор дорад, табрику муборакбод гуфта ба онҳо пирўзӣ, хонаободӣ таманно кард. Мавсуф таъкид кард, ки Дар канори ҳам қарор гирифтани ин ду санаи муҳими таърихӣ дар шинохти мақоми арзандаи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун чеҳраи барҷаста ва пурифтихори халқи тоҷик  дар ин боргоҳи бонуфузи илму маърифат, ки дар марҳалаи навин дар ростои 85-соли фаъолияти пурсамараш ба як маркази нерўманди илмӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва ҳатто минтақа мубаддал гардидааст, хеле муҳим мебошад. Зеро дар давраи соҳибистиқлолии кишвар марҳалаи тамоман нав дар арзёбии мероси гаронбаҳои ниёгон аз ҷумла асарҳои арзишманди арбоби номовари сиёсӣ, ходими барҷастаи илм, маориф ва фарҳанг аллома Бобоҷон Ғафуров шуруъ гардид, ки дар ин амали хайр хидматҳои устодони таърихпажуҳи ин муассисаи илму маърифат бениҳоят калон аст. Чаро ки ба туфайли раҳнамоиҳои академик Бобоҷон Ғафуров аксарият таърихнигорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба монанди Абдураззоқ Турсунов, Шарифҷон Ахмедов, Ҳабибулло Холҷўраев, Наримон Акрамов, Ўктамҷон Пўлотов, Абдумаҷид Қодиров, Турғун Рўзиев, Саъдулло Абдуллоев ба гирифтани унвонҳои баланд илмӣ сазовор гардиданд, ки ин албатта шоистаи қадршиносист.

Сипас, мудири кафедраи таърихи Ватани факултети таърих ва ҳуқуқ, профессор Набиев Ваҳҳоб Машрапович таҳти унвони .“Нобиға”- асари бебаҳо дар самти ғафуровшиносӣ”  суханронӣ кард. Ў китоби мазкурро яке аз рисолаҳои арзишманд дар самти ғафуровшиносӣ номид, ки дар арафаи ҷашни 85-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба нашр расидааст. Дотсенти кафедраи таърихи Ватани факултети таърих ва ҳуқуқ Шарипов Шавкат, ки бо номи “Рисолаи арзишманд дар ҷодаи ғафуровшиносӣ ва китобшиносӣ” баромад кард, дар мавриди китоби “Тоҷикшиноси бузург” фикру мулоҳизаҳои хешро баён кард. Ў аз ҷумла қайд кард, ки дар канори ғафуровшиносии тоҷик як чеҳраи нави пайдо шуд, ки ин албатта ба раванди таълифи асарҳои арзишманд дар ҷодаи рўйи андодани тадқиқотиҳо ёрмандӣ мекунад. Ин чеҳраи тоза дотсенти факултети таърих ва ҳуқуқ Аюбҷон Усмонов мебошад.

Корманди шоистаи Тоҷикистон, профессор Усмонҷон Ғаффоров ҳамчуни муаллиф доир ба арзиш ва аҳамияти китоби “Нобиға” суханронӣ кард. Дар канори ин ў ба китоби “Тоҷикшиноси бузург” баҳои баланд дода, нашри ин ду китоби арзашимандро дар арафаи ҷашни 85-солагии донишгоҳ туҳфаи арзанда унвон кард.

Дар қисмати музокираи маҳфил дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Нуралӣ Нуров суханронӣ карда ба ин ду асари тозанашр баҳои баланд дод.  

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:83 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар