ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАЙНИ ХОБГОҲҲО

Санаҳои 20-21 сенябри соли ҷорӣ бахшида ба соли ҷавонон мусобиқаҳои варзишӣ дар намуди «Шашка», «Шохмот» ва «Волейбол» дар хобгоҳои №1-2 ва 3 бо иштироки устодони факултети тарбияи ҷисмонӣ доир гардид.  
Декани факултети тарбияи ҷисмонӣ, дотсент А. Мингбоев қайд намуд, ки   аз тарафи роҳбарияти донишгоҳ ташкил кардани чунин мусобиқаҳо дар соли ҷавонон як иқдоми нек буда, ки мо низ пайаста талош менамоем, ки шумораи ин гуна мусобиқаҳо дар хобгоҳҳо ва байни факултетҳо зиёд баргузор карда шавад. Роҳбари мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати мили-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки «Варзиш гарави саломатӣ аст» ва «Ҷавонон ояндаи миллат мебошанд»,  ва устодони факултети тарбияи ҷисмонӣ низ пайваста кўшиш мекунад, ки саҳми хешро барои ҷавонон гузоранд. 
Дар ин мусобиқа аз рўи намудҳои бозии «Шашка», «Шоҳмот» ва «Волейбол» духтарони хобгоҳои №1, 2 ва 3 фаъолона иштирок намуданд. Аз рўи намуди мусобиқаи «Шашка» ва «Шохмот» аз ҳар хобгоҳ  6 нафарӣ иштирок карданд. Дар байни духтарони хобгоҳҳои №2 ва №1 Дилноза Ортиқова, Мамлакатзода Дилнавоз, Давлатзода Нигора. Сарвиноз Каримова, Мавҷуда Солиева, Ҷаннатой Назирова, Нигина Юлдошева, Моҳсанам Юлдошева дар намуди бозии «Шоҳмот» қувваозмоӣ намуданд. Бозии «Шоҳмот» бо талошҳои зиёд анҷом ёфта, дар он Дилноза Ортиқова ғолиб гардид. Бозии «Шашка» Моҳсанам Юлдошева ҳал гардид. Дар натиҷа духтарони хобгоҳи №2 даст боло гардиданд. Мусобиқаи варзишӣ тариқи дўстона ва хотирмон гузашт. 
Дар намуди гурӯҳӣ духтарони хобгоҳи №1, дар мусобиқаи «Шохмот» ҷойи аввалро соҳиб шуданд. Бояд ёдовар шавем, ки дар мусобиқаи «Волейбол» 3 гурўҳ ҷавондухтарон аз ҳар сеи хобгоҳ 6 нафарӣ иштирок намуданд. Ин намуди варзиш барои ҳар як шахс имконият медиҳад, ки чусту чолокии худро аз даст надода, нисбати гурўҳи муқобил фаъолии худро бояд нишон дод.  Ба ин намуди мусобиқа барои ҳар гурўҳ 45 дақиқа вақт ҷудо карда шуд. Дар давоми ин дақиқаҳо гурўҳо байни худ бозӣ менамуданд, ки дар натиҷа духтарони хобгоҳи №3 нисбати ду гурўҳи дигар комёбиро ба даст оварданд. Ин пирўзӣ ба ҳар гурўҳ имконият медиҳад, ки дар оянда низ шумораи  мусобиқаҳо бештар мегардад ва эшон фаъолона иштирок менамоянд. 
Мақсад аз баргузории ин гуна чорабиниҳо баланд бардоштани савияи дониш, маҳорат, малака ва ҷаҳонбинии донишҷўён, дарёфт намудани чеҳраҳои нав,  ҷавонони боистеъдод дар ҷодаи варзиш мебошад. Дар замони ҷаҳонишавӣ боз доштани ҷавонон аз ҳар гунна роҳои номатлуб, шомилшавии онҳо ба гурўҳои ифротгароӣ, тарбия намудани насли наврас дар рўҳияи ватандўстию  хештаншиносӣ мебошад. 
  Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:210 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар