ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





ИХТИРООТИ НАВ ДАР ДОНИШГОҲ

Ихтироъ - ин навигарӣ ва ё худ комёб гардидани олим дар натиҷаи заҳмату талошҳои чанд моҳаву солҳо нисбат ба як дастовард мебошад. Ихтироъ бештар дар соҳаи фанҳои дақиқ, ба мисли техникаҳои гуногун ва ё ягон номгўи ашёҳои мухталиф мебошад. 
Имрўз дар тамоми кишварҳои олам олимон ба ихтироъкорӣ рў овардаанд ва дар кадом мамлакате, ки шумораи ихтироъ аз тарафи олимону мутафаккирони соҳа кашф шуда бошад, ҳамон кишвар пешрафт, зиндагии мардум орому осуда шуда, истеҳсолот ва иқтисодиёти он рушд мекунад. 
Донишгоҳи мо, аз ҷумлаи он боргоҳҳои илму маърифат дар кишвар ба ҳисоб меравад, ки бо олимону профессорон ва номзадҳои илми худ, пайваста дар пайи эҷод ва ихтироъи нав мебошад. 
Айни ҳол доир аз фанни дақиқ созмони  ихтироъкорон  ва навоварон амал мекунад, ки онро профессор, Академики академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Масаид Шерматов роҳбарӣ менамояд. Созмони ихтироъкорон ва навоварони (СИН) донишгоҳ мувофиқи нақшаи кори худ амал карда, ҳоло 87 нафар ихтироъкорон ва навоварон ба фаъолияти зеҳнӣ равона карда истодааст, ки аз онҳо 3 нафар занон, устодон, магистрантону донишҷўён ба ихтирокорӣ машғул мебошанд. Дар соли 2017 созмони мазкур 2 ихтироъ ба даст овард:
1. “Генератори худбарангезандаи ҷараёни электрии доимӣ”
2. “Нерўгоҳи обии барқии бесарбанд”
Ин ихтироҳо ба профессор Масаид Шерматов мансуб мебошад, ки ў дар кишвар ва берун аз он беш аз 35 номгўи ихтироъҳои гуногун дорад, ки ҳар яки он ба соҳаҳои хоҷагии халқ равона гардидааст. 
Яке аз ин ихтироъҳо дар соли 2017: а) “Генератори худбарангезандаи ҷараёни электрии доимӣ”- мебошад, ки он аз оби беҳаракат истеҳсол кардани  нерўи барқӣ бо усули сохтани нерўгоҳи  барқии обӣ дар оби беҳаракат мебошад. 
Ҳангоми ҳамсўҳбат шудан бо муаллиф, оид ба шарҳи ихтирои якум пурсон шудем, ки олими нуктасанҷу ихтироъкори мо М. Шерматов чунин ибрози андеша намуданд:
-Агар ду электроди металиро (ноқилро) ба ҳар гуна оби ором (беҳаракат)  ғўтонем, ҷараёни электрикӣ ҳосил мешавад.Агар чунин ҷуфти электродҳоро миллионҳо дона  шумораашро расонем, энергияи электри миллионҳо маротиба зиёд мешавад.  
Дар ихтироъи дуюм, олим М. Шерматов оид ба мавзуъи: “Нерўгоҳи обии барқии бесарбанд” – нуқтаи назари хешро баён намуд:
-Барои мо одат шудааст, ки пеши оби ҷорӣ шудаистодаро баста, баландии онро ба зиёдшавӣ мусоидат мекунем. Баъд аз чунин баландӣ  обро ба парраи нерўгоҳ барои чарх занонидан сар медиҳем. ки ин Парраи нерўгоҳ  ба генератори электрӣ пайваст буда,  онро ба ҳаракат медарорад ва сабаби бунёди энергияи  электрӣ мегардад.
Оби дарё бошад аз баландиҳо ба пастӣ меравад, агар мо пеши дарёро набаста, аз баландии он ба пастӣ обро якбора сар диҳем, онгоҳ ба сохтани сарбанд (плотина) эҳтиёҷ намемонад.
Бояд зикр намуд, ки айни ҳол дар Созмони мазкур 16 нафар устодон, олимон ва магистрантон ҷалб шудаанд, ки  ҳар яки онҳо соҳиби як то ду ихтироъ мебошанд. Аз ҷумла А. Абдуманнонов, доктори илмҳои физика ва математика, А. Домуллоҷонов, н.и.ф. дотсент, М. Маҳмудов, С. Ёқубов, С. Ҳакимхўҷаев, Р. Валиев ва магистрантон М. Зарипова, Б. Қаландаров. Г. Раҳимова, Ҷ. Имомов, Ф. Азизов ва М. Раҳимова аз зумраи эшон мебошанд. 
Ҳамчунин, ҳайати эҷодӣ ва кулли олимону ихтироъкорон оид ба шарҳи ихтироъкорӣ ва ҷараёни омўзиши он барои донишҷўҷипасону духтарони хобгоҳҳои 1-2-3 ва 9 вохўриҳо ташкил намуда, аз нозукиҳои ихтироъкорӣ барои донишҷўён маълумот доданд.  
 
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
                  
 
 
 
Аз назар гузарониданд:243 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар